ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОН ДАР НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ
Имрӯз санаи 22 уми майи соли 2026 Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Нахуст ҷавонону сокинони касбу кори гуногун бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва садоқат ба сиёсати созандаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти шиору овезаҳои тараннумкунандаи дӯстӣ, ваҳдат, сулҳу субот ва нақши ҷавонон дар рушди ҷомеа роҳпаймои баргузор намуданд
Роҳпаймоии идона дар фазои мутантан ва эҳсоси баланди худшиносиву ифтихори миллӣ баргузор гардида, ҷавонони ноҳия намунаи ҳамдиливу муттаҳидии худро ба хотири ободии Ватан арзёбӣ намуданд.
Сипас дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, фаъолону собиқадорон, омӯзгорон, варзишгарон, гирандагони стипендияҳо, ҷавонони фаъоли касбу кори гуногун ва сокинони ноҳия иштирок намуданд.
Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода нахуст ҷавононро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола 23 май дар саросари кишвар таҷлил мегардад, табрик намуда иброз дошт, ки ҷавонон нерӯи созанда ва ояндасози ҷомеа ба ҳисоб рафта, нақши онҳо дар рушди устувори давлат ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ басо муҳим мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи дастгирии ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Ва аз оғози ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ то имрӯз барои таҳсил, касбомӯзӣ, рушди қобилиятҳои зеҳнӣ ва иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Таъкид шуд , ки ҷавонон бояд як нуқтаи муҳимро ҳаргиз фаромуш накунанд дар назди ҷомеаи мо масъалаҳое, қарор доранд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, инчунин то рафт вусъат гирифтани миқёси таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм ва дигар ҷиноятҳои фаромарзӣ аз ҷавонон пеш аз ҳама зиракии сиёсӣ, илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, забондонӣ, ҷаҳонбинии замонавӣ ва муҳимтар аз ҳама, ҳисси баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат тақозо мекунад ва масъулияти онҳоро дар самти ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат рўз ба рўз баланд мебардорад.
Ҳамчунин раиси ноҳия аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки дар қатори дигар сокинони кишвар моро зарур аст, ки баҳри вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободу зебо намудани ноҳияамон бахшида ба ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳарвақта дида бештар талошу заҳмат намуда, дар Партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, сарҷамъу муттаҳид бошем.
Дар чорабинии мазкур як гурӯҳ ҷавонони фаъол барои саҳми арзанда гузоштан дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва татбиқи ҳадафҳои созанда дар корҳои ободонию созандагӣ бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардонида шуданд.
Дар охир ҳунармандони қасри фарҳанги ноҳия бо барномаи рангини консертӣ таъби ҳозиринро болида намуданд.


