Соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» эълон гардид

Санаи 16 уми декабри соли 2025 зимни пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» эълон гардид.

Сарвари давлат иброз доштанд, ки соли 2026 барои мо соли таърихӣ – соли ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аст. Яъне Тоҷикистони куҳанбунёд, аммо тозаистиқлоли мо 35-сола мешавад. Давоми панҷ соли охир тамоми қишрҳои ҷомеа барои сазовор истиқбол намудани ин санаи таърихӣ сарҷамъона заҳмат кашида, корҳои бузургро анҷом дода истодаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҳар шаҳрванд ва ҳар оила бояд бо дарки масъулияти ватансозиву давлатсозӣ, пеш аз ҳама, хонаву кошона ва кӯчаву маҳалли зисти худро таъмиру тармим ва тозаву озода намояд. Ин раванди ободонӣ ва тозакорӣ бояд тамоми қаламрави кишварро то дурдасттарин деҳоти он фаро гирад ва ба кори маъмулӣ табдил ёбад. Яъне ҳар фарди ҷомеа бояд ба ифтихори ин ҷашни муқаддас барои пешрафти давлати худ ва ободии Ватани азизи хеш кори некеро анҷом дода, созандаву бунёдкор ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани миллати тоҷикро нишон диҳад.

«Дар шароити буҳрониву ноороме, ки ҷаҳони имрӯза қарор дорад, ҳифзи истиқлолу озодӣ, заҳмат ба хотири пешрафти давлат ва ободии Ватан вазифаи аввалиндараҷаву ҳаррӯзаи ҳар шаҳрванди бонангу номуси мамлакат маҳсуб мешавад», – изҳор доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *