ХУШХАБАР: БОЗ ЯК ДАСТОВАРД БА МАОРИФИ НОҲИЯ

 

Барои фаъолияти пурсамар дар соҳаи маориф се тан аз омӯзгори ноҳия, директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1 Сафарбек Домуллоев, директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2 Зафармаҳмад Қурбонов ва директори Маркази технологияи иттилоотии бахши маорифи ноҳия Азиҷон Қозиев барои заҳматҳои содиқона ва пурсамар дар соҳаи маориф, инчунин саҳмгузорӣ дар таълиму тарбияи насли наврас, фаъолияти пурсамар дар корҳои ҷамъиятӣ бо нишони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Нишони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба шахсони арзанда Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода дар ҳузури фаъолони ноҳия тақдим карда, аз кору пайкори онҳо дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуд. Ҳамчунин изҳори умед кард, ки минбаъд низ дар ин соҳа содиқона кору фаъолият карда, дар таълиму тарбияи насли наврас ҳиссаи арзишманди худро гузоранд.

«Паёми кӯҳистон»

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *