ЧОРАБИНИИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ ҲХДТ
Санаи 6-уми декабри соли равон дар маркази маъмурии ноҳия ба муносибати таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чорабинии идона таҳти унвони «ҲХДТ–ҳизби созанда ва мактаби сулҳу дўстӣ» доир гардид.
Ҳамоиши идона дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таълимии №36, воқеъ дар шаҳраки Меҳрон сурат гирифта, дар он Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода, иҷрокунандаи вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шоҳмирзо Неъмонов, вакилон ва дигар аъзои фаъоли ҳизб иштирок доштанд.
Дар чорабинӣ нахуст Раиси ноҳия ба сухан баромада, иштирокчиён ва аъзои ҲХДТ-ро ба муносибати солгарди таъсисёбии ҳизб табрик намуда, таъсиси ин ҳизбро зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мактаби сулҳпарварӣ ва бузурги сиёсӣ унвон кард.
Зимни суханронӣ Раиси ноҳия аз таърихи таъсиси ҲХДТ ёдовар шуда таъкид кард, ки ҳанӯз 31 сол қабл, ки он замон кишвари мо дар оташи ҷанги дохилӣ гирифтор буд, ҳизбе ба остонаи сиёсат омад, ки ҳадафи он таъмини зиндагии шоистаи мардум буд. Дарвоқеъ, ҲХДТ дар ҳамон замони таъсисёбии хеш зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани зиндагии шоиста ба мардуми шарифи Тоҷикистон қадамҳои устувор гузошт.
Агарчи 31 сол аз назари таърих чандон тӯлонӣ нест, аммо бояд эътироф кард, ки дар ин муддат мардуми шарифи Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат зери шиори ҲХДТ ба дастовардҳо ва комёбиҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоии беназир ноил шуданд.
Биёед, ба гузаштаи начандон дур, аз ҷумла, ба 30 соли пеш назар кунем, ки ноҳияи мо дар чӣ вазъ буд ва имрўз чигуна аст. Имрўз дар ноҳия мактабҳои наву замонавӣ сохта шудааст, беморхона бо таҷҳизоти нав муҷаҳҳаз буда, бунгоҳҳои тиббӣ ҷиҳати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ амал мекунанд. Умуман, дар ҳамаи бахшу соҳаҳо пешравиҳо дида мешавад, ки ин ҳама самараи ҳамдигарфаҳмӣ, истиқлолияти давлатӣ, сарҷамъии мо дар зери шиори ҳизби созанда мебошад, гуфт номбурда.
Сипас, иҷрокунандаи вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия низ ба сухан баромада, номаи табрикотии комиҷроияи ноҳиявиро ба муносибати солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ироа кард.
Дар охир ба ифтихори таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чанде аз аъзои фаъол, собиқадорони ҳизб бо сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва сипосномаҳои комиҷроияи ноҳиявӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки 10-уми декабри соли 1994 ҲХДТ таъсис ёфт ва ин санаро ҳамасола аъзои ҳизб ҳамчун рўзи таъсисёбии ҳизб ботантана ҷашн мегиранд.
Саидвоҳиди Қосим


