Ҳисоботи Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ дар соли 2024
Аҳолии ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ бо дарки масъулият ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои созандаи Стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини рушди босуботи иҷтимоию иқтисодӣ, пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия, иҷрои дастуру вазифагузориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рўҳияи ифтихори ватандорӣ, худшиносиву ватандўстӣ, эҳтироми анъанаҳои неки ниёгон, риояи бемайлони санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ дар давоми соли равон заҳмат кашида ҷиҳати баланд бардоштани натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, ташкили корхонаҳои нави саноатӣ, сазовор истиқбол намудани ҷашни умумимиллӣ ва муқаддасу хотирмон, 35 — солагии Истиқлоли ватани маҳбуб, азиз ва биҳиштосоямон инчунин оиди дар амал татбиқ намудани ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мувофиқи мақсад ба натиҷаҳои дилхоҳи иҷтимоию иқтисодӣ ноил гардиданд.
- Маълумот оид ба рафти амалишавии Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия.
Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои солҳои 2021-2025 бо қарори раиси ноҳия аз 30 июни соли 2020 №117 таҳия гардида, он дар иҷлосияи чорум даъвати шашум, Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз 30 декабри соли 2020 №78 тасдиқ гардидааст. Барнома аз 101 лоиҳа иборат буда, маблағи он 121141,5 ҳазор сомониро дар бар мегирад. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ба маблағи 82169,7 ҳазор сомонӣ корҳо иҷро гардидаанд, ки ин нишондиҳанда нисбати нақшаи умумӣ (121141,5 ҳазор сомонӣ) 67,8 фисад ва нисбати нақшаи солҳои 2021-2024 (83740 ҳазор сомонӣ) 98,1 фисад таъмин гардид. Корҳои иҷрогардида аз ҳисоби буҷет ба маблағи 47368,1 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ 4210 ҳазор сомонӣ, бо дастгирии шарикони рушд 30591,6 ҳазор сомонӣ мебошад.
- Маълумот оид ба иҷрои даромад ва хароҷоти буҷет.
Нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ дар соли равон (бе дарназардошти андози иҷтимоӣ) 8 млн 155,0 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷроиши он 11 млн 149,4 ҳазор сомонӣ таъмин карда шудааст, ки ин рақам аз нақша 2 млн 994,4 ҳазор сомонӣ зиёд ё худ 136,7 фоиз таъмин гардидааст.
Нақшаи қисми хароҷоти буҷети ноҳия бошад 45098,9 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида буд, ки иҷроиши он 44630,9 ҳазор сомонӣ ё 98,6 фоиз таъмин гардид. Нақшаи мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 2806,3 ҳазор сомонӣ, иҷроиши он 2676,1 ҳазор сомонӣ иҷро гардидааст. Дар соҳаи мудофиа нақша 26,3 ҳазор сомонӣ, иҷроиш 26,3 ҳазор сомонӣ ё 100,0 фоизро дарбар мегирад. Соҳаи маориф 31034,4 ҳазор сомонӣ, иҷроиши он 30813,7 ҳазор сомонӣ, ё худ 99,2 фоизи нақшаро дар бар мегирад. Дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ 8142,1 ҳазор сомонӣ, иҷроиши он 8054,5 ҳазор сомонӣ таъмин гардид. Суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ тибқи нақша 47,5 ҳазор сомонӣ иҷроиши он 47,5 ҳазор сомонӣ ё худ 100,0 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ нақша 1861,0 ҳазор сомонӣ иҷроиши он 1848,9 ҳазор сомонӣ ё худ 99,3 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Соҳаи фарҳанг ва варзиш нақша 783,0 ҳазор сомонӣ иҷроиш 783,0 ё 100,0 фоизро дар бар мегирад. Дар соҳаи кишоварзӣ нақша 280,1 ҳазор сомонӣ иҷроиши он 263,5 ҳазор сомонӣ ё 94,0 фоиз, дигар хароҷотҳо нақша 117,8 иҷроиш 99,3 фоиз иҷро гардидааст.
Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия музди миёнаи меҳнат 1436,64 сомониро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 221,0 сомонӣ ё 18,2 фисад зиёд мебошад.
3.Маълумот оид ба таъмини беҳбудии фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ ва мусоидат ба рушди соҳибкорӣ.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби бахши ноҳиявии бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар ноҳия ба 173 нафар соҳибкорон маблағ ҷудо гардид, ки аз ин шумора 23 нафарашонро занон ва 56 нафарро ҷавонон, қарзҳо барои рушди соҳибкорӣ дода шудааст. Маблағи умумии қарзӣ 3231,7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1345,7 ҳазор сомонӣ ё 171,4 фоиз зиёд мебошад. Раванди тамоюли маблағгузории соҳибкорон барои рушди соҳаи соҳибкорӣ ва баланд бардоштани иқтисодиёти соҳаи хоҷагии қишлок зина ба зина боло рафта истодааст.
- Маълумот оид ба рушди соҳаи саноат.
Ҳаҷми истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ дар давраи ҳисоботӣ 51 млн 78,4 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,7 баробар ё 21 млн 270,4 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Бо мақсади амалисозии ҳадафи саноатикунонии босуръат, раванди аз фаъолият бозмондани корхонаҳои саноатӣ зери назорати доимӣ қарор дода шудааст.
Корхонаи саноатии ҶДММ “Қудрат 2010”, дар ин давра 269 ҳазору 871 тонна ангишт истихроҷ намудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 106 ҳазору 71 тонна ё 1,6 баробар зиёд мебошад.
Дар ноҳия захираҳои бойи табии зиёд буда, барои коркард ва ба истифода додани онҳо аз сабаби набудани маблағҳои зарурӣ имкониятҳо мавҷуд нестанд. Барои таъсиси корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ якҷо бо сармоягузорон ва соҳибкорон корбарӣ ба роҳ монда шудааст.
5.Маълумот оид ба рушди соҳаи сохтмон ва меъморӣ. Сохтмон яке аз соҳаҳои бениҳоят муҳими иҷтимоию иқтисодӣ буда, инъикоскунандаи рушди ватани азизамон, сатҳу сифати шоистаи зиндагии аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2018, №229 “Нақшаи генералии шаҳраки Меҳрони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ” тасдиқ карда шудааст, ки тибқи он 50 адад номгӯи иншоотҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки то ба имрӯз 12 адади он сохта мавриди истифода қарор дода шудаанд, ки 24 фисади нақшаи пешбинигардидаро дар бар мегирад. Сохтмони иншоотҳои маъмурӣ дар маркази ноҳия тибқи нақшаи тасдиқгардида идома дода мешаванд.
Дар ноҳия ҷиҳати тақвият додани корҳои ободониву созандагӣ бо риояи санъати баланди меъморӣ кор дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Дар вақти бунёди иншоотҳо талаботҳои қонунгузории соҳаи сохтмон риоя карда мешаванд. Ҳолати иншоотҳои бунёдшаванда зери назорати доимии масъулини соҳа қарор дода мешавад. Дар даврони рушд ва тараққиёти маъмурии маркази ноҳия ва ҳудуди ноҳия сохтмони иншоотҳое, ки бе хулосаи экспертизаи давлатӣ бунёдшуда истодаанд умуман вуҷуд надорад. Ба суръат, сифат, номгӯи маҳсулотҳои босифати сохтмонӣ диққати аввалиндараҷа дода шуда истодааст.
Дар вақти бунёди иншоотҳо ба сифати масолеҳҳои сохтмонӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад. Бинобар афзоиши аҳолӣ имрӯзҳо дар деҳаҳои ҳудуди ноҳия биноҳои нав бунёдшаванда бо тарҳи наву замонавӣ ва асосан хонаҳои истиқоматии ду ошёна ва се ошёна бунёд карда шуда истодаанд.
Муроҷиатҳои шаҳрвандон оиди гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҷониби масъулин саривақт баррасӣ мегарданд ва оилаҳои эҳтиёҷманд дар асоси хулосаи комиссия бо қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ таъмин карда мешаванд.
Ҳаҷми сармояҳои асосии иҷрошуда дар давраи ҳисоботӣ 25103,2 ҳазор сомонӣ, корҳои сохтмонию васлгирӣ 22398,8 ҳазор сомонӣ, фондҳои асосӣ 8690,4 ҳазор сомонӣ иҷро гардиданд.
Сохтмони муассисаи таълимӣ барои 450 нафар хонанда дар як баст дар маркази ноҳия, ки фармоишгари он Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Иншооти мазкур дар моҳи ноябри соли равон маврид баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Сохтмони бинои маъмурии ҶДММ “Манзили Кӯҳистон”дар шаҳраки Меҳрон оғоз гардида, корҳои сохтмонии таҳкурсии бино, ошёнаи якум, дуюм пурра ба анҷом расонида шудаанд. Корҳои пардоздиҳии бино идома доранд. Аз тарафи соҳибкор Ҷумаев Парвиз дар маркази ноҳия шаҳраки Меҳрон сохтмони бинои хизматрасонии маишӣ сохта мавриди истифода қарор дода шуд. Таъмиру тармими бунгоҳҳои саломатии деҳаҳои Худгифи соя ва Ғузн пурра ва бо сифати баланд ба охир расонида шуданд.
Сохтмони муассисаи таълимӣ дар деҳаи Пастиғав барои 336 ҷои нишаст дар як баст аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, айни ҳол корҳои таҳкурсӣ ва ошёнаи якуми бино пурра ба охир расонида шуда, кор дар ин самт идома дорад.
Корҳои сохтмонии хати оби полезӣ дар деҳаи Оббурдон аз мавзеи сойи Тагоб то мавзеи Қарғтуда ба масофаи 8,3 км аз тарафи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия корҳои васлу насби лулаҳои қутрашон 225 мм пурра ба итмом расонида шуда, дар моҳи октябри соли равон ҳангоми ташрифи Раиси вилояти Суғд ба ноҳия мавриди истифода қарор дода шуд. Дар маркази ноҳия шаҳраки Меҳрон сохтмони маркази шуғли аҳолии ноҳия, маркази таълими калонсолон, бо маблағгузории Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои сохтмонии он оғоз гардида, айни ҳол корҳои таҳкурсии бино ва ошёнаи якуми он дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Сохтмони бинои маъмурии раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бо маблағгузории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол корҳои таҳкурсии иншоот оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ дар ин самт идома доранд. Бинои маъмурии кумитаи идораи замини ноҳия бо маблағгузории Кумитаи идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои лоиҳакашии он оғоз гардиданд. Бинои маъмурии маркази саломатии ноҳия бо маблағгузории гурӯҳи татбиқи лоиҳаи инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон таҳкурсии бино ва ошёнаи якум ва дуюми он ба охир расонида шуда, корҳои сохтмонӣ дар ин самт бо маром идома доранд.
Ҳавз барои захира намудани об дар маркази ноҳия шаҳраки Меҳрон бо ғунҷоиши 500 метр куб об барои таъмини сокинони маркази ноҳия ба охир расонида шуд. Сохтмони Меҳмонхона барои сайёҳон аз тарафи соҳибкор Авезов Маҳмадшариф сокини деҳаи Сабағ корҳои сохтмонии он оғоз гардида айни ҳол корҳои таҳкурсии ошёнаи якуми он ба итмом расонида шудааст. Кор дар ошёнаи якуми бино бо маром идома дорад. Сохтмони бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Палдорак аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия корҳои сохтмонии бино ба охир расонида шуда, корҳои пардоздиҳӣ идома доранд. Иншооти мазкур дар арафаи ҷашни 35 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра мавриди истифода қарор дода мешавад.
Сохмони кӯдакистон дар деҳаи Оббурдон аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорон айни ҳол корҳои сохтмонии таҳкурсӣ ва ошёнаи якум пурра ба охир расонида шуда, корҳои сохтмонии ошёнаи дуюм дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Сохтмони майдончаи варзишӣ дар мавзеи Қарғтудаи деҳаи Оббурдон корҳои сохтмонии ин иншоот ба охир расонида шуда, мавриди истифода қарор дода шуд. Кашидани хатти оби нушокӣ дар деҳаи Оббурдон — Қарғтуда бо дастгирии шарикони рушд корҳои насбу васли лулаҳо идома дорад. Иншооти мазкур дар арафаи таҷлили 35 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мавриди истифода қарор дода мешавад.
Сохтмони се адад амбори нигоҳдории картошка дар деҳаҳои Валиғонд, Истошон ва Худгифи боло бо дастгирии шарикони рушд сохта мавриди истифода қарор дода шуданд.
- Маълумот оид ба рушди барқ
Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои Стратегияи рушди “Иқтисоди сабз” дар ноҳия то ҷашни 35 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмиру азнавсозии зиёда аз 8 адад нерӯгоҳҳои хурди барқӣ ба нақша гирифта шудааст, ки 5 адади он сохта ба истифода дода шудаанд. Имрӯз дар ноҳия 30 адад нерӯгоҳҳои хурди барқӣ фаъолият доранд.
Баҳри ҳалли масъалаву мушкилоти соҳаи энергетика, бахусус бобати баҳисобгирии истеҳсол, истифодаи нерӯи барқ, кам кардани талафот, истифодаи таҷҳизоти барқии каммасраф чораҳои саривақтӣ андешида шуда истодаанд. Дар соли 2024 ҳисобгиракҳои электронии каммасраф 1000 адад насб гардидааст, ки дар сарфаи нерӯи барқ заминаи мусоидро фароҳам овард.
Дар соли 2024 ба ноҳия 8248,8 ҳазор квт соат қувваи барқ қабул карда шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1706,3 квт соат кам мебошад. Дар ин давра фуруши неруи барқ 5515,1 ҳазор квт ташкил намуда, маблағи ҳисобидашудаи барқ 1602,8 ҳазор сомонӣ, ва ҷамъоварӣ бошад 1977,2 ҳазор сомониро ташкил намуд. Талафоти нерӯи барқ дар давоми соли равон дар ноҳия 31 фоизро ташкил намуда, ин нишондиҳанда нисбати ба ҳамин давраи соли гушта 9 фоиз кам мебошад.
Яке аз мушкилотҳои асосии соҳа ин пайваст набудани 14 деҳаҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти Лангар ба хатти баландшиддати барқ буд, ки бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, аз ҷониби корхонаи лоиҳакашии “Энергосетпроэкт” лоиҳа барои деҳаҳои мазкур бо маблағи 17 миллион сомонӣ омода карда шуда, барои амалӣ гардидани он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ШСХК “Барқи Тоҷик” пешниҳод карда шуд. Боиси хушнудист, ки лоиҳаи мазкур ҳамчун лоиҳаи афзалиятнок дастгирӣ ёфта, марҳилаи якуми он ба масофаи 16 километр ва бо фарогирии се деҳа аз тарафи пудратчӣ ҶДММ “Зулол-112” ба истифода дода шуд. Корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи дуюми он оғоз гардида, дар ду деҳа Роғ ва Палдорак насби симчубҳо рафта истодааст.
- Маълумот оид ба рушди инфрасохтор ва нақлиёт.
Вобаста ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2024, № 41 айни замон дар ноҳия мувофиқи шароиту имкониятҳои мавҷуда корбарӣ рафта истодааст. Дар ноҳия бинобар вазнин будани шароити роҳҳои автомобилгарди ноҳия нақлиёти ҷамъиятӣ фаъолият намекунад.
Бо мақсади такмили стандартҳои экологиву иҷтимоӣ, истифодаи мақсадноки роҳҳо, мутобиқгардонии ба иқтисоди сабз, кабудизоркунии шафати роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти маҳаллидошта ба масофаи 7,6 км кабудизоркунӣ ба роҳ монда шуд.
Ҳаҷми боркашонӣ дар ноҳия 146,9 ҳазор тоннаро ташкил намуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 100 тонна зиёд мебошад.
Дар ноҳия масофаи умумии роҳҳо 300 километрро ташкил дода, аз ин миқдор 151 километри он роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ дошта буда, дар тавозуни муассисаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия мебошанд. Инчунин 149 километр роҳҳои боқимонда дар ҳудуди хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дар тавозуни онҳо мебошанд.
Дар давраи ҳисоботӣ бо дастгирии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия ба масофаи 80,8 км ба маблағи 150,7 ҳазор сомонӣ роҳҳои ноҳия тахту ҳамвор карда шудан.
Аз ҷониби буҷети маҳаллӣ тахту ҳамвор намудани роҳи ағбаи Оббурдон ба масофаи 48 км маблағи 95 ҳазор сомонӣ ба роҳ монда шуд.
Бо дастгирии аҳолӣ соҳибкорон ва шахсони хайрхоҳ ба масофаи 72 км роҳҳои ноҳия ба маблағи 136,8 ҳазор сомонӣ тахту ҳамвор карда шуданд. Бо дастгирии ҳамаи сарчашмаҳо дар ноҳия дар давраи ҳисоботи ҳамаги 200 км ба маблағи 382,5 ҳазор сомонӣ роҳҳо тахту ҳамвор карда шуданд, ки ин нишондиҳанда 100 фисади нақшаҳои пешбинигардидаро дар бар мегирад.
Рафту омади нақлиёт дар ҳудуди ноҳия дар тамоми сол бе маҳдуд таъмин карда шуд.
- Маълумот оид ба рушди соҳаи алоқа ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ.
Аҳолии ноҳия асосан аз хизматрасонии ширкати Тисел истифода менамоянд ва хизматрасонии ин ширкат васеъ ба роҳ монда шудааст. Мавҷи шабакаи интернет айни ҳол дар ноҳия ба талабот ҷавобгу нест.
Мушкилоти соҳа фаъолият надоштани дигар ширкатҳои мобили дар ҳудуди ноҳия мебошад.
- Маълумот оид ба ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат
Соли равон барои баланд бардоштани ҳосилнокии зироати картошка аз ҳисоби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳия 90 тонна тухмии картошка бо дастгирии шарикони рушд 20 тонна, ва дастгирии соҳибкорон ва аҳолӣ ба ноҳия зиёда аз 50 тонна тухмиҳои хушсифат ба ноҳия ворид карда шуда, кишт дар ноҳия пурра ба охир расонида шуд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои рушди соҳаи чорводорӣ, паррандапарварӣ, замбури асалпарварӣ ва дар ин самт баланд бардоштани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ, беҳсозии зоти чорво ва парранда пешгирии коҳишёбии саршумори чорво сари вақт бартараф намудани бемориҳои сироатии чорво ва парранда корбарӣ мувофиқи мақсад ба роҳ монда шудааст.
Дар давраи ҳисоботи ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ 844 млн 256,9 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 104 млн 223,6 ҳазор сомонӣ ё 114,1 фисад афзудааст.
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулот аз ҳисоби растанипарварӣ 728 млн. 17,3 ҳазор сомонӣро ташкил намуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 99 млн. 419,7 ҳазор сомонӣ ё 115,8 фоиз афзудааст.
Дар ин давра истеҳсоли маҳсулотҳои растанипарварӣ ғалладонагиҳо (бо ҷуворимаккаи дон) 913,1 тонна, аз ҷумла гандум 631,1 тонна, картошка 129321,3 тонна, сабзавот 1274,6 тонна, зироати хуроки чорво 48331 вох. хурока, меваҷот 6557,8 тонна аз он себ 4165,7 тонна, заролу 1934,1 тоннаро ташкил намуд.
Истеҳсоли маҷмуи маҳсулоти чорвопарварӣ дар ин давра 116 млн 239,6 ҳазор сомониро ташкил намуда, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 млн. 803,9 ҳаз сомонӣ ё 104,3 фисад зиёд мебошад.
Истеҳсоли маҳсулотҳои соҳаи чорводорӣ гушт 2111,5 тонна, шир 7880 тонна, тухм 750 ҳазор дона, пашм 172,4 тонна, асал 48,3 тоннаро ташкил намуд.
Саршумори чорвои майда дар ноҳия 148,9 ҳазор сарро ташкил медиҳад. Чорвои калони шохдор 20,1 ҳазор сарро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта чорвои майда 2,7 фоиз, чорвои калони шохдор 3,1 фоиз афзоиш ёфтааст. Саршумори парранда дар ин давра 8350 сарро ташкил намуд.
Дар ноҳия бо мақсади тақвият бахшидани таҷрибаи муосир дар самти беҳтар гардонидани тухмипарварӣ, ниҳолпарварӣ заминаҳои боэътимоду устувор ба роҳ монда шуд. Соли равон дар ноҳия зиёда аз 81 гектар боғи нав бунёд карда шуд. Иқлими ноҳия барои нигоҳдошти маҳсулотҳои соҳаи кишоварзӣ хело мувофиқ мебошад. Аҳолии ноҳия асосан маҳсулотҳои соҳаи кишоварзиро дар хандақҳо нигоҳ медоранд.
Айни ҳол дар ноҳия гармхонаҳои махсус ва сардхонаҳо вуҷуд надорад.
- Маълумот оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ.
Дар ноҳия вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳёи ҳунарҳои мардумӣ аз қабили қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ, заргарӣ корбарӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар ноҳия 10 адад иншоотҳои хизматрасонии сайёҳӣ, инчунин 49 адад ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ мавҷуд аст, ки ҳамаи онҳо ба рушди соҳаи сайёҳии ноҳия заминаҳои мусоидро фароҳам меоваранд.
Дар давоми соли равон ба ноҳия 156 нафар сайёҳон ворид гардидаанд, ки аз он 57 нафар экологӣ, 51 нафар таърихию фарҳангӣ ва 48 нафар ба дигар намудҳо мансуб мебошанд. Дар давраи ҳисоботӣ ба ноҳия 10 нафар сайёҳони хориҷӣ ворид гардидааст, ки аз таъриху фарҳанги ноҳия ошнои пайдо намудааст. Нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда шумораи сайёҳон 20 нафар зиёд гардидааст.
- Маълумот оид ба вусъати шуғли пурмаҳсул
Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат буда, сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат аз татбиқи босамар ва оқилонаи он вобаста аст. Барои роҳандозӣ намудани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати саросар соҳибкасб гардонидани аҳолӣ аз ҷумла шаҳрвандони аз 18 — сола боло, ки касбу ҳунар надоранд дар давраи ҳисоботӣ аз руи нақшаҳои таҳияшуда дар 51 маҳалли аҳолинишин корҳои амалӣ бурда шуда, барои соҳибкасб шудани аҳолӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуд. Бо мақсади амалӣ гардидани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2020, №570, қарори раиси ноҳия аз 25 январи соли 2021, №20 ба тавсиб расонида шуда, нақшаи чорабиниҳои амалигардидаи он оиди “Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ба иҷро расонида шуда омад.
Дар давраи ҳисоботӣ 288 нафар ба ҷойи кории доимӣ ва мавсимӣ дар самтҳои сохтмон, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо ба кор таъмин гардиданд.
Бо мақсади бо касбомӯзӣ фаро гирифтани аҳолии ноҳия тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ шуда истодааст. Дар ноҳия 280 нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21 нафар зиёд буда аз ин шумора 70 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.
Дар давоми соли 2024 13 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои холии корӣ бо пешниҳоди 272 басти вазифаҳои холи гузаронида шуда, 151 нафар бо ҷои кор таъмин карда шуданд. Барои паст намудани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ дар ноҳия бо роҳи таъсиси ҷойҳои нави корӣ аз қабили ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои нав, таъсиси корҳои мавсимӣ, корхонаҳои хурд ва коргоҳҳо, инчунин бунёди иншоотҳои нав тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида истодаанд.
Шумораи бекорон тибқи маълумотномаи бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия дар давоми соли 2024 99 нафарро ташкил намуда, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 45 нафар кам мебошад.
Шуғли асосии аҳолии ноҳия кишоварзӣ, боғдорӣ, картошкапарварӣ, занбурпарварӣ ва чорводорӣ мебошад. Айни замон дар муҳоҷирати меҳнатӣ 358 нафар қарор дошта, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 152 нафар кам мебошад. Сокинони ноҳия асосан ба кишварҳои Федератсияи Россия ва Қазоқистон ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Баҳри ба муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) ба ноҳияҳои Зафарободи вилояти Суғд, Хуросони вилояти Хатлон, шаҳраки Сайҳуни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рафтани шаҳрвандон тибқи талаботи қонунгузорӣ фаъолият зери назорат қарор дода шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ аз ноҳия 30 нафар оилаҳое, ки дар минтақаҳои хавфнок ва осебпазир мебошанд барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба ноҳияи Зафаробод пешниҳод карда шудаанд. Дар давоми соли равон 15 оилаи ноҳия ҳамчун муҳоҷирони дохилӣ ихтиёрӣ ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон кучонида шуданд.
- Маълумот оид ба рушди сармояи инсонӣ (маориф)
Маориф омили асосии рушди давлату миллат ба шумор рафта, барои босавод намудани насли ояндасози миллат саҳми арзанда гузошта меояд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати дониши хонандагон, омӯзиши илмҳои муосир, забонҳои хориҷӣ тадбирҳои ҳамешагӣ андешида, масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли навраси ноҳия тадбирҳои иловагиро андешида омада истодааст. Айни ҳол дар ноҳия сохтмони 3 адад муассисаҳои таълимӣ бо маром идома дорад.
Дар ноҳия 2 кӯдакистон бо фарогирии 80 ҷойи нишаст фаъолият менамоянд. Дар ноҳия дар давраи ҳисоботӣ 33 адад марказҳои инкишофи кӯдак ташкил карда шуда, ки 607 нафар тарбиятгиранда ба тарбия фаро гирифта шудаанд.
Бо дастгирии соҳибкорон ва аҳолӣ то соли 2030 дар ноҳия бунёди 11 адад муассисаҳои томактабӣ ба нақша гирифта шудааст, ки барои бунёди онҳо корбарӣ рафта истодааст.
Дар муассисаҳои таълимӣ 630 нафар омӯзгорон (510 нафар маълумоти олӣ, 120 нафар миёнаи касбӣ) кору фаъолият мебаранд, ки аз ин шумора 124 нафарро бонувон ташкил медиҳанд.
Оид ба амалишавии Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025, ки қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021 № 114 тасдиқ шудааст, дар ноҳия кори муайян ба ҷо оварда мешавад. Дар давраи ҳисоботӣ бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таълимии ноҳия 13 адад кабинетҳои фаннӣ таҷҳизонида шуданд. Таълимгоҳҳои №№ 2,4,6,7, 10,11,12,25,30,32, ва мактаб – интернат бо кабинетҳои фаннӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд.
Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021 № 114 “Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025” қабул гардид, ки мувофиқи он дар таълимгоҳҳои ноҳия дар ин солҳо ташкил намудани 88 кабинети фаннӣ, аз ҷумла синфхонаҳои фанҳои физика 6, химия 6, биология 3, география 33, математика 33, технологияи иттилоотӣ 2, суруд ва мусиқӣ 5 адад пешбинӣ гардидааст. Дар моҳи ноябри соли равон бинои наву замонавии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36 дар маркази ноҳия шаҳраки Меҳрон тариқи онлайнӣ аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуд. Бинои муассисаи таълимӣ бо тамоми таҷҳизотҳои ҷавобгӯи талабот таъмин карда шудааст.
Муассисаҳои таълимии ноҳия бо 382 адад компютер, 85 адад принтер, 15 адад проектор, 17 адад тахтаҳои электронӣ таъмин мебошад.
Дар натиҷаи ҳамкории судманд бо Шарикони рушд дар муассисаҳои таълимии №№ 1,2,9,11,14,17 ва 16 системаҳои гармидиҳии офтобӣ насб карда шуд ва дар ин раванд 3 адад ошхонаҳои наздимактабӣ пурра аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд.
- Маълумот дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ.
Дар ноҳия айни замон 1 беморхонаи марказии ноҳия, 1 маркази саломатӣ, 5 маркази саломатии деҳот ва 12 бунгоҳҳои саломатии деҳот фаъолият намуда истодаанд. Айни замон дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ноҳия ҷиҳати пешгирӣ намудани фавти модару кудак дар давоми соли равон чораҳои дахлдор аз рӯи нақшаҳои алоҳида андешида шуда омад. Дар ин давра барои пешгирӣ намудани таваллуди хонагӣ дар байни аҳолӣ мунтазам машваратҳои фаҳмонидадиҳӣ ҷиҳати хатарҳои ҳомиладорӣ ва танзими оила гузаронида шуд ва ин иқдом минбаъд низ идома дода мешавад. Натиҷаи фаъолият чунин аст, ки дар давоми соли равон таваллуди хонагӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 нафар кам гардидааст, ва хушбахтона фавти модар ба қайд гирифта нашудааст.
Маҳз бо роҳи бурдани корҳои фаҳмонидадиҳи сол то сол таваллуди хонагӣ кам карда шудааст. Дар ин давра баҳри пешгирии бемориҳои бо ваксина идорашаванда 12 маротиба иммунизатсия гузаронида шуда, фарогири 9714 нафарро дар бар мегирад.
Аз тарафи маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика дар вилояти Суғд ба ноҳия дар соли равон 6 адад барқароркунандаи қувваи барқ барои яхдонҳо, 216 дона яхқуттӣ ворид гардид.
Аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра ба ноҳия 5 адад оксигенератор, 5 адад анализатори оксиген, 5 адад таҷҳизоти оксигенӣ барои кӯдакону калонсолон, қисмҳои эҳтиётии тиббии оксигенӣ 5 адад ворид гардид.
Дар ноҳия 100 кати табобатӣ мавҷуд буда, аз ин шумора 40 кати муолиҷавӣ, 25 кати бачагона, 25 кат дар таваллудхонаҳо, 10 кат дар шуъбаи ҷарроҳӣ мавҷуд мебошанд. Гарчанде дар соҳаи тандурустӣ таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳо бештар ба назар мерасанд, аммо то ба ҳол норасогии муттахассисон дар соҳа мушоҳида мегардад. Айни ҳол дар ноҳия 12 нафар норасогии кормандони тиб ба назар мерасад, ки ин мушкилот сол то сол аз ҷониби донишҷӯёне, ки донишгоҳҳои олии кишварро хатм намуда истодаанд, таъмин гардида истодааст.
Мушкилот дар соҳа нарасидани мутахассисони баландихтисос, набудани таҷҳизотҳои зарурии озмоишӣ, набудани бинои маъмурии маркази иммунопрофилактика дар ноҳия мебошад.
- Маълумот оид ба масъалаҳои баробарии гендерӣ.
Бо мақсади баланд бардоштани Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, иҷрои Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023 – 2030 дар ноҳия корҳои амалӣ ба сомон расонида шуда истодаанд. Бонувон 48,8 фисади аҳолии ноҳияро ташкил медиҳанд.
Аз инҳо 7 нафар дар хизмати давлатӣ, 122 нафар дар соҳаи маориф, 70 нафар дар сохтори тандурустии ноҳия, 7 нафар мудирони китобхонаҳо мебошанд. Инчунин 7 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, 5 нафар вакилони ҷамоатҳо мебошанд ва 22 нафари дигар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд. Нақши бонувони ноҳия дар риояи муқаррароти Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, тарбияи оилаҳои ҷавон хело назаррас мебошад.
Ҳамасола барои дастгирии занону бонувони ҳунарманд Грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси вилояти Суғд ҷудо карда мешаванд, ки ин раванд баҳри таъмин гардидани занону духтарони бекор бо ҷойи кор мусоидат менамояд.
Дар давраи ҳисоботӣ 6 нафар занон ба самти соҳибкорӣ таваҷҷӯҳ намуда, барои ривоҷ додани самти соҳибкорӣ барои гирифтани маблағҳои Грантӣ пешниҳоди сохторҳои болои карда шуданд.
- Маълумот оид ба соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш.
Шумораи ҷавонон дар ноҳия 7687 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 1904 нафарашонро хонандагон ташкил медиҳанд.
Вохӯрӣ ва мулоқотҳо миёни ҷавонон дар ин давра 83 маротиба гузаронида шудааст, ки теъдоди фарогирифташудагон 3800 нафар мебошанд. Инчунин чорабиниҳои «Фарҳанги ватандӯстӣ» 26 маротиба бо фарогирии 403 нафар ҷавонон гузаронида шудааст.
Муассисаи давлатии мактаби варзишӣ дар ноҳия фаъолияти худро аз рӯи 6 намуди варзиш ба роҳ мондааст, ки дар ин маҳфилҳо зиёда аз 327 нафар ба тамрин фаро гирифта шудаанд.
- Маълумот оид ба вазъи соҳаи фарҳанг
Дар ноҳия 2 клуби деҳот, 1 китобхонаи бачагона, 1 китобхонаи системаи марказонидашуда ва 14 филиали он, 1 қасри фарҳанг, 1 осорхона амал мекунанд. Дар давоми 4 соли охир дар ноҳия 6 адад муассисаҳои фарҳангӣ сохта ба истифода дода шудаанд. Дар ин давра аз тарафи кормандони бахши фарҳанги ноҳия ва аҳли санъату ҳунари ноҳия 82 адад чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ бо иштироки 4500 нафар тамошобинон баргузор гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14 чорабинӣ ва 185 иштирокчӣ зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи китобхонаи вилоятии оммавии ба номи “Тошхоҷа Асири”-и вилояти Суғд 35 номгӯи китобҳои тозанашр ба маблағи 4070 сомонӣ ворид гардида, ба китобхонаҳо тариқи ройгон дастрас гардиданд.
Дар ноҳия айни ҳол мактабҳои мусиқии бачагона амал намекунанд.
Чорабиниҳои фарҳангӣ ва ҷашнҳои бузурги таърихиву миллиамон бо омодагиҳои ҳамаҷониба дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ таҷлил гардиданд. Бо мақсади рафти иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024, № АП 479 дар бораи баргузории озмуни “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” тадбирҳои судманд роҳандозӣ гардиданд. Дар ин замина барои ба роҳ мондани фаъолияти босамар 10 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд. Нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда шумораи иштирокчиён аз 15 нафар ба 26 нафар расид. Дар натиҷаи ҷамъбасти озмун 4 нафар ба даври вилоятии озмун роҳ ёфтанд. Сол аз сол баргузории озмунҳо тибқи талабот дар сатҳи хуб ба роҳ монда шуда истодааст. Баҳри рафти иҷрои қарори раиси вилояти Суғд аз 5 августи соли 2024 № 201, қарори раиси ноҳия аз 23 августи соли 2024 № 129 ба тавсиб расонида шуда, обуна ба рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва маҳаллӣ барои соли 2025 муташаккилона идома дода шуд. Дар ин давра нақшаҳо зиёда аз 95,4 фисад таъмин карда шуданд.
- Маълумот оид ба таъмини аҳолӣ бо оби тоза, беҳдошт ва дастрасӣ ба хизматрасониҳои коммуналӣ.
Дар ҳамкориҳои судманд бо Шарикони рушд дар деҳаҳои Дашт, Оббурдон, Падрох, Падаск, Роғ, Худгифи боло, Пакшиф, Самҷон ҷиҳати барқарорсозии инфрасохтори соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ хатҳои оби полезӣ пурра аз таъмир бароварда шуданд.
Дар ноҳия 27609 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад, ки аз ин шумора 26782 нафар ё 97,0 фисади аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин мебошанд. Таъминоти ҷамоати деҳоти Лангар 100,0 фисад, ҷамоати деҳоти Иван-Тоҷик 97,0 фисадро дар бар мегирад.
Бо дастгирии шарикони рушд дар доираи Лоиҳаи идоракунии ҳамгироишудаи захираҳои табии дар водии Зарафшон барои рушди одилона ва устувор дар ноҳия соли ҷорӣ боз дар деҳаҳое, ки бо оби нушокӣ ниёз доранд хатҳои нав кашида мешаванд ва дар ин раванд корҳои амалӣ рафта истодаанд. Айни ҳол бо дастгирии лоиҳаи мазкур хати оби нӯшокӣ дар деҳаи Оббурдон-қарғтуда кашида шуда истодааст, ки мушкилоти чандинсолаи ин деҳа бартараф карда мешавад. Боиси зикр аст, ки ҷиҳати сарфакорона истифода намудани манбаҳои обӣ ва ворид намудани технологияҳои нав дар истифода намудани об аз ҷониби лоиҳа хонаҳое, ки ба онҳо хати оби нӯшокӣ пайваст мегардад бо ҳисобкунакҳо таъмин карда мешаванд, ки ин иқдом дар ноҳия бори нахуст мебошад. Лоиҳаи мазкур давоми 5 сол фаъолият дошта ҳамаи мушкилотҳое, ки дар барнома пешбинигардидаанд бартараф карда мешаванд.
Айни замон 3 фисади аҳолии ноҳия бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин нестанд, ки ин масъала зери таваҷҷӯҳи доимӣ қарор дорад.
- Таъмини устувори экологӣ ва рушди устувор.
Дар ноҳия бо тавсияи муттахасисон ва риояи технология бунёди боғҳои замонавӣ ба роҳ монда шуд. Дар ин мавсим ба ноҳия дар ҳамкорӣ бо Шариконӣ рушд 63 ҳазор бех дарахтони ороишию сояафкан ва мевадиҳанда ворид карда шуда дар таллу теппаҳо ва заминҳои хоҷагии ҷангали ноҳия дар майдони 78,7 гектар шинонида шуданд. Аз тарафи аҳолии ноҳия дар майдони 10 гектар боғҳои ороишию мевадиҳанда бунёд карда шуданд. Дар ноҳия таҷрибаи хуби оқилонаи истифодаи захираҳои об мавҷуд мебошад. Корҳои омодагӣ оиди соҳилмустаҳкамкунӣ, пешгирии зарари офатҳои табии аз рӯи нақшаҳои алоҳида дар сатҳи хуб қарор дорад.
Санаҳои 18- 23 июни соли 2024 дар ноҳия бар асари офати табии фаромадани сел деҳаҳои Пастиғав, Арнохун, Сурхкат, Ғурфкат, Ғузн, Равнич, Резгиф, Оббурдон, Устунг, Падрох ба заминҳои кишт, хонаҳои истиқоматӣ ва дигар иншоотҳо зарар расонида шуд, ки мувофиқи ҳисоби мутахассисон зарари расонидашуда ба маблағи 1 миллиону 426,6 ҳазор сомониро ташкил дод. Дар ин замина протоколи комиссияи ҳудудии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба ҳолатҳои фавқуллода аз 24 июни соли равон тартиб дода шуда, аз санаи 01 июли соли 2024, № 98 қарори раиси ноҳия ба тавсиб расонида шуд. Баҳри бартараф намудани зарари офати расонидашуда мувофиқи имконият корҳои барқарорсозӣ идома доранд. Дар 19 деҳаҳои ҳудуди ноҳия 382 оила дар минтақаҳои хавфнок ба қайд гирифта шудаанд, ки аз тарафи хадамоти муҳоҷират дар ноҳия 33 оила дар минтақаи Сайҳун ва Зафаробод аз деҳаҳои Ҳадишаҳр, Ғузн ва Худгифи Соя бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин карда шудаанд.
- Рушди соҳаи хизматрасониҳои пулакӣ.
Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ 289,4 ҳазор сомониро ташкил намуда аз он хизматрасонии маишӣ 27,4 ҳазор сомонӣ, тиббӣ 71,3 ҳазор сомонӣ, ҳуқуқӣ 94,1 ҳазор сомонӣ, бонкӣ 79,5 ҳазор сомонӣ, дигар хизматрасониҳо 17,1 ҳазор сомонӣ иҷро гардидаанд ва ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,4 ҳазор сомонӣ ё 101,4 фисад зиёд мебошад.
- Маълумот оид ба пешгирии ҳолатҳои ҷинояткорӣ.
Дар ҳамкорӣ бо сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва таъсиси 37 гурӯҳҳои корӣ аз ҳисоби фаъолону зиёиён зиёда аз 191 маротиба дар деҳаҳои калони аҳолинишин корҳои фаҳмондадиҳӣ оиди пешгирии ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии амалҳои коррупсионӣ, гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва дигар амалҳои номатлуб, ки боиси ҳар гуна хатарҳои нохуш мегарданд гузаронида шуд. Инчунин вобаста ба баланд бардоштани руҳияи ҷавонон ба корҳои ободониву созандагӣ, илмомӯзӣ, худшиносии миллӣ пайваста дар рузномаи ноҳиявӣ “Паёми Кӯҳистон” мақолаҳои рӯзмарра мунтазам ба нашр расонида мешаванд, ки ин омил дар раванди ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон такони ҷиддӣ медиҳад.
- Риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”
Дар давраи ҳисоботӣ 534 адад муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардидааст, ки аз ин шумора 10 адад шифоҳӣ мебошанд. Аз шумораи умумии муроҷиатҳо 7 адад аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 138 адад оиди қитъаи замини наздиҳавлигӣ, 39 адад оиди таъмин гардидан бо шаҳодатнома, 22 адад оиди сохтмон, 71 адад оиди ташкили хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ, 15 адад оид ба ташкили хоҷагии ёрирасон, 49 адад оиди расонидани кумаки моддӣ, 14 адад оид ба навбат гузоштан ба сафари Ҳаҷ, 14 адад оид ба қабули иншоот, 165 адад оиди дигар масъалаҳо мебошанд. Аз шумораи умумии муроҷиатҳо 156 адад қонеъгардида, 10 адад муроҷиат радкардашуда, 325 адад фаҳмонидашуда ва 43 адад дар баррасӣ қарор дорад. Мавриди зикр аст, ки 10 адад муроҷиати радгардида барои гирифтани замини наздиҳавлигӣ буда, ҳангоми баррасӣ бинобар эҳтиёҷманд набуданашон рад карда шудаанд.
Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар соли 2024 7 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 56 қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 адад фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, 74 қарор ва 9 амри Раиси вилояти Суғд, инчунин 20 нақша чорабиниҳо ворид гардида, дар заминаи онҳо 205 қарор, 35 амри раиси ноҳия ва 25 нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба тавсиб расонида шудаанд, ки дар асоси онҳо кор мувофиқи талабот ба роҳ монда шуда омада истодааст.
- Риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар давоми соли равон дар ноҳия 231 ҷашну маросимҳо доир гардиданд, ки аз инҳо 221 адад туйи домодиву арӯсӣ ва 10 адад маросими аъзодорӣ бе дарназардошти хароҷот гузаронида шудааст. Маблағи ҳамаи чорабиниҳо 1105,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 268,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Ба ҳар як маросим дар давраи ҳисоботӣ ба ҳисоби миёна 5000 сомонӣ рост омадааст. Мавриди зикр аст, ки 6 адад маросими 40 ва 4 адад маросими сол бе харҷи маблағ баргузор карда шудаанд. Барои баргузории тую маърака ва маросимҳо асосан дар ноҳия аҳолӣ аз ҳисоби забҳи чорвои хурд ва харидории гӯшт истифода менамоянд. Ин иқдом боиси дастгирӣ буда, харҷи маблағҳо барои харидории гӯшт ҳамасола кам гардида истодааст.
Дар соли 2024 корбарӣ дар байни аҳолӣ ҷиҳати пешгирии қонуншиканиҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда омада истодааст. Дар ноҳия се комиссияи доимӣ ва 15 комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим ” фаъолияти пурсамар дошта, дар ин давра 4 мизи мудаввар, 28 адад рейдҳо, 153 мулоқоту вохӯриҳо доир гардидаанд. Боиси қайд аст, ки аҳолии ноҳия барои рафти иҷрои Қонуни мазкур чораҳои судмандро амалӣ намуда омада истодаанд. Дар давраи ҳисоботӣ 2 адад қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудааст.
Якҷо бо сохторҳои марбутаи ноҳия аз ҷумла сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 104 маротиба дар маҳалҳои аҳолинишин вохӯриҳо баргузор карда шуданд.
Дар соли равон тибқи нақшаҳои тасдиқгардида, вохӯрӣ бо аҳолӣ ва ходимони дин бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” дар 51 кумитаҳои маҳалла ва 43 муассисаҳои динии ноҳия бо иштироки муштараки сохторҳои дахлдор марҳилаи дуюми он дар сатҳи хуб ба роҳ монда шуда истодааст. Инчунин доир ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” корҳои фаҳмонидадиҳӣ дар ноҳия пайваста ба роҳ монда шуда истодаанд.
- Риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати давлатӣ”
Шумораи умумии воҳидҳои кории хизмати давлатӣ дар ноҳия 59 адад буда айни ҳол 54 нафар хизматчиёни давлатӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва воҳидҳои сохторӣ кору фаъолият доранд, ки аз он 7 нафар занон буда 31 нафар ҷавонон мебошанд. Ҳамзамон аз ҳисоби занон 3 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда ва аз ҳисоби ҷавонон 9 нафар фаъолият намуда истодаанд, ки дар ин самт фаъолият зери таваҷҷӯҳ қарор дода шудааст. Дар ду ҷамоати деҳоти ноҳия 20 нафар хизматчиёни давлатӣ мавҷуд буда, айни замон 5 адад ҷойҳои кории холӣ мавҷуд мебошад. Дар асоси қарори раиси ноҳия дар давоми моҳҳои май ва сентябри соли равон озмуни ҷойҳои кории холии хизматчиёни давлатӣ гузаронида шуд, ки 7 нафар ба ҷойи кори доимӣ таъмин карда шуданд. Дар моҳи сентябри соли равон дар асоси қарори раиси ноҳия аз 19 июли соли 2024, № 110 “Дар бораи гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурии дастгоҳи раиси ноҳия, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия ва ҷамоатҳои деҳот” 18 нафар хизматчиёни давлатӣ бо иштироки намояндаи шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз аттестатсия гузаронида шуданд. Дар давраи ҳисоботӣ ба шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия 17 нафар оиди таъмин гардидан бо ҷойи корӣ муроҷиат намуданд, ки аризаҳои онҳо аз тарафи масъулин дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ” баррасӣ гардиданд. Барои баланд бардоштани малакаи касбии кормандони соҳаи хизмати давлатӣ дар ноҳия нақша чорабиниҳо тарҳрезӣ шуда, ҳар ҳафта ду маротиба хонишҳои сиёсӣ ба роҳ монда шуда истодаанд.
- Риояи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ”
Дар ноҳия ду ҷамоати деҳот, Лангар ва Иван-Тоҷик фаъолият доранд, ки баҳри дастгирии онҳо барои пурзӯр намудани фаъолияташон пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.
Дар ин давра бо мақсади дастгирии ҷамоатҳо ва ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагӣ аз ҳисоби маблағҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ҷамоати деҳоти ба номи Иван-Тоҷик 11200 сомонӣ ва ба ҷамоати деҳоти Лангар 9800 сомонӣ маблағҳо ҷудо гардидаанд. Дастгирии минбаъдаи ҷамоатҳои деҳот зери таваҷҷӯҳи доимӣ қарор дорад. Кормандони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия бо таъсиси комиссияҳои муштарак аз ҳисоби фаъолон, зиёиён, шахсони баруманд, вакилони Маҷлисҳои ҷаматҳо дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмонидадиҳиро рӯз аз рӯз зиёд намуда истодаанд.
- Риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”
Бо мақсади рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”дар соли равон корҳои амалӣ ба иҷро расонида шудаанд. Иҷрои бемайлони бобҳои 1,2,3,4 қатъӣ риоя карда шуда истодаанд. Фаъолияти 38 комиссияҳои ҷамъиятӣ тибқи талабот ба роҳ монда шудааст. Дар ин ҷода дар комиссияҳои ҷамъиятӣ 72 адад муроҷиат ба қайд гирифта шуда, масъалаҳои пешниҳодшуда саривақт мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дода шуданд. Дар ин давра 87 маротиба аз тарафи комиссияҳо қарорҳо қабул карда шуда, қонунвайронкунӣ айни замон ба қайд гирифта нашудааст.
- Таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2022, № 311 “Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”
Бо мақсади баланд бардоштани вазъи иҷтимоию иқтисодии ноҳия, вусъати корҳои ободонию созандагӣ дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқи ноҳия, ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2022, № 311 ва вазифагузориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба роҳ мондани корҳои созандагиву бунёдкорӣ бахшида ба 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешида шуда, дар ин замина қарори раиси ноҳия аз 28 феврали соли 2022, № 53 ба тасвиб расонида шуда, дар асоси он нақша чорабиниҳо иборат аз 115 банд омода шуда, сохтмони иншоотҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия, ки барои рушду ободии ноҳия ва баланд бардоштани зиндагии шоистаи аҳолии ноҳия заминаи мусоидро фароҳам меоварад таҳия ва тасдиқ карда шудаанд. Фаъолият дар ин раванд зери назорат қарор дода шудааст. Рӯз аз рӯз вусъати корҳои сохмонӣ босуръат ва бо сифати баланд ҷараён доранд.
Дар давоми солҳои 2022-2024 69 банд нақша чорабиниҳо пешбинӣ гардида буданд, ки аз ин шумора 59 адади он пурра сохта мариди истифода қарор дода шудааст, ва ин нишондиҳанда нисбат ба нақшаи пешбинигардида 85,5 фисадро дар бар мегирад. Дар 11 иншооти ҷашнӣ корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд. Тибқи нақшаи умумӣ аз 115 банд нақша чорабиниҳо дар давраи ҳисобот 59 адади он сохта мавриди истифода қарор дода шуданд, ки нисбати нақшаи умумӣ (115 банд) 51,3 фисадро таъмин карда аст.
Аҳолии ноҳия бо ҳисси баланди миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ барои вусъати амалҳои бунёдкорӣ, боз ҳам таҳким ёфтани нуфузу эътибори кишвари ободу осудаамон дар арсаи ҷаҳонӣ бо мақсади рафти иҷрои дастуру вазифагузориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Прези денти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо шукргузорӣ аз ватани ободу орому осуда, тараққикарда, бо саъю талоши содиқонаву софдилона, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва иқдому ташаббусҳои созандаи роҳбарияти Олии кишвар барои боз ҳам бо натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардидан ва таъмини зиндагии осоишта фаъолиятро минбаъд низ дар сатҳи хуб ба роҳ мемонад.

