ВОХӮРИИ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛӢ БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ
26 -уми декабри соли 2025 дар толори муассисаи таълимии рақами 36 воқеъ дар маркази маъмурии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ шаҳраки Меҳрон вобаста ба шарҳу тавзеҳи мӯҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Айнӣ, №22 Қиёмиддин Давлатзода бо интихобкунандагон баргузор гардид.
Дар вохурӣ раиси ноҳия Хайрулло Бобозода, муовинони раиси ноҳия, мудирони шӯъбаву бахшҳо, инчунин фаъолону кормандони касбу кори гуногун ва ҷавонон иштирок намуданд. Нахуст раиси ноҳия Хайрулло Бобозода суханронӣ намуда иброз дошт, ки Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамасола ба маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад дастур ва роҳнамо ба ҳама самтҳои хоҷагии халқ буда барои сатҳи зиндагии шоистаи ҳама қишрҳои ҷомеа равона гардидааст.
Дар идома вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Айнӣ, №22 Қиёмиддин Давлатзода
Зимни вохӯрӣ Қиёмиддин Давлатзода оид ба нуктаҳои асосӣ, самтҳои афзалиятнок ва вазифаҳои калидии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода, аҳаммияти онро дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, беҳтарсозии сатҳу сифати зиндагии мардум ва таъмини суботи ҷомеа масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, таваҷҷуҳи махсус ба соҳаи маориф, беҳтар намудани шароити фаъолияти омӯзгорон, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ, инчунин тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ ҳамчунин оид ба масъалаҳои марбут ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, рушди инфрасохтор, таъмини ҷойҳои корӣ, истифодаи самараноки захираҳои маҳаллӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ таъкид намуд.
Ҳамчун дар вохӯрӣ интихобкунандагон бо пешниҳоди саволҳо оид ба беҳтар гардидани шароити зисту зиндагонии сокинон ба вакил муроҷиат намуданд Вакил ба саволҳои сокинон посухҳои муфассал дода, ҷиҳати баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои матраҳгардида дар доираи ваколатҳои худ изҳори омодагӣ намуд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳамин рӯз вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Айнӣ, №22 Қиёмиддин Давлатзода бо интихобкунандагон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1 деҳаи Оббурдони Ҷамоати деҳоти ба номи Иван-тоҷик баргузор гардида нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинон расонида шуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ таъкид гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳими роҳнамо барои тамоми қишрҳои ҷомеа хизмат намуда, иҷрои саривақтӣ ва босифати он саҳми ҳар як шаҳрвандро тақозо мекунад.


