ҚАДРДОНИИ ТАБИБОН ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ

0
33

29-декабри соли 2022 Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба бемохонаи марказии ноҳия ташриф овард. Зимни вохури кулли  кормандони беморхона ва дар шахсияти онҳо тамоми табибони ноҳияро  ба соли нави мелодии 2023 табрик намуда, ба онҳо ҳадяҳои солнавии хешро тақдим кард.

Ҳамчунин зимни ташриф, Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло нахуст ба шарту шароити беморхона ва вазъи будубоши беморон дар муассисаи тиббӣ шинос шуд. Пас аз шиносоӣ аз вазъи беморхона дар утоқи кории табибон бо кормандони беморхона вохурӣ анҷом дод. Аснои суханрони қайд кард, ки соҳаи тиб ҳамчун соҳаи муҳим ва афзалиятнок дар мадди назари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, ҳамасола баҳри беҳтар намудани соҳа ва хизматрасонии тиббӣ дар мамлакат тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кумаку дастгириҳои зиёде ба соҳаи тандурустӣ   расонида шуда, инчунин муассисаҳои тиббии барҳаво сохта ба истифода дода мешаванд. Натиҷаи ҳамин ғамхориҳои Роҳбари давлатаст, ки имрӯз дар ноҳияи мо беморхонаи замонави фаъолият дорад, инчунин дар радифи ин бунгоҳҳои тиббӣ марказҳои саломатии деҳот дар ҳудуди ноҳия амал карда, сол аз сол ба кӯмаку дастгириҳои ҳукумати мамлакат ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рӯшд бунгоҳҳои тиббӣ таъмиру азнавсози шуда бо таҷҳизотҳои наву замонави таъмин шуда истодаанд. Дар идомаи суханрони Раиси ноҳия аз кору фаъолияти табибон изҳори қаноъатмандӣ намуда барои фаъолияти пурсамарашон дар соли 2022 ба табибон арзи  сипос намуд. Дар охир Раиси ноҳия ба табибону кормандони беморхона ва кулли кормандони соҳаи тандурустӣ тӯҳфаҳои солинавии хешро дар фазои тантанавӣ тақдим намуд.

Айниҳол дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 1- беморхонаи марказӣ бо 4- шуъба, 1 маркази саломатии ноҳиявӣ бо 5 маркази саломати деҳот ва 12 бунгоҳи тиббӣ амал намуда, ҳамарӯза ба беморону муроҷиаткунандагон мувофиқи имконият хизмат мерасонанд.

Саидвоҳиди Қосим