БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ ПАНҶУМИ (даъвати ҳафтум)-и МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ
Санаи 26 декабри соли 2025 дар шаҳраки Меҳрон маркази маъмурии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, Иҷлосияи панҷум (даъвати ҳафтум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳия доир гардид. Дар кори иҷлосия Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Исматзода Бахтиёр, муовинони раиси ноҳия, вакилон ва дигар фаъолони ноҳия ширкат доштанд. Дар иҷлосия асосан ҳашт масъалаҳои зерин баррасӣ карда шуданд. Аз ҷумла: Ҳисоботи Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар соли 2025 ; Дар бораи қабули буҷети ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои соли 2026; ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба масъалаҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва буҷет; тағйиру иловаҳо ба буҷети ноҳия дар соли 2025; ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии «Ғаз» №11 оиди ваколатҳои вакилиаш дар ҳавза; дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмии алоҳида дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ; дар бораи тасдиқ намудани Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои солҳои 2026-2030; тасдиқи қарорҳои қабулнамудаи раиси ноҳия муфассал барраси карда шуданд .
Тибқи муқаррарот рӯзномаи иҷлосия ба тартиби муайян таҳлилу баррасӣ шуда, дар ин бобат қарорҳо дахлдор қабул карда шуданд.
Дар анҷоми Иҷлосияи панҷум (даъвати ҳафтум) и Маҷлиси вакилони халқи ноҳия намояндаи Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Исматзода Бахтиёр суханронӣ намуда дастовардҳои ноҳияро дар соли 2025 хуб арзёбӣ кард. Аснои сӯҳбат ба соҳаи кишоварзии ноҳия таваҷҷӯҳ карда, иброз дошт,ки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар парвариши картошка ва таъмини он ба бозорҳои кишвар саҳми калон дорад. Соли равон кишоварзони ноҳия ҳосили хубу назарас ҷамъовари карданд. Ҳамчунин изҳори умедворӣ кард, ки дар аҳли заҳмати ноҳия дар ҳамбастагӣ бо фаъолон ва кишоварзони ноҳия корбари намуда, дар остонаи таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҳарсола дида бештар картошка истеҳсол менамоянд.
Ҳамчунин Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло суханронӣ намуда, аз масъулину фаъолон даъват ба амал овард, ки дар ҳамбастагӣ ҷиҳати иҷрои амру фармонҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарору супоришҳои Раиси вилоят муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода дар якҷоягӣ корбари намуда барои некӯаҳволии сокинони ноҳия содиқонаву софдилона корбари намоем.
» ПАЁМИ КӮҲИСТОН»


