Иҷлосияи чордаҳум (даъвати шашум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ доир шуд.

0
64

Санаи 10 уми марти соли 2023 дар маркази маъмурии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ шаҳраки Меҳрон Иҷлосияи чордаҳум (даъвати шашум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ доир шуд.

Дар кори иҷлосия Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло,  намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар  вилоят  Нодирӣ Шермаҳмад, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, шўъбаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва шахсони дигари ба масъалаҳои  иҷлосияи имрўза дахлдор   иштирок намуданд. Иҷлосия бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида пас аз таъиноти котибот дар  рӯзномаи иҷлосия масъалаҳои зерин: рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели 2021, №114, “Дар бораи Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳазӣ таълимӣ барои солҳои 2021-2025”, ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба масъалаҳои маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, ҳисоботи вакил аз ҳавзаи интихоботии №20 Фатҳуллоев Шукур Ҳидоевич, оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ ва тасдиқи қарорҳои қабулнамудаи раиси ноҳия барраси гардиданд. Нахуст аз рӯи масъалаи якум, оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели 2021, №114, “Дар бораи Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳазӣ таълимӣ барои солҳои 2021-2025”.      Гулҷаҳон Вазирова  муовини раиси ноҳия вакил аз ҳавзаи интихоботии № 9 баромад намуда иброз дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ якҷо бо сохторҳои дахлдор баҳри амали шудани бандҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ   барои солҳои 2021-2025” ва барои ҳалли масъалаҳои дар маҳал ҷойдошта чораҳои заруриро андешида баҳри иҷрои қарори мазкур қарори раиси ноҳия аз 14.06.2021 №140 ба тавсиб расидааст. Номбурда ҳамчунин баён  дошт, ки татбиқи барномаи мазкур баҳри таёр намудани кадрҳои баландихтисоси ба талаботи ҳозиразамон  ҷавобгӯ мусоидат менамояд. Дар давоми солҳои 2021-2022, 2 озмоишгоҳ ва 12 адад кабинетҳои фаннӣ харидорӣ ва таҷҳизонида шудааст, ки иҷроиши нақша мутаносибан 66 % таъмин карда шуда кор дар ин самт идома дорад.

Оид ба  масъалаи дигари  рўзнома раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ  оид ба масъалаҳои маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии № 16  Одинаев Маҳмадшариф баромад намуда иброз дошт,ки баҳри ислоҳот ва азнавсозии муассисаҳои таълимӣ солҳои охир корҳои назаррас ба сомон расонида шуда  истодааст. Дар ноҳия 3 маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 67 нафар кӯдакон фаъолият мебарад. То ин дам хонандагони аз таҳсил берунмонда ба қайд гирифта нашудаанд. Ҳамчунин дар назди шуъбаи маорифи ноҳия маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар 10 гуруҳ бо фарогирии 150 нафар хонандагон амал карда истодааст. Дар соли 2022 се майдончаи хурди варзишии намуди футболи хурд дар деҳаҳои Оббурдон, Пастиғав ва Виткон бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия корҳои лоиҳакашӣ рафта истода, дар муҳлатҳои муқараргардида ба истифода дода мешавад. Дар оянда низ корҳои ободониву созандагони дар самти сиёсати ҷавонон ба роҳ монда мешавад. Идомаи кори иҷлосия тибқи муқаррарот сурат гирифта,  ҳисоботи вакил, аз ҳавзаи интихоботии  №20 Фатҳуллоев Шукур  оиди ваколатҳои вакилиаш дар ҳавза, оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ ва лоиҳаи қарорҳои раиси ноҳия, аз иҷлосия то иҷлосияи навбатӣ ва дигар масалаҳои пешбини шуда ба тартиб баррасӣ карда шуданд.

Дар охир Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло аз вакилон даъват ба амал овард, ки дар ҳамбастагӣ бо масъулину фаъолони ноҳия ҷиҳати иҷрои амру дастурҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни интихобкунандагон мунтазам   корбарӣ намоянд. Ва барои ҷалби ҷавонон ба даъвати баҳорона ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни интихобкунандагон корбарӣ намуда ҳамчунин баҳри омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ, пешвозгирии ҷашни байналмилалии Наврӯз ва корҳои ободонӣ дар маҳал, ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаркатҳои иртиҷоӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва ҷалби ҷавонон ба омӯзиши илмҳои муосир,   корбарӣ намуда саҳми худро гузоранд.