БА САРБОЗОН ТӮҲФАҲОИ СОЛИНАВӢ ТАҚДИМ КАРДА ШУД

0
15

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи соли нави мелодӣ ба афсарону сарбозони Қисми низомии 0229 Қушунҳои сарҳадии КДАМ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ туҳфаҳои солинавӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ тақдим карда шуд.

Санаи 28-декабри соли 2022 Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло ба қисми низоми рафта афсарону сарбозонро ба соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфта таъкид кард, ки — Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи омад-омади соли нави мелодӣ дар саросари кишвар афсарону сарбозон ба ғамхори фаро гирифта шуданд. Мо ҳамагӣ шоҳиди онем, ки барои хизматчиёни ҳарбӣ тамоми шароитҳо муҳайё карда шудааст. Ин ҳама аз ғамхориву дастгирии Пешвои миллат нисбат ба хизматчиёни ҳарбӣ дарак медиҳад. Пас афсарону сарбозонро дар ин росто зарур аст ки барои миллату давлати худ содиқона хизмат намоянд.

Сипас аз ҷониби Раиси ноҳия туҳфаҳои солинавӣ ба сарбозон тақдим карда шуд. Илова бар ин дар ин рӯз аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаҳои солинавӣ, инчунин маводи хӯрока аз қабили гӯшт, бринҷ , қанди сафед ва дигар анвои хӯрока дастрас карда шуд.

Мавриди зикр аст,ки чунин амалҳои хайру ватандўстона ба ин қисми низомӣ пайваста амалӣ гардида, аз ҷониби сокинони минтақа низ ба ҳукми анъана даромадааст. Ёдовар бояд шуд, ки  сарбозон дар инҷо бо беҳтарин шароити хизмат таъмин буда, дар амбори ин қисми низомӣ маводи хурока ба таври зарурӣ захира гардидааст. Ҳамзамон дар ин рўз барои сарбозону афсарон чорабинии тантанавӣ доир карда шуд.

Дар охир дастаи ҳаваскорони бахши фарҳанги ноҳия бо барномаи консертии худ баромад карда хотири афсарону сарбозонро шод намуданд.

«ПАЁМИ КӮҲИСТОН»