НОМАИ ШОДБОШИИ РАИСИ НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ БОБОЗОДА ХАЙРУЛЛО БАХШИДА БА ИДИ САДА

Ҳамдиёрони азиз!

Боиси қайд аст, ки Иди Сада яке аз ҷашнҳои  қадимаи мавсимии мардуми мо ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардад.  Таҷлили ин ҷашнҳои миллӣ дар ҳақиқат ба худшиносию эҳтиром ба фарҳанги гузаштагон мусоидат менамояд.

Ҷашни фархундаи миллии Садаро ба кули сокинони шарафманди ноҳия табрику муборакбод менамоям.

Лозим ба қайд аст, ки тибқи солшумории милодӣ Сада ба поёни шаби  30-юм ва оғози санаи 31 -уми январ рост меояд, яъне пас аз  40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо, ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро мерасад. Зеро он ифодагари омодаги ба гардиши табиат мебошад. Маросиму ойинҳои ин ҷашни мардумӣ аз қадим дар баргирандаи нияту орзӯҳои гузаштагони мо мебошанд.

Маҳз бо шарофати Истиқлоли  давлатӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори суҳлу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  падидаҳои фарҳанги куҳан ва ойину суннатҳои аҷдодии тоҷикон эҳё гардидааст, дар баробари дигар ҷашнҳои миллӣ   Меҳргон,Тиргон  ҷашни Сада аз ҷумлаи онҳост. Ин  ҷашнҳо ёдгорие аз ниёгони ориёии мо буда, мардуми тоҷик онҳоро аз ҷумла маросими Садаро бо вуҷуди нодида гирифтану монеа эҷод карданҳои зиёд ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири хотираи фарҳангии чандин ҳазорсолаи худ ва ба сифати дурдонаҳои гаронбаҳои маънавӣ  ҳифз намудаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудаанд «Эҳёву таҷлили ҷашни Сада ҳамчун рамзи истиқболи фасли нуру гармӣ, некиву саховатмандӣ, сарҷамъӣ ва ваҳдати кулли шаҳрвандон дар густариши корҳои ободониву созандагӣ ва хуррамиву пешрафти Тоҷикистони азизамон нақши муассир гузошта, дар оғози сол чун паёмовари Наврӯзи  оламафрӯз ба зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон муждаи хуррамиву хушбахтӣ хоҳад овард».

Ҷашни мазкур ҳамчунин ифодаи пайванди зиндагии инсонҳо бо табиат, давраи омодагӣ ба истиқболи баҳор ва Наврӯз, инчунин давраи ниҳолшинонӣ, тайёри ба кишту кори баҳорӣ ва дигар корҳои кишоварзӣ мебошад. Пешвои муаззами миллат дар Паёмашон чунин таъкид доштанд: «Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тули таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд аз ин рӯ зарур аст, ки 15 номгӯи дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дар соли 2023 ворид гардиданд ва нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд».  Пешниҳоди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳамчун истиқболи самимонаи Наврӯзи аҷам бо маҷмӯи фазилатҳои барҷаставу наҷиби хеш, Сада ба истиқболи самимонаи мардуми олам рӯ ба рӯ гардида, минбаъд низ дар таҷрибаи бузугртарин фазилатҳои ахлоқӣ  дар миёни ҷаҳониён нақши пурфайз мегузорад.

Ин се ҷашни миллӣ, Сада,Меҳргон ва Тиргон  реша дар тағйироти табиату кайҳон дошта, ҳеҷ  робитае ба ақидаҳои динӣ надоранд, балки адёни куҳан ба монанди оини меҳрпарастӣ, зардуштия, масеҳият ва ҳатто ислом дар бархе мавқеъ таҳти таъсири ин ҷашнҳо қарор гирифта, аз ин маросимҳо таъсир пазируфтаанд.

Паёми  имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар моро водор месозад, ки баҳри таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия, боис ба он мегардад, ки сатҳи камбизоатӣ дар ноҳия боз ҳам паст карда шавад дар ҳамбастагӣ мувофиқи имкониятҳои ноҳия талошу меҳнати зарбдорона, холисона ва софдилона намуда, аз ҳарвақта дида боз ҳам дар деҳаҳои ҳудуди ноҳия бахшида ба санаҳои муқаддаси миллӣ корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва шинонидани дарахтони мевадиҳанда ва сояафканро бештар ба роҳ монем.

Бори дигар  ҷашни  бостонии Садаро ба кулли сокинони шарафманди ноҳия самимона табрик намуда  ба хонадони ҳар яки  шумо бахту саодат ва шодмониву пирӯзӣ орзумандам.

Ҷашни Сада муборак ҳамдиёрони азиз!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *