БАРГУЗОРИИ ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРОФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ ДАР НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ

Бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он дар байни аҳолӣ, дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми марти соли 2007, №225 “Дар бораи Рӯзи дави миллӣ” ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар тамоми қаламрави кишвар маъракаи умумимиллии дави миллӣ барои солимӣ ва оммавияти варзиш доир карда мешавад.

Субҳи имрӯз, санаи 18-уми майи соли 2025 дар маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, шаҳраки Меҳрон бо иштироки Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло роҳбарони шуъбаву бахшҳои ноҳия кормандони сохторҳои қудратӣ, ҷавонону наврасон ва бо иштироки сокинон маъракаи Марафони велосипедронӣ ва Дави миллӣ баргузор гардид.

Маърака аз соати 7:00 шурӯъ гардида, иштирокчиёни чорабинӣ аз назди Қасри фарҳанги ноҳия то назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия фаъолона ширкат варзиданд.

Масофаи Марафони велосипедронӣ ва Дави миллӣ зиёда аз 3 километрро дарбар гирифта, иштирокчиён тавассути роҳи асосӣ то маркази ноҳия байни ҳам сабқат намуданд.

Ҳамчунин Рӯзи Дави миллӣ дар тамоми деҳаҳои ноҳия роҳандозӣ гардида хӯрду бузург ва дӯстдорони ин намуди варзиш фаъолона ширкат варзиданд.

Чорабинӣ дар тамоми ҳудуди деҳаҳои ноҳия бо иштироки  зиёда аз панҷ ҳазор аҳолӣ дар сатҳи баланд баргузор гардида , дар интиҳо ғолибон бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сарфароз гардонида шуданд.

Паёми Кӯҳистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *