БА ИФТИХОРИ СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ ҲХДТ ДАР КӮҲИСТОН ЧОРАБИНИИ ИДОНА ДОИР ГАРДИД

Санаи 6- уми декабри соли 2025 дар маркази маъмурии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ  ба муносибати  таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  чорабинии  идона таҳти унвони » ҲХДТ — ҳизби созанда ва мактаби сулҳу дӯстӣ» доир гардид.

Ҳамоиши идона  дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таълимии рақами 36 вақеъ дар шаҳраки Меҳрон сурат гирифта, дар он Раиси ноҳия  Бобозода Хайрулло, иҷрокунандаи вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Неъмонов Шоҳмирзо,  вакилон ва дигар аъзоёни фаъоли ҳизб иштирок доштанд.

Дар чорабини нахуст Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло ба сухан баромада, иштирокчиён ва аъзоёни ҲХДТ-ро ба муносибати  солгарди таъсисёбии ҳизб табрик намуда, таъсиси ин ҳизбро зери Роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мактаби сулҳупарвари ва мактаби бузурги сиёсии унвон кард.

Зимни суханронӣ Раиси ноҳия аз таърихи таъсиси ҲХДТ — ёдовар шуда таъкид кард, ки  ҳануз 31 сол қабл,  ки он замон кишвари мо дар оташи ҷанги дохили гирифтор буд, ҳизбе ба остонаи сиёсат омад, ки ҳадафи он таъмини зиндагии шоистаи мардум буд. Дар воқеъ ҲХДТ дар ҳамон замони таъсисёбии хеш зери Роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷиҳати фароҳам овардани зиндагии шоиста ба мардуми шарифи Тоҷикистон қадамҳои устувор гузошт. Агарчи 31 сол аз назари таърих чандон тулони нест, аммо бояд эътироф кард, ки  дар муддат мардуми шарифи Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат зери шиори ҲХДТ ба дастовардҳо ва комёбиҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоии беназир ноил шуданд. Биёед ба гузаштаи начандон дур аз ҷумла ба 30 соли пеш назар кунем, ки ноҳияи мо дар чӣ вазъ буд ва имрӯз чигуна аст. Имрӯз дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мактабҳои наву замонавӣ сохта шудааст амал мекунанд, дар ноҳия беморхона бо таҷҳизотҳои нав муҷаҳҳаз буда,  бунгоҳҳои тиббӣ нав ҷиҳати хизматрасонии тиббӣ ба аҳоли амал мекунанд,  умуман дар ҳамаи бахшу соҳаҳо пешравиҳо дида мешавад, ки ин ҳама самараи  ҳамдигарфаҳмӣ, истиқлолияти давлатӣ, сарҷамъии мо дар зери шиори ҳизби созанда мебошад гуфт номбурда.

Сипас иҷрокунандаи вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Неъмонов Шоҳмирзо низ ба сухан баромада номаи табрикотии Кумиҷроияи ноҳиявиро ба муносибати  солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ироа кард. Дар охир ба ифтихори  таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чанде аз аъзоёни фаъоли ҳизб собиқадорони ҳизб бо  сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва сипосномаҳои Кумиҷроияи ноҳияви сарфароз гардонида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки 10 декабри соли 1994 ҲХДТ таъсис ёфт ва ин санаро ҳама сола аъзоёни ҳизб ҳамчун рӯзи таъсисёбӣ ҳизб ботантана ҷашн мегиранд.

Саидвоҳиди Қосим

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *