БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТӢ .

Санаи 28-уми январи  соли 2025 тибқи нақшаи тасдиқ намудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, оид ба баргузории нишастҳои матбуотӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, сарраёсату раёсатҳо, ташкилоту идораҳо ва муассисаҳо дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Зимни нишасти хабарӣ Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар соли 2024 маълумоти муфассал дод. Аз ҷумла таъкид шуд, ки нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ дар соли равон (бе дарназардошти андози иҷтимоӣ) 8 млн 155,0 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷроиши он 11 млн 149,4 ҳазор сомонӣ таъмин карда шудааст, ки ин  рақам аз нақша 2 млн 994,4 ҳазор сомонӣ зиёд ё худ 136,7 фоиз таъмин гардидааст.

Ҳамчунин бахшида ба 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша чорабиниҳо иборат аз 115 банд омода шуда, сохтмони иншоотҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия, ки барои рушду ободии ноҳия ва баланд бардоштани зиндагии шоистаи сокинон  заминаи мусоидро фароҳам меоварад таҳия ва тасдиқ карда шудаанд.

Дар давоми солҳои 2022-2024 69 банд нақша чорабиниҳо пешбинӣ гардида буданд, ки аз ин шумора 59 адади он пурра сохта мариди истифода қарор дода шудааст, ва ин нишондиҳанда нисбат ба нақшаи пешбинигардида 85,5 фисадро дар бар мегирад. Дар 11 иншооти ҷашнӣ корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд. Тибқи нақшаи умумӣ аз 115 банд нақша чорабиниҳо дар давраи ҳисобот 59 адади он сохта мавриди истифода қарор дода шуданд, ки  нисбати нақшаи умумӣ (115 банд) 51,3 фисадро таъмин карда аст. Дар идомаи суҳбат раиси ноҳия доир ба бунёди корхонаҳо, бунёди кӯдакистонҳо дар деҳот вобаста ба имконият ва  дигар иншоотҳои муҳим, ки барои беҳбудии хоҷагии халқ ба роҳ монда шудааст суханрони намуд.

Сипас рӯзноманигорон ба саволҳои худ оид ба вазъи соҳаи тандурусти дар ноҳия омодаги бюа озмунҳои ҷумҳуриявӣ,  вазъи таълиму тарбия дар муассисазои таълимӣ, шароити хизматрасонии муассисаҳои тандурустӣ, рафта иҷроиши нақшаи иншоотҳои ҷашнӣ, ба роҳ мондани корҳои ободони дар маҳал ва дигар масъалаҳо суолҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Дар охир Раиси ноҳия аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки баҳри инъикоси воқеъии дастовардҳои ноҳия ва саҳмгузорӣ дар самти корҳои ободонию созандагӣ, бурдани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар самти пешгирии гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмие дини ва дигар масъалаҳо  бетараф набуда саҳми худро дар ободоии ватани азизамон Тоҷикистон гузоранд.

«ПАЁМИ КӮҲИСТОН»

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *