АЁДАТИ ҶАВОНОНУ НАВРАСОНИ МАЪЮБ ВА НИЁЗМАНД ДАР АРАФАИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН
Бо пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандонаву ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расонидани кӯмак ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ дар арафаи иду ҷашнҳои миллӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ пайваста мавриди таваҷҷуҳ қарор дошта бо ин мақсад, имрӯз санаи 23 уми майи соли 2026 дар арафаи таҷлили ҷашни Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Раҳматзода Муҳаммадамин, мудири бахши ҳифзи иҷтимоӣ Аҳмадзода Ҳотамбек ва мудири бахши ҷавонони ноҳия Қурбонзода Некрӯз чанде аз ҷавонону наврасони бемор ва имконияташон маҳдуд, ки дар ноҳия зиндагӣ мекунанд, аёдат карда бо онҳо тӯҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро тақдим намуданд.
Дар рафти дидорбинӣ масъулин иброз доштанд, ки ин гуна шахсон ҳамеша зери ғамхориҳои доимии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва давлату Ҳукумат инчунин раиси ноҳия муҳтарам Хайрулло Бобозода қарор дошта
барои дастгирии иҷтимоӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии онҳо тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегардад.


