ОЗМУНИ ҲАРБИИ “ВАТАНПАРВАР”

0
40

Санаи  15-феврали соли 2023 дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Озмуни ҳарбии ватандӯстӣ таҳти унвониВатанпарвар-2023” миёни хонадагони синфҳои болои муассисаҳои таълимии ноҳия доир гардид.

Баргузории озмуни ҳарбии “Ватанпарвар” имсол ба 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омада, дар яке аз дидбонгоҳҳои сарҳадии қисми ҳарбӣ 0229- воқеъ дар деҳаи Табушни ҷамоати Лангар баргузор шуд. Дар рафти баргузории чорабини Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло  иштирок намуда нахуст  аз вазъи қисми низоми дидан карда, ҷавонону наврасонро ба вазъи будубош дар қисми низоми шинос кард. Ҳангоми боздид Бобозода Хайрулло ба ҷавонон гуфт, ки имрӯз дар саросари мамлакат барои будубоши афсарону сарбозон шароити хубу арзанда муҳайё карда шудааст. Хизмат мактаби мардонагӣ ва обутоб мебошад. Ҳамчунин раиси ноҳия ба ҷавонон таъкид намуд,ки барои ҳар як ҷавон хизмат кардан дар назди Модар-Ватан қарзи фарзанди мебошад. Сипас дар майдони сафороии қисми низоми раиси ноҳия ҷамъомадагонро ба муносибати 30-юмин солгарди таъсисёбии Артиши миллӣ табрику таҳният гуфта, таъкид кард, ки -Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити басо душвор 30-сол пеш бо дастгири ва сиёсати оқилонаи фарзанди фарзонаи миллат, Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфт. Дар давоми се-даҳаи таъсисёбии Артиши миллӣ бо дастгириҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қувваҳои мусаллаҳ рушд карда дар тамоми қисмҳои низоми барои хизматчиёни ҳарбӣ шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Илова бар ин ҳамасола тибқи супориши Роҳбари давлат маоши хизматчиёни ҳарбӣ зиёд шуда истодааст гуфт номбурда.

Ҳамчунин дар саҳни қисми низоми озмуни ҳарбии “Ватанпарвар” баргузор шуд. Дар озмун хонандагони синфҳои болои муассисаҳои таълимии ноҳия тариқи даставӣ иштирок ва мактаби худро намоядаги карда тибқи шартҳои озмун, қоидаҳои сафороӣ, турниккашӣ, ресмонкашӣ, гилбардорӣ, ба қисмҳо ҷудо кардани автомат ва дигар тартиботи озмунро амалан иҷро намуданд. Дар охир ба ифтихори 30-юмин солгарди таъсисёбии Артиши миллӣ, иштирокчиён ва сарбозони қисми ҳарбӣ дар назди роҳбари ноҳия ва ҳайати комиссияи озмуни “Ватанпарвар” гузашти низомӣ намуданд. Рафти озмун аз ҷониби доварон ба таври даставию инфироди баҳогузори гардида ғолибон барои иштирок ба даври баъди озмун, ки берун аз сатҳи ноҳия доир мешавад роҳхат дода шуданд.

Ҳамчунин дар ин рӯз барои афсарону сарбозони қисми низоми аз ҷониби масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дастурхони идона ороста шуда, инчунин ба онҳо маводи хӯрока дастрас карда шуд.

Пас аз анҷоми озмуни “Ватанпарвар” дар майдони футболи деҳаи Табушн ба истиқболи 30-солагии Артиши миллӣ миёни ханадагони муассисаҳои таълимӣ мусобиқаи футбол гузаронида шуд. Дар миёни дастаҳои муассисаҳои таълими хонадагони деҳаи Палдорак-ҷойи сеюм, деҳаи Худгифи Офтоб ҷойи дуюм ва ханадагони деҳаи Худгифи боло ҷойи якумро соҳиб гаштанд. Тибқи нақша ғолибони озмуни ҳарбии “Ватанпарвар” ва мусобиқаи варзишии футбол дар рӯзи баргузории чорабинии идона ба муносибаи Рӯзи Артиши миллӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

Саидвоҳиди Қосим