30 ОКТЯБР РӮЗИ БА МУОМИЛОТ БАРОВАРДАНИ ПУЛИ «СОМОНӢ»

25 сол қабл дар кишвари азизамон–Тоҷикистон пули миллии «Сомонӣ» бори авал санаи 30-юми октябри соли 2000-ум ба муомилот бароварда шуд, ки рӯйдоди хеле муҳим, ки дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

30-юми октябри соли 2000 воҳиди нави пули миллии кишвар – «сомонӣ», ки ба ифтихори бунёдгузори нахустин давлати мутамаркази тоҷикон Исмоили Сомонӣ (849-907) номгузорӣ шудааст, ба муомилот бароварда шуд.

Дар пулҳои коғазии нав расми арбобони бузурги гузашта ва муосири халқи тоҷик, ҳамчунин, тасвири ёдгориҳои меъморӣ ва таърихии Тоҷикистон, ашёи санъату ҳунари мардуми тоҷик ҷой дода шудааст. Унсурҳои ҳимоявии пули «сомонӣ» тамоми воситаҳои пешрафтаи маъмулро дар бар гирифтаанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пули миллӣ–сомонӣ дар қатори Парчаму Нишон ва Суруди миллӣ аз муқаддасоти миллӣ ва нишонаҳои асосии давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, эҳтиром гузоштан ба он эҳтироми миллату давлат ва вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Аз касе пӯшида нест, ки пули миллӣ яке аз рукнҳои асосии истиқлолият ва дар айни замон яке аз нишонаҳои муҳимтарини мустақилияти давлат мебошад.

Бисёр рамзист, ки пули миллии мо дар остонаи асри XXI, яъне арафаи ивазшавии ду ҳазорсола ва баъди 1100 соли давлатдории миллии гузаштагонамон–Сомониён ба гардиш оғоз кард. Номи воҳиди пулиро СОМОНӢ гузоштан бесабаб нест, зеро сиёсати пулию молиявӣ ҳанӯз дар давраи Сомониён як пояи бисёр мустаҳкам ва мустақили давлату давлатдории миллӣ буд. Сиккаҳои тилло ва нуқра бо номҳои динору дирами исмоилӣ нафақат дар саросари қаламрави давлати Сомониён гардиши озод доштанд, балки дар Ҳинду Эрон, Чину Қошғару Рум ва сарзаминҳои Араб шӯҳрат ва қурби баландеро доро буданд.

Ҳадафҳои асосии ҷорӣ намудани низоми нави пулӣ, пеш аз ҳама, густариши ислоҳоти иқтисодӣ, рушди бахши воқеии иқтисодиёт, баланд бардоштани сифат ва қобилияти рақобати маҳсулоти саноатию кишоварзӣ, таҳкими иқтидори содироти мамлакат ва то андозаи имкон таъмин намудани зиндагии осудаи мардум аст.

Ташкили низоми муосири бонкӣ танҳо баъди истиқлолият ба даст овардани Тоҷикистон (9 сентябри соли 1991) ва ташкили Бонки миллии Тоҷикистон муяссар гардид. Бо вуҷуди он, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1991 истиқлолият ба даст овард, то охири соли 1993 дар ҳудуди ҷумҳурӣ пули давраи Иттиҳоди Шӯравӣ ва баъдтар аз 1 январи соли 1994 пули нақди Федератсияи Русия гардиш мекард.

Тоҷикистон дар байни давлатҳои нави мустақил ягона кишваре боқӣ монда буд, ки дар қаламрави он то соли 1995 рубли Федератсияи Русия дар муомилот истифода мешуд. Ин вазъият як қатор мушкилоти ҷиддии иҷтимоию иқтисодиро ба миён овард: қарзи давлатии ҷумҳурӣ аз сабаби нарасидани пули нақд барои пардохти музди кор, нафақа ва кӯмакпулиҳо бемайлон меафзуд; маблағгузории иқтисодиёт амалан қатъ гардид ва ниҳоят Бонки миллии Тоҷикистон аз имконияти гузаронидани сиёсати мустақилонаи пулию қарзӣ ва асъорӣ маҳрум буд.

Ҳалли ин мушкилот ва масъалаҳои дигар зарурати ҷорӣ кардани пули худиро ба миён овард. Ба муомилот баровардани пули миллӣ барои рушди минбаъдаи ҷумҳурӣ аҳамияти муҳими иқтисодӣ дошт ва падидаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангие гардид, ки бо мусоидати Хазинаи байналхалқии асъор сурат гирифт.

Ин воҳиди пулӣ дар муддати 5 соли дар муомилот қарор доштанаш дар ташкили заминаҳои истиқлолияти иқтисодии кишвар нақши муҳим бозид ва барои оғози фаъолияти нави комилан миллии пулӣ шароити зарурӣ муҳайё гардонид.

Имрӯз сомонӣ яке аз пулҳои устувор дар ИДМ маҳсуб мешавад, ки таваҷҷуҳи доираҳои молиявии давлатҳои ҳамсояро ба худ ҷалб намудааст. Моҳи ноябри соли 2004 аввалин тангаҳои хотиравии Тоҷикистон–тангаҳои арзиши 5 сомонӣ ба ифтихори 10-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тангаҳои арзиши 3 сомонӣ ба ифтихори 80-солагии пойтахти Тоҷикистон–шаҳри Душанбе ба муомилот бароварда шуданд. Ин тангаҳо дар ду шакл–аз нуқра ва маводи омехта (латун ва мелхиор) сикка зада шудаанд. Тангаҳое, ки аз маводи омехта сикказанӣ шудаанд, дар муомилоти пулии ҷумҳурӣ қарор доранд.

Пули миллӣ бойигарӣ ва сарвати миллист, обрӯю эътибори миллат аст. Бинобар ин таъмини гардиши озодона, ҳифзи қурб ва қобилияти мубодилавии он қарзи ҳамаи мо дар назди Ватан мебошад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *