АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД

Санаи 10–уми январи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ таҳти раёсати раиси ноҳия Хайрулло Бобозода ҷаласаи васеи фаъолони ноҳия баргузор гардида, натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар давоми соли сипаригаштаи 2025 мавриди баррасии қарор дода шуд.

Дар маҷлис намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд- сардори раёсати кишоварзии вилоят Умруддин Қосимзода, муовинони раиси ноҳия роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шӯъбаву бахшҳои ноҳия инчунин фаъолон иштирок намуданд. Нахуст муовини якуми раиси ноҳия Иноятулло Бурҳонзода ҳисоботи раиси ноҳияро ба ҳозирин ироа намуд. Сипас номояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Умруддин Қосимзода ба сухан баромада ҳисоботи Раиси ноҳияро доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар соли 2025 хуб арзёбӣ карда аз ҷумла чунин гуфт: Ҳамаи он дастовардҳое ки дар соли 2025 ба даст омад моли мост, аммо дар ин замина ҳар як масъул ва фаъоли ноҳия бояд дар атрофи роҳбар сарҷамъ гардида, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва баҳри боз ҳам бадаст овардани натиҷаҳои арзанда талош намояд . Номбурда аснои суханронӣ ҷиҳати тақвияти корҳои ободонию созандагӣ дар ноҳия, рушди соҳаи кишоварзӣ,аз худкунии заминҳои бекорхобида, самаранок истифодабарии нерӯи барқ омодагиҳо баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35 -солагии Истиқлоли давлатӣ ва дигар масъалаҳои муҳим изҳори назар кард.

Дар рафти маҷлис Раиси ноҳия аз фаъолияти соҳаҳо ва  масъулин, аз ҷумла соҳаи маориф ва тандурустӣ пурсиш ба амал овард.

Пас аз баррасии натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ноҳия дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026, Раиси ноҳия ба масъулин ҷиҳати созовор истиқбол намудани 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ ва тақвияти корҳои ободонию созандаги дар ноҳия, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷалби насли наврас ба китобхони, инчунин иштироки хонадагон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, бештар намудани вохӯриҳо ва тақвияти корҳои идеологи дар байни аҳолӣ, тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ миёни ҷавонон ва ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, рушди фарҳанг, кам кардани талафоти нерӯи барқ ва оқилона истифодабарии ҳар порча замин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

ПАЁМИ КӮҲИСТОН

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *