Модар – сарчашмаи меҳру саодат

0
180

Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ саҳми занону бонувони мо барои эҳё намудан ва тараққи додани ҳунарҳои мардумӣ ва ба ҳамин роҳ муҳайё кардани ҷойҳои кори барои бонувони хонашин басо арзишманду назаррас мебошад. Бо амали гардидани чунин иқдом ҳукумати мамлакат мавқеи занонро дар рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ таҳким бахшида, барои истифодаи нерӯи бунёдкоронаи онҳо заминаи устувор фароҳам месозад.

Занону модарон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар низ софдилонаю содиқона хизмат намуда истодаанд.

 

Истиқлолият барои мардуми тоҷик шароит фароҳам овард, ки дар ҳама самтҳои хоҷагии халқ мавқеъ ва ҷойгоҳи худро ба даст оварад. Боиси хушнудиву фараҳмандист, ки дар давоми 31 соли соҳибистиқлолии кишвар дар баробари мардон занон низ дар ҷомеа соҳиби обруву эътибори хоса гардида Занону модарон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар низ софдилонаю содиқона хизмат намуда истодаанд. Ҳамасола ҷашн гирифтани Рӯзи модар аз он шаҳодат медиҳад, ки бо гузашти солҳову асрҳо мақоми зан дар ҷомеа марҳила ба марҳила баланд бардошта шуда ба хотири арҷгузории хизматҳои модар ҳамасола барномаҳои давлатӣ барои беҳбудии мавқеи зан дар ҷомеа қабул карда мешавад. Дар оғози  фасли баҳор рост омадани иди модарон нишони шукуфоӣ ва мазҳари  зебоӣ буда, озодагию  нафосат ва сарсабзию таровати онро дучанд мекунад. Таҷлили ҷашни  Рӯзи модар дар саросари кишвари азизамон, Тоҷикистон ба хотири эҳтиром гузоштан ба заҳматҳои шабонарӯзии ин модарон буда ҳар сол  бо шукуҳу шаҳомати хоса ва бо расму оинҳои ниёгонамон таҷлил карда мешавад.

Санаи 7 уми март дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ бахшида ба “Рӯзи модар” чорабинии тантанавӣ бо иштироки Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Сулаймон Қосимзода  ва занону бонувони фаъоли ноҳия  баргузор гардид.

Нахуст Раиси ноҳия ҷамъи ҳозирин ва дар шахсияти онҳо тамоми занону модарон ва бонувони ноҳияро ба ин рӯзи фараҳбахшу хотирмон табрик намуда иброз дошт, ки Модар на танҳо азизтарин шахс, балки ҳастии ӯ ба ҳар яки  мо нерӯву қуввати тоза мебахшад. Аз ин рӯ, занон дар пешрафти ҷомеа рушду нӯмуи миллат дар баробари мардон саҳми арзандаи хешро мегузоранд.

Ниҳоди модарон мисоли насими рӯҳбахши баҳорон асту онҳоро азизтарин ҳастӣ, муқаддастарин мӯъҷиза ва арзандатарин сарват донистаанд, зеро бахшандаи ҳаёт ҳастанду офарандаи инсоният, яъне модарон мисоли муҷдаи баҳоранд, ки ҳамеша меофаранд ва эъҷозгару зебоиофаранд, бинобар ин бузургони каломи бадеъ ҳастии модаронро ба баҳор, ба хуршед шабеҳ додаанд.Ҳамчунин зикр карда шуд,ки занону бонувони ноҳия дар  солҳои соҳибистиқлолӣ дар рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия, пешрафту ободии диёри хеш чун омӯзгору табиб, ҳунарманду варзишгар, коршиносу соҳибкор саҳми арзишманди худро гузошта истодаанд.

Сипас намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Сардори раёсати агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Сулаймон Қосимзода номаи табрикии Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба кулли мардуми ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ расонида иброз дошт, ки дар баробари мардон нақши занон низ дар пешрафту ободонии ватани маҳбубамон Тоҷикистон хело назаррас буда, имрӯз ҳар як зани тоҷик аз ҷумла занони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ баҳри ободу зебо ва гулугушукуфои ватанамон софдилонаву содиқона заҳмат карда истодаанд.

Дар ин рӯзи идона ба  чанде аз занону бонувон  барои хизматҳои    шоиста ва саҳмгузории дар пешрафти ободонии ноҳия бо сипононмаву туҳфаҳо қадрдонӣ  карда шуданд.

Дар охир  аҳли ҳунармандону  ҳофизони  ноҳия бо суруду таронаҳои дилнишин ба ҷашни Рӯзи модар ҳусну таровати хоса бахшида хотири ҳозиринро ҳод намуданд.

Ёдовар мешавем,ки айни замон  дар ноҳия  дар соҳаи хизмати давлатӣ 12 нафар бонувон кору фаъолият намуда чор нафари дигар дар захираи кадрӣ  қарор доранд. Дар соҳаи маориф зиёда аз 200 нафар  занону духтарон  ба ҷои кор таъмин шудаанду  аз онҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда 5 нафар  фаъолият мебаранд. Дар соҳаи тандурустӣ бошад беш аз 100 нафар  фаъолият доранд, ки 4 нафари онҳо роҳбарони муассисаҳои тандурустии ноҳия мебошанд. Дар баробари ин дар соҳаи фарҳанг 14 нафар бонувон  кору фаъолият доранд. Баҳри ҷалби духтарон ба таълиму тарбия  айни ҳол дар муассисаҳои олии кишвар 160 нафар  донишҷўдухтарони ноҳия  таҳсил намуда истодаанд, ки 63 нафарашон  бо  квотаи  президентӣ  дар донишгоҳҳои олии кишвар таҳсил менамоянд.