Паёми табрикии Раиси ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода бахшида ба Рўзи кормандони мақомоти молия!
Муҳтарам кормандони мақомоти молияи ноҳия!
Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рўзҳои ид” ҳамасола санаи 7-уми декабр дар кишвари азизамон Тоҷикистон Рўзи кормандони мақомоти молия таҷлил карда мешавад.
Ҷашн гирифтани ин иди касбӣ ифодаи эҳтиром ва рамзи эътимоду ихлос ва қадрдонии роҳбарияти олии давлату Ҳукумат ва аҳли ҷомеа аз заҳматҳои фидокоронаву ватандўстона ва фаъолияти самарабахши кормандони мақомоти молия баҳри рушди иқтисодию иҷтимоии кишвари маҳбубамон маҳсуб меёбад.
Ба ин муносибат шумо, кормандони Раёсати молияи ноҳияро бо иди касбиатон табрику таҳният намуда, бароятон солимӣ, саодати рўзгор ва дар фаъолияти пурмасъулатон комёбиҳои тоза ба тоза таманно дорам.
Тавре аз санадҳои таърихӣ бармеояд, ҳанўз дар даврони Сомониён низоми молиявӣ ташкил ва рушд ёфта, дар даврони сулолаи ориёӣ низоми ташаккули идоракунии захираҳои молиявӣ ва усулҳои пешқадами муомилоти пулӣ амал мекарданд, ки вобаста ба замон аз нигоҳи ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ такмил ёфтанд. Дар даврони шўравӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми молиявӣ ба сохти дигар ташкил ёфта, тўли беш аз 70 сол рушд карда, мавриди истифода қарор гирифт.
Баъди таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон сохтори муташаккилу бонизоми молия ба фаъолият шурўъ намуд. Санаи 7-уми декабри соли 1924 Комиссариати халқии молияи Ҷумҳурии Мухтори Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон бо қарори Кумитаи инқилобии Ҷумҳурии Мухтори Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт. Санаи 23-юми июни 1993 бо қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати молия ҳамчун сохтори алоҳида ба фаъолият пардохт.
Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат низоми идоракунии устувори молиявӣ ҷавобгў ба талаботи иқтисоди бозорӣ ташкил ва ташаккул ёфтааст. Яке аз падидаҳои асосии ин низом барориш ва амалкарди воҳиди ягонаи пулӣ, пеш бурдани сиёсати пулию қарзӣ, такмили низоми андозбандӣ, шаффофӣ ва баланд бардоштани самаранокии хароҷоти буҷет, нигоҳ доштани вазъи мутавозини маблағгузории буҷет таъмин карда шуд.
Дар солҳои охир таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми соҳаҳо, аз ҷумла, мақомоти молияи кишвар ба таври густурда рушд намуда истодааст. Ин рушду пешравиро дар ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ низ ҳамасола эҳсос карда истодаем. Дар ноҳия айни замон рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Раёсати молияи ноҳия бомаром ҷараён дошта, дар арафаи таҷлили ҷашни муқаддасу миллиамон 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавориди истифода қарор дода мешавад. Бунёди иншооти мазкур бо таҷҳизоти наву замонавӣ барои кормандони молия шароити хуби корӣ фароҳам меоварад.
Кормандон ва масъулини Раёсати молияи ноҳияро зарур аст баҳри таъмин намудани иҷрои буҷети ноҳия тамоми кўшишҳои худро ба харҷ дода, аз имконоти мавҷуда самаранок истифода намоянд.
Дар ин рўзи фархунда бори дигар кормандони мақомоти молияро ба муносибати Иди касбиашон табрику таҳният гуфта, барояшон саломатию саодатмандӣ, файзу баракати зиндагӣ ва дар ҷодаи фаъолияти барору комёбиҳои рўзафзунро таманно дорам.
Иди касбӣ муборак, муҳтарам кормандони мақомоти молия!

