Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳия

Дар доираи корҳои ободониву кабудизоркунӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ ҷиҳати сазовор истиқбол намудани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва беҳбудбахшӣ ба вазъи муҳити зист дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ корҳои ободонию созандагӣ бомаром ҷараён доранд.

Бо ин мақсад санаи 14-уми апрел дар маркази маъмурии ноҳия дар боғи Парчам ва Нишони давлатӣ маъракаи ниҳолшинонӣ бо иштироки Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода доир гардид.

Дар ин ҳашари дастҷамъона мудирони шӯъбаю бахшҳои ноҳия ва кормандони касбу кори гуногун иштирок намуда, зиёда аз дусад бех ниҳолҳои сояафкану ороишӣ шинонданд.

Ҳадафи ин иқдоми созанда беҳтар намудани муҳити зист, зебоии боғи Парчам ва Нишони давлатӣ, инчунин гирду атрофи шаҳраки Меҳрон ва таъмини шароити мусоид барои истироҳати сокинону меҳмонони ноҳия мебошад.

Дар оянда низ ин иқдом идома ёфта, ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагӣ дар ноҳия, шуруъ аз манзили истиқоматӣ то корхонаву ташкилот ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ба назари эътибор гирифта шавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *