ҲАДЯҲОИ СОЛИНАВӢ БА ДӮРСТРӮЯКОН ДАР КӮҲИСТОН
Рӯзи 26 декабри соли 2025 Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло якҷо бо вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Айнӣ, №22 Қиёмиддин Давлатзода, сардории Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш вилояти Суғд Исматзода Бахтиёр дар шаҳраки Меҳрон чанде аз дӯрстрӯякони ятим бепарастор ва ниёзмандро аёдат намуданд. Аснои вохӯри Раиси ноҳия ва ҳайати ҳамроҳон кӯдаконро ба омад- омади соли нави мелодии 2026 табрик намуда ба онҳо тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим намуданд.
Ҳамгоми сӯҳбат ва ироаи табрикот Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло таъкид кард, ки дар саросари мамлакат дар асосии дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми кӯдакон ятим, ниёзманд бепарастор ҳамаҷониба зери ғамхори ва тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар баробари ин дар ноҳияи дурдасти мо низ ба Шумо дӯрстрӯякон чунин шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар ин росто танҳо вазифаи шумо бо баҳои хубу аъло хондан ва дар оянда соҳибкасб шудан мебошад гуфт мавсуф.
Ҳамчунин дар ин рӯз дар баробари ҳадяҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ рақами 36 воқеъ дар шаҳраки Меҳрон дастурхони солинавӣ барои дӯрстрӯякон ороста шуда буд, ки ин раванди тақдими тӯҳфаҳо дар сари дастурхони идона хотири кӯдаконро шод намуд. «ПАЁМИ КӮҲИСТОН»


