Баргузории Шурои навбатии шуъбаи маорифи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ
Санаи 23.06.2025 тибқи нақшаи тасдиқгардида Шурои навбатии шуъбаи маорифи ноҳия баргузор гардид, ки дар кори он кормандони дастгоҳи шуъбаи маориф, роҳбарои муассисаҳои таълимии ноҳия, муовини Раиси ноҳия сарпарасти соҳа, раисони ҷамоатҳо ва дигар шахсони ба кори Шуро алоқаманд буда иштирок намуданд. Сараввал мудири шуъбаи маорифи ноҳия Юсуфӣ Яқуб ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуд.Тибқи рӯзномаи Шуро аз ҷониби сармутахассиси шуъбаи маориф Шаробов Саноаддин ҷамъбасти соли таҳсили 2024-2025 ва аттестатсияи аз синф ба синфгузаронӣ ва хатм маълумот дода шуд. Ҳамчунин дар рафти кори Шурои навбатӣ ҳисоботҳои директори маркази таҳсилоти иловагӣ Назруллоев Ҳусейн, директори МТИК Қозиев Азизҷон, мушовири шуъбаи маориф оиди китобҳои иҷоравӣ Салимов Сафар ва мушовири шуъбаи маориф оид ба кадр Ҳамроев Мирзоубайд шунида шуд. Дар идомаи Шуро раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи ноҳия Мирзоҳаёти Мирзоолим оиди ҷалби хонандагон ба истироҳатгоҳҳои тобистона, интизоми меҳнат ва риояи тартиботи ба рухсатӣ баромадани кормандони соҳаи маориф ва омӯзгорон баромад намуда, маълумоти муфассал дод.
Дар охири Шуро мудири шуъбаи маориф Юсуфӣ Яқуб оиди масъалаҳои зимистонгузаронӣ, рухсатии роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, таъмир ва омода намудани муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониш ва дигар масъалаҳои ҷорӣ баромад намуда, ба роҳбарони муассаҳои таълимӣ, мушовирон ва кормандони шуъбаи маориф дастуру супоришҳои мушаххас дод
.


