ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ БОБОЗОДА ХАЙРУЛЛО БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ

Муҳтарам кормандони мақомоти амнияти миллӣ!

Собиқадорон соҳа

Ҳамдиёрони азиз

Бо камоли ифтихору эҳтиром тамоми кормандони мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиқадорони соҳаро ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ табрику муборакбод гуфта барояшон тансиҳатӣ, умри босаодат, рӯзгори ободу осуда ва дар фаъолияти босамару пурмасъулияташон баҳри ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон, таъмини волоияти қонун ва суботу амният барору комёбӣ орзу намуда, барои саҳми арзандаашон дар барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ, эъмори давлати демократӣ ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона изҳори сипос ва миннатдорӣ баён менамоям. Воқеан  кормандони амният дар таъмини якпорчагии кишвар, пойдории истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи марзу буми диёри азизамон диловарии бемисл нишон дода, борҳо собит намудаанд, ки хизмат ба халқу кишвари азиз, пуштибонӣ аз сулҳу оромӣ вазифаи асосӣ ва қарзи муқаддастарин мебошад.

Ба хотири арҷ гузоштан ба заҳматҳои фидокоронаи ин ниҳод шурӯъ аз соли 2011 дар Тоҷикистон 28 декабр Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ таҷлил мешавад. Он соли 2011 бо Фармони Президенти Тоҷикистон ба ифтихори таҷлили 20-умин солгарди ташкили Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис шудааст.   Таҷлили Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз идҳои пурифтихор ба ҳисоб меравад. Зеро ки кормандони мақомоти амният дар ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими пояҳои Истиқлолият, таъмини амнияти миллӣ, сулҳу оромӣ, ваҳдату ҳамбастагӣ, ҳаёти  орому осуда  ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ саҳмгузор мебошанд. Ҷоннисориву талошҳои шоистаи ҳар як корманди мақомот дар ин ҷодаи пуршараф аз ҷониби ҳам давлат ва ҳам ҷомеа ба хубӣ эҳсос мегардад. Ба ин маънӣ Сарвари давлатамон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон таъкид намудаанд: «Мардуми Тоҷикистон аз заҳмату хизмати шабонарӯзии Шумо – кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ сипосгузор аст ва ҳукумат низ ин ҷасорату фидокории шуморо дар роҳи дифои манфиатҳои Ватану миллат ҳамеша баланд қадрдонӣ мекунад». Ҳаминаст, ки  бо дастгири ва дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари мамлакат барои ин ниҳоди пурқудрат яъне мақомоти Амнияти миллӣ тамоми шароитҳои кори фароҳам  гардида ва ба кормандони ин ниҳод  имконият ва имтиёзҳои давлатӣ пешбини гардидааст. Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ яке аз ноҳияҳои дурдасти мамлакат ба ҳисоб меравад. Бо дастгириву ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ноҳия бинои Шуъбаи Кумитаи давлати амнияти миллӣ бо тарҳи муосири меъмори сохта шуда, барои кормандони ин ниҳод шароити арзандаи кори муҳайё карда шудааст.  Мақомоти амният солҳои охир дар қаламрави кишвар барои таъмини амнияти давлату миллат, суботи сиёсӣ, инчунин мубориза алайҳи тамоми зуҳуротҳои номатлуб аз ҷумла мубориза бо терроризму экстремизм ва ифротгароии мазҳабӣ гоми устувор дошта, ҷиҳати як порча нигоҳ доштани Тоҷикистон ва ҳифзи арзишҳои миллату давлати Тоҷикистон ҳамеша дар сафи аввал кору фаъолият намудааст.

Бо истифода аз фурсати муносиб тамоми кормандони мақомоти Амният, собиқадорони дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ буда, инчунин кулли кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи иди касбияшон самимона табрик намуда, дар ин рӯзи фархунда ва муборак ба кулли кормандони макомоти амнияти миллӣ тансиҳатӣ, умри босаодат, рӯзгори ободу осуда ва дар фаъолияти босамару пурмасъулияташон баҳри ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон, таъмини волоияти қонун ва суботу амният барору комёбӣ орзу намуда, барои саҳми арзандаашон дар барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ, эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона изҳори сипос ва миннатдорӣ баён менамоям.

Бори дигар ҷашни касбӣ ва Соли нави мелодӣ бароятон мубораку фархунда бод!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *