Нашъамандӣ – вабои аср
Нашъамандӣ воқеан вабои аср буда, ҷомеаро заиф мегардонад ва ба сари ҳар як хонадон рӯзи сиёҳу пурмусибат меоварад. Феълан ҷавонони зиёд бекорию бекорагардиро пеша карда, ба аъмоли номатлуб амсоли нашъамандӣ зуд ҷалб мешаванд. Яке онро ба манбаи даромади пулӣ табдил дода, дигаре маҳз тариқи он ба хешу атрофиён зарар меоварад. Нашъаҷаллоб худ сирати башарӣ надорад ва то охир дарк наменамояд, ки ҷиноят содир кардаасту даромади муфт, баҳра бурдан аз пули нашъа ҳаром аст. Нашъамандӣ — яке аз мушкилоти ҷиддии иҷтимоӣ ва тиббӣ дар ҷаҳони муосир ба шумор меравад. Тибқи маълумоти Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ), ҳар сол беш аз 275 миллион нафар дар ҷаҳон маводи мухаддир истеъмол мекунанд, ки аз онҳо қариб 36 миллион нафар гирифтори нашъамандии шадид мебошанд. Дар Тоҷикистон низ ин падида ташвишовар буда, бештар ҷавонон ба он гирифтор мегарданд.
Нашъамандӣ (аз калимаи «нашъа» ва «манд» – вобаста) ҳолатест, ки шахс ба як ё якчанд навъи маводи мухаддир одат мекунад ва бе онҳо наметавонад фаъолияти муқаррарии худро идома диҳад. Нашъамандӣ на танҳо вобастагии ҷисмонӣ, балки вобастагии равониро низ ба бор меорад. Маводи нашъадор ба фаъолияти системаи асаб таъсири манфӣ расонида, боиси суст шудани қобилияти фикрронӣ, хотира ва ирода мегардад.Дар давоми солҳои охир нашъамандӣ ба саломатии мардуми сайёра, аз ҷумла аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдиди ҷиддӣ пеш оварда, дар самти пешравии фарҳангу иҷтимоъ монеа эҷод намуда истодааст. Нашъамандӣ чун як бемории ғайриоддӣ ба тамоми узвҳои инсон аз қабили асаб, гурда, дил ва дигар узвҳои дарунӣ таъсир карда, беморро маҷрӯҳ мегардонад. Имрӯзҳо нафароне ҳам ҳастанд, ки бе тарсу ҳарос даст ба куштору дуздӣ даст мезананду хиёнат ба номусу ҷаҳолатпарастӣ мекунанд. Аксар вақт сабаби ба нашъамандӣ дучор шудани бештари одамон ин стресс, депрессия, изтироб, ҳисси танҳоӣ ё ноумедӣ ва дар баъзе ҳолатҳои дигар камбизоатӣ бекасӣ, дард , муҳити носолими оилавӣ, зуроварӣ ва аз таҳсил дур мондан мебошад ва яке аз омилҳои дигар он ҳаваси таҷриба: махсусан дар байни ҷавонон, муҳити дӯстон ё гурӯҳҳое, ки ба нашъа даст мезананд, руй медиҳад.
Имрӯз нашъамандӣ мардуми сайёраро ба ташвиш овардааст, ки сабаби асосии он ба маводи нашъадор майл кардани ҷавонони зиёд мебошад. Ин табақаҳои ҷомеа дар ҳама ҳолатҳо бояд худро аз хатарҳои нашъамандию нашъаҷаллобӣ ва дигар кирдорҳои ношоиста эмин нигоҳ доранд. Истеъмоли маводи нашъадор ва дигар моддаҳои заҳрнок ба саломатӣ зарари ҷиддӣ расонида, оқибат ба марг оварда мерасонад. Нашъамандони ҷаҳон имрӯзҳо зиёдтар ҷавононро ба ин маводи сахттаъсир ҷалб карда, тавассути онҳо маводи нашъадорро ба тамоми ҷаҳон паҳн менамоянд ва ин масъала яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи муосир гаштааст.
Олимон нишонаҳои нашъамандӣ ва таъсири онро дар ҷомеа ҳамчун беморӣ маънидод кардаанд. Азбаски ин беморӣ бо амалу рафтори нашъаманд боиси харобиҳои зиёде шуда метавонад, дар саросари олам бо ин дард муборизаи қатъӣ эълон шудааст. Одатан сабабгори гирифторӣ ба нашъамандиро як қисми одамон шароити мушкили зиндагӣ низ меҳисобанд, аммо воқеият чизи дигарро нишон медиҳад. Аввалан, фарзандони ашхоси сарватманд зиёдтар ба ин бемории нашъамандӣ мубтало мегарданд, сониян бисёр одамон дар шароити якхелаи вазнин зиндагию кор мекунанд, вале аксари онҳо худро аз нашъамандӣ нигоҳ медоранд. Хатари нашъамандӣ танҳо дар истифода кардани он аз ҷониби шахси нашъаманд, гирифтори дардҳои шадиди ҷисмонӣ шудани ӯ нест, балки дар он аст, ки одами нашъамандшуда сахт тобеи нашъа буда, агар онро истеъмол накунад, ба ҳалокат мерасад.
Нашъамандӣ боиси аз даст рафтани қобилияти ҷисмонӣ ва равонӣ, бемориҳои дилу раг, ҷигар, сироятҳо ба монанди ВИЧ/СПИД ва гепатит мешавад.
Албатта дар Тоҷикистон истифодаи маводи мухаддир маън карда шудааст аммо сол аз сол истеъмолкунандагони он зиёд шуда истодаанд!
Роҳҳои пешгирӣ ва табобати нашъамандӣ
Пешгирӣ тавассути маълумотрасонӣ: омӯзиши доимии ҷомеа, хусусан ҷавонон, дар бораи оқибатҳои истифодаи маводи мухаддир.
Тарбия ва дастгирии оилавӣ: муҳити солими равонӣ дар оила ва ҷомеа.
Мадад ба нашъамандон: табобати тиббӣ ва равонӣ, барномаҳои реабилитатсионӣ, дастгирии иҷтимоӣ.
Қонунгузорӣ ва назорат: мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, танзими истифода ва фурӯши доруҳое, ки метавонанд нашъадор бошанд.
Ба ҷавонони имрӯза муроҷиат карда гуфтаниам, ки мо бояд баҳри солимгардонии наслҳо, ободию шукуфоии диёри азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол пайваста ҳиссагузор бошем.
Пас, ҷавонон биёед якҷоя бо аҳли оила, мактаб, бо рафиқон ва ҳамсояву хешу табор бар зидди нашъамандию нашъаҷаллобӣ мубориза барем, барои пешгирии чунин кирдорҳо ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намоем. Нашъамандӣ ин раҳоӣ аз бенавоӣ набуда, балки сароғози ҳамаи бадбахтиҳои инсон мебошад. Пулу моле, ки бар ивази он дастрас мешавад, муваққатӣ буда, қадру манзалати инсонро коста мегардонад
Нашъамандӣ на танҳо як мушкили шахсӣ, балки вабои воқеии асри мо аст. Мубориза бо он бояд ҳаматарафа ва муттаҳидона сурат гирад — бо иштироки давлат, ҷомеа, омӯзгорон, табибон ва хусусан хонавода. Фақат бо маълумот, муҳаббат ва дастгирӣ мо метавонем ин ваборо шикаст диҳем ва насли солиму огоҳе ба воя расонем!
Аз ин рӯ мо ҷавононро мебояд, ки дар муҳити созгор ва солим зиндагӣ карда барои ояндаи худ саломатии худ ва гирду атрофи худро аз ҳар гуна офатҳои охирзамон ҳифз ва ҳимоя кунем!
Ашӯрзода Нилуфар Раҳимбердӣ Волонтёри Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд , донишҷӯи бахши 4- ум МТД » ДДХ » ба номи академик Б.Ғафуров

