Номаи табрикотии Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик

0
33

Муҳтарам рӯзноманигор ва қаламкашон!

Шуморо ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик,  ки ҳамасола 11-март таҷлил карда мешавад самимона табрик намуда, бароятон тани сихат, рӯзгори хуш ва комёбиҳои беназирро таманно дорам.

Матбуот — оинаи зиндагӣ ва сарчашмаи маънавиёту маърифатпарварӣ мебошад. Иди касбии рӯзноманигорон ва қаламкашони тоҷик ба ифтихори нашри нахустин рӯзномаи тоҷикӣ бо номи «Бухорои Шариф», ки ҳанӯз 11-марти соли 1912 нашр шудааст, маҳз дар ин сана таҷлил мешавад. Таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати фарҳанпарваронаи   Роҳбари давлат аз соли 1994- инҷониб бо шукуҳу  шаҳомати  хоса ва бо қадршиносӣ аз аҳли қалам ҷашн гирифта мешавад. Дар ҳама давру замон матбуот ва дигар васоити ахбори омма зарур буда, нақшу мақоми он доимо пойдор мебошад. Бояд гуфт, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат  матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма, хеле рушд кардааст. Пеш аз ҳама тибқи қонунҳои Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла қонун «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма»  ба тасвиб расида тибқи он дар қаламрави кишвар матбуоти ва дигар воситаҳои ахбори омма озодона фаъолият намуда истодаанд.  Ҳамин аст, ки дар даврони беш аз 30-соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон садҳо рӯзномаву маҷаллаҳои давлатию хусусӣ ва шабакаҳои радиову телевизион рӯи кор омада ҳамарӯза барои мардуми кишвар хабару гузоришҳо нашр мекунанд.

Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз зумраи ноҳияҳои дурдасти Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ин ноҳия бо дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони истиқлолияти давлатӣ таъсис ёфт. Ин минтақаи кӯҳистонии меҳан низ имрӯз аз вуҷуди васоити ахбори омма бархурдор мебошад. Соли 1997 ҳамагӣ пас аз як соли таъсисёбии ноҳия рӯзномаи ноҳиявӣ бо номи «Паёми Кӯҳистон»  ба кор шурӯъ кард. Фаъолияти ин ҷаридаи маҳаллӣ то кунун идома дорад ва чун оинаи кӯҳсор дар саҳфаҳои худ кору зиндагии мардуми Кӯҳистони Мастчоҳро то ба имрӯз инъикос карда истодааст.  Қаламкашони ин рӯзнома вобаста ба имкониятҳои маҳал  фаъолият ва рӯзгори мардуми ин ноҳияи дурдастро ба қалам кашида дар рушди маънавиёт сокинони ноҳия саҳми хешро гузошта истодаанд.

Дар тули фаъолияти беш аз 25- солаи рӯзномаи ноҳиявии » Паёми Кӯҳистон»   хабарнигорон ва рӯзноманигороне дар он кор кардаву соҳибмалака ва соҳибмактаб шуданд. Аз ҷумла шодравон Абдулло Фозил,ки 20- сол масъулияти муҳарририи рузномаро ба зима доша, дар айёми корӣ,  садҳо мақолаҳои ҷолиб нашр карда инчунин муаллифи беш аз 10 китобҳои назмию насри мебошад. Дар радифи ӯ дигар мухбирони варзида кор карда ва имрӯз ҳатто дастпарварони ӯ низ кори рӯзномаро пеш бурда истодаанд.

Бо истифода аз фурсат бори дигар ҳамаи Рӯзноманигорон ва аҳли қалами ноҳияро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва шахсан аз номи худам табрику таҳният гуфта, ба Шумо дар ҷодаи эҷод, қалами бурро ва ҳақиқӣ, инчунин дар кору пайкоратон музаффариятҳои нав ба нав орзумандам.

Иди касби муборак бошад Рӯзноманигорон ва қаламкашони ноҳия!