ДАР ДЕҲАИ ПАДАСК БЕШ АЗ 300 ГЕГТАР ЗАМИН ОБЁРИ МЕШАВАД

0
48

Санаи  15-феврали соли 2023 Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло ба корҳои сохтмонии хатти оби полези, барои обёрӣ ва аз худкунии беш аз 300-гегтар замин дар деҳаи Падаски ҷамоати Лангари ноҳия оғоз бахшид.

Аснои оғози корҳои сохтмони пиру барнои деҳаи Падаск ҷамъ омада буданд. Раиси ноҳия ҳангоми оғоз бахшидани кори лоиҳаи хатти оби полезӣ гуфт, ки – Ин лоиҳа дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни баргузории маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд, инчунин тибқи вазифагузориҳои Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода бобати обёрӣ ва аз худкунии заминҳои бекорхобида амали карда мешавад. Ин хаттӣ об барои заминҳои бекорхобидаи деҳаи Падаск кашида мешавад. Пас аз обёри сатҳи зиндагии мардуми деҳа беҳтар ва сатҳи иқтисодии ҳар оила баланд хоҳад шуд.ҳамчунин раиси ноҳия иброз дошт,ки дар Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия 17- лоиҳаи кашидани хатти оби полезиро ба нақша гирифта марҳила ба марҳила нақшаҳои пешбинигардидаро амали менамоем. Ин хатти оби полези ба масофаи беш аз 11 келометр канда мешавад, ки дар натиҷа дар ҳудуди деҳаи Падаск зиёда аз 300-гегтар заминҳои бекорхобида обёри ва аз худ карда мешаванд. Марҳилаи аввали кор яъне кандани хатти оби полези аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия шуруъ гардида, боқимонда кор аз ҳисоби дигар сарчашмаҳо амали карда мешавад гуфт номбурда. Таъкид шуд, ки корҳои хатти оби полези давоми соли 2023 ба анҷом расонида мешаванд. Барои кандани хатти оби полезӣ як техникаи пуриқтидори замонави ҷалб карда шудааст.

Пиру барнои деҳаи Падаск аз ин иқдом хеле хушҳол шуда, бобати кашидани хатти оби полези ва обёрии заминҳои бекорхобидаи деҳаашон аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулони вилояту ноҳия изҳори сипос намуда, ваъда доданд, ки дар баробари дигар сохтмончиён низ дастаҷамъона даст бо кор шуда, барои ҳарчи зудтар ба охир расонидани кор, инчунин расонидани об ба заминҳои ташналаб корбари хоҳанд кард. Яке аз сокинони деҳаи Падаск аснои ифтитоҳи кор гуфт, ки – кашидани хатти оби полези дар инҷо барои обёрии заминҳои деҳаи мо як муъҷиза ва орзуи чандинсолаи мо мебошад. Барои амали кардани ин кор чандин ҳамдеҳагони мо орзу доштанду талош мекарданд, аммо шароит имкон намедод. Имрӯз бошад мо шоҳиди оғози кори ин тарҳ ҳастем ва умед дорем рӯзе обро ба заминҳои ташналаб хоҳем бурд ва орзуи ҳамаи ҳамдеҳагонро дар зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҷомаи амал мепушонем.

Бояд гуфт, ки солҳои охир тибқи супоришҳои Пешвои миллат баҳри обёри ва аз худкунии заминҳои бекорхобида дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ давоми 4-соли охир корҳои амали анҷом дода шуд. Дар ин айём ба дашти Фалахмон оби полези оварда шуд, ки дар натиҷа без аз 200 гегтар замини ташналаб шодоб ва ба гардиши кишоварзӣ ворид гардид. Илова бар ин дар деҳаҳои Роғ, Худгифи Соя ва Ғувинд айни чунин тарҳо амали ва дар натиҷа заминҳои бекорхобида обшор шуда, инчунин ҳолати қисме аз заминҳои кишоварзи беҳтар карда шуд.

Тибқи иттилои Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло Дар Барномаи рушди иқтисодии иҷтимоии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои солҳои 2021-2025, дар баробари дигар нақшаҳо 17-лоиҳа маҳз барои обёрӣ ва аз худкунии заминҳои бекорхобида равона карда шуда, ин лоиҳаҳо марҳила ба марҳила амали карда мешаванд. Дар сурати пурра амали кардани лоиҳаҳо дар ноҳия наздик ба 400-ҳазор гегтар замини нав обшору аз худ карда мешавад.

Бояд гуфт, ки тибқи нақша дар давоми соли 2023 дар баробари дигар корҳову тадбирҳои созандагӣ 3-лоиҳаи хатти оби полези бунёд ва мавриди истифода қарор дода мешавад.

Саидвоҳиди Қосим “Паёми Кӯҳистон”