Паём роҳнамои роҳи босаодат
Санаи 16 уми декабри соли 2025 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо иштироки кормандони шуъбаву бахшҳо фаъолон ва дигар кормандони касбу кори гуногун Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»,ки зимни ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа шуд, дастҷамъона тамошо карданд.
Дар Паёми Пешвои муаззамаи миллат, дастовардҳои кишвари мо дар даҳ соли гузашта ва соли 2025 ҳамаҷониба таҳлил шуда, он дар маҷмӯъ бобарор арзёбӣ шуд.Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд. Аз ҷумла, дар ин давра ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар афзуда, суръати рушди иқтисод 7,6 дарсадро ташкил додааст.
Дар Паём таъкид шуд, ки соли равон корҳо ҷиҳати устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, фаъолияти босуботи низоми бонкӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ, раванди омодагӣ ба ҷашни 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурӣ тақвият пайдо карда, рушди иқтисоди миллӣ таъмин карда шуд.
Ҳамчунин дар Паём аз моҳи сентябри соли 2026 зиёд намудани музди маоши кормандони соҳаи буҷетӣ, аз ҷумла маориф, нафақа пешбинӣ шуда,барои рушди ҳамаҷонибаи иқтисоди кишвар ва ҳалли масъалаҳои соҳаи иҷтимоӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шудааст.
Таъкид шуд, ки дар кишвар соли 2027 истиқлоли комили энергетикӣ тавъмин карда хоҳад шуд.
Кули сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар ин рӯз ироаи ин ҳуҷҷати раҳнаморо бо таваҷҷӯҳи хоса ва шавқи зиёд тамошо карда, бори дигар итминон ҳосил намуданд, ки Пешвои муаззами миллат, Ҳукумати мамлакат ба хотири таъмини рушди кишвар, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум сиёсати оқилонаю дурандешонаро пеш гирифтаанд.


