ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ РОҲНАМО БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

Тибқи нақша чорабиниҳои  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар доираи корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба шарҳу тавзеҳи  нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар маҷлисгоҳи хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия санаи 10 уми январи соли 2025 вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохури мудирони шуъбаву бахшҳои ноҳия, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, фаъолон ва омӯзгорон иштирок намуданд.

Нахуст раиси ноҳия Бобозода Хайрулло зимни суханронӣ таъкид намуд, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии кишвар барои ҳар як сокини кишвар дастур ва роҳнамо барои зиндагии шоиста буда бояд ҳар як сокини худогоҳу ватандӯст ҳар як нуктаҳои дар Паём дарҷгардидаро сармашқи кори худ қарор диҳад. Ва барои яндаи ободу озоди кишвари азизамон Тоҷикистон саҳми босазои хешро гузорад. Ҳамчунин дар ҷараёни вохурӣ  Сардори  ШВКД ҶТ дар ноҳия  Ниёззода С , намояндаи КДАМ дар ноҳия  Абдулҳақов Сиёвуш  ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия  ва дигарон оиди шарҳу тавзеҳи паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомали раҳмон суханронӣ намуда , аҳамияти ислоҳоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро, ки дар Паём зикр гардидааст, таъкид намуданд. Ҳамзамон, баромадкунандагон нақши шаҳрвандонро дар татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат, аз ҷумла таъмини амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръат, расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ, баррасӣ намуданд. Иштирокдорон имконият пайдо намуданд, ки саволҳои худро оид ба масъалаҳои муҳим ва татбиқи ислоҳот дар сатҳи маҳаллӣ пешниҳод кунанд                               Чунин мулоқоту вохӯриҳо тибқи дастури раиси ноҳия  Бобозода Хайрулло ва нақшаи тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ   барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон ва татбиқи бомуваффақияти сиёсати давлатӣ дар тамоми деҳаҳои ноҳия баргузор мегардад

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *