ҚАДРШИНОСИИ ҚАЛАМКАШОН

0
14

Таҷлили рӯзи Матбуоти тоҷик дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Санаи 13-уми марти соли 2023  бахшида ба 111-солагии рӯзи Матбуоти тоҷик дар маҷлисгоҳи бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, бо иштироки Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло, мудирони шуъбаву бахшҳои ноҳия, ва рӯзноманигорону собиқадорони матбуот ва  аҳли қалам ҷамъомад доир гардид.

Нахуст раиси ноҳия  Бобозода Хайрулло аҳли қалами ноҳияро ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик табрик намуда аз таърихи пур аз шебу фарози Матбуоти тоҷик ёдовар шуда нақши матбуот ва Васоити ахбори оммаро дар ҳама давру замон муҳим арзёбӣ кард.  Таъкид намуд, ки дар замони 31-соли соҳибистиқлолии мамлакат дар баробари дигар соҳаҳо Васоити ахбори омма низ рушд карда имрӯз тамоми шароити арзандаи корӣ барои аҳли эҷод  муҳайё  гардидааст. Раиси ноҳия дар идомаи суханрониаш иброз дошт,ки дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ягона рӯзномаи ноҳиявӣ бо номи «Паёми Кӯҳистон» амал мекунад, ки ҳамагӣ пас аз як соли таъсисёбии ноҳия соли 1997 аввалин шумораи он нашр гардидаву тули  26-сол аст, ки ҳаёту рӯзгор ва кору пайкори ҳаррӯзаи мардуми Кӯҳистонро инъикос намуда  дар рушди маънавиёти сокинони ноҳия нақши худро гузошта истодааст. Ва дар идомаи суханронӣ аз фаъолияти рӯзноманигорон ва аҳли қалами ноҳия изҳори қаноатмандӣ карда, аз адибон ва аҳли қалам даъват ба амал овард, ки дар канори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия чун ҳамеша устувор бошанд ва минбаъд низ баҳри инъикоси воқеъа ва рӯйдодҳои ноҳия беғаразона қаламкашӣ карда, инчунин дар рушди маънавиёти мардум ҷиҳати ҳифзи арзишҳои миллӣ ва густариши ватандӯстӣ хештаншиносии сокинони ноҳия  мақолаҳои ҷолибу созандаи бештаре табъу нашр намоянд. Дар поёни чорабинӣ рӯзноманигорон, собиқадорони соҳа  ва аҳли қалами ноҳия бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Ёдовар мешавем ки ҳамасола 11-март дар саросари мамлакат ҳамчун рӯзи Матбуоти тоҷик,  ба ифтихори нашри нахустин рӯзномаи тоҷикӣ, ки ҳанӯз (11.03.1912) бо номи «Бухорои Шариф»  рӯи чоп омадаст таҷлил карда мешавад.  Айни замон  дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ як рӯзнома бо номи «Паёми Кӯҳистон» ва сомонаи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия «kuhiston.tj»   амал мекунанд, ки ҳамарӯза рӯйдодҳо ва воқеаҳои ноҳияро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма»  таҳия ва нашр менамоянд.

Саидвоҳиди Қосим