ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ БОБОЗОДА ХАЙРУЛЛО БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ МОЛИЯ!
Муҳтарам кормандони мақомоти молияи ноҳия!
Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамасола санаи 7-уми декабр дар кишвари азизамон Тоҷикистон Рӯзи кормандони мақомоти молия таҷлил карда мешавад.
Ҷашн гирифтани ин иди касбӣ ифодаи эҳтиром ва рамзи эътимоду ихлос ва қадрдонии роҳбарияти олии давлату Ҳукумат ва аҳли ҷомеа аз аз заҳматҳои фидокоронаву ватандӯстона ва фаъолияти самарбахши кормандони мақомоти молия баҳри рушди иқтисодию иҷтимоии кишвари маҳбубамон маҳсуб меёбад.
Ба ин муносибат Шумо кормандони Раёсати молияи ноҳияро бо иди касбиатон табрику таҳният намуда, бароятон солимӣ, саодати рӯзгор ва дар фаъолияти пурмасъулатон комёбиҳои тоза ба тоза таманно дорам.
Тавре аз санадҳои таърихӣ бар меояд,
Ҳанӯз дар даврони Сомониён низоми молиявӣ ташкил ва рушд ёфта, дар даврони сулолаи ориёӣ низоми ташаккули идоракунии захираҳои молиявӣ ва усулҳои пешқадами муомилоти пулӣ амал мекарданд, ки вобаста ба замон аз нигоҳи ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ такмил ёфтанд. Дар даврони шӯравӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми молиявӣ ба сохти дигар ташкил ёфта, тӯли беш аз 70 сол рушд карда, мавриди истифода қарор гирифт.
Баъди таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон сохтори муташаккилу бонизоми молия ба фаъолият шурӯъ намуд. 7 декабри соли 1924 Комиссариати халқии молияи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон бо қарори Кумитаи инқилобии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт. 23 июни 1993 бо қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати молия ҳамчун сохтори алоҳида ба фаъолият пардохт.
Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат низоми идоракунии устувори молиявӣ ҷавобгӯ ба талаботи иқтисоди бозорӣ ташкил ва ташаккул ёфтааст. Яке аз падидаҳои асосии ин низом барориш ва амалкарди воҳиди ягонаи пулӣ, пеш бурдани сиёсати пулию қарзӣ, такмили низоми андозбандӣ, шаффофӣ ва баланд бардоштани самаранокии хароҷоти буҷет, нигоҳ доштани вазъи мутавозини маблағгузории буҷет таъмин карда шуд.
Дар солҳои охир таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми соҳаҳо, аз ҷумла мақомоти молияи кишвар ба таври густурда рушд намуда истодааст. Ин рушду пешравиро дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ низ ҳамасола эҳсос карда истодаем. Дар ноҳия айни замон рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Раёсати молияи ноҳия бо маром ҷараён дошта дар арафаи таҷлили ҷашни муқаддасу миллиамон 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавориди истифода қарор дода мешавад.Бунёди иншооти мазкур бо таҷҳизотҳои наву замонавӣ барои кормандони молия шароити хуби кори фароҳам меоварад.
Кормандон ва масъулини Раёсати молияи ноҳияро зарур аст баҳри таъмин намудани иҷрои буҷети ноҳия тамоми кӯшишҳои худро ба харҷ дода, аз имконоти мавҷуда самаранок истифода намоянд.
Дар ин рӯзи фархунда бори дигар кормандони мақомоти молияро ба муносибати Иди касбиашон табрику таҳният гуфта, барояшон саломатию саодатмандӣ, файзу баракати зиндагӣ ва дар ҷодаи фаъолияти барору комёбиҳои рӯзафзунро таманно дорам. Иди касбӣ муборак, муҳтарам кормандони мақомоти молия!

