НОМАИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ БОБОЗОДА ХАЙРУЛЛО БА МУНОСИБАТИ ИДИ КАСБИИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА

0
31

Муҳтарам кормандони мақомоти Прокуратура,  ҳамаи Шуморо ба муносибати Иди касбӣ, ки ҳамасола санаи 14 март таҷлил карда мешавад, табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо тансиҳатӣ, рӯзгори ободу осуда ва дар иҷрои вазифаҳои масъулиятноку шарафманд, яъне ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгириву мубориза бар зидди ҷинояткорӣ комёбиҳо орзумандам.

   Давлат ва аҳли ҷомеа  бо боварии том дар назди мақомоти Прокуратура вазифа гузоштааст, ки ҳуқуқи иҷтимоии онҳоро таъмин ва захираҳои давлатии молиявию моддиро ҳифз намояд. Боиси қаноъатмандист, ки кормандони мақомоти Прокуратура вазифаҳои аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошташударо дар самти таъмини волоияти қонун, назорати риояи дақиқ ва якхелаи қонунҳо, назорат ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳимояи манфиатҳои давлатро сарбаландона иҷро мекунанд.

Кормандони Прокуратура дар даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон санҷишҳои  таърихиро паси сар намуда, дар таъмини амнияти давлату миллат саҳми арзанда гузошта, борҳо исбот намудаанд, ки барои онҳо арзишҳои Ватан, Истиқлолият, Ваҳдат волою муқаддасанд.

Пешвои муаззами  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намуданд, ки  «Вазифаи аз ҳама муҳим – таъмини амнияти давлату миллат ва ҳифзи суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳамагуна таҳдиду хатарҳои берунӣ, таъмини волоияти қонун, пешгири намудани амалҳои номатлуб ва тартиботи ҷамъиятӣ, инчунин назорати риояи дақиқӣ қонунҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба зиммаи мақомоти Прокуратура вогузор гардидааст».

Кормандони мақомоти Прокуратура ба касбу кори худ вафодор буда, таъмини амнияти шаҳрвандонро аз ҳар гуна манфиатҳои шахсиву гурӯҳи аълотару авлотар медонанд.

Дар ин ҷода ғамхори нисбати кормандони мақомоти мазкур, ки ҳамеша бо мардум ва дар ҳифзи манфиатҳои халқу давлат ҳастанд, аҳамияти хосса пайдо мекунад. Мо низ дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва тибқи имконият барои фароҳам овардани шароити кори барои кормандони мақомоти Прокуратура низ кӯшиш карда, ҳамаҷониба онҳоро дастгирӣ менамоем.

Итминони комил дорам, ки Шумо бо дарки баланди масъулият, ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ вазифа ва ӯҳдадориҳои ба зимадоштаи  хешро иҷро менамоед.

Дар охир ҳамаи Шумо – кормандони мақомоти Прокуратура, собиқадорони соҳа ва ҳомиёни ҳуқуқро бо фарорасии Иди касбиатон самимона табрик гуфта, ба Шумо умри дароз тани сиҳату саломатии бардавом ва дар иҷрои рисолати пӯршарафатон  муваффақиятҳо таманно дорам.

РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА МУБОРАК БОШАД!