ҚАҲРАМОНОНИ ВАТАН ҲЕҶ ГОҲ НАМЕМИРАНД ЁДИ ОНҲО ҲАМЕША ЗИНДА ХОҲАД МОНД.
Хабари ба шаҳодат расидани 2 нафар хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯзбеков Зиреҳбон Нағзибекович ва Қурбонов Исматулло Ғуломович, ки санаи 23 декабри соли 2025, соати 23:30 дақиқа се нафар аъзои ташкилоти террористӣ дар минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии №5-и «Боғ», Отряди сарҳадии 0341 «Сарчашма», воқеъ дар мавзеи Қавоқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин сарҳади давлатиро убур карда, аз Афғонистон ба хоки Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуданд.
Дар натиҷаи сари вақт амалӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ соати 11:15 дақиқаи рӯзи 24 декабри соли ҷорӣ макони ҷойгиршавии террористон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуда зимни задухӯрди мусаллаҳона ва пешгирии ин амали террористӣ ин ду нафар ҳалок гардиданд, сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро сахт андуҳгин намуд. Ин амали ноҷавонмардонае, ки аз ҷониби гурӯҳи террористӣ содир гардид кули мардуми ноҳия маҳкум намуда ба аҳли пайвандону хонадони шаҳидгашта сабри ҷамил хоҳонанд. Ва ёду хотираи Наврӯзбеков Зиреҳбон Нағзибекович ва Қурбонов Исматулло Ғуломович, ки дар роҳи ҳифзи марзу буми кишвар қаҳрамонӣ нишон дода ҳалок гаштанд ҳамеша боқи хоҳад монд
Руҳатон шод бод ҚАҲРАМОНОНИ ШУҶОЪУ ДАЛЕРИ ВАТАН


