БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯ

0
5

Санаи  25-декабри соли 2023 дар маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ шаҳраки Меҳрон Иҷлосияи ҳабдаҳум (даъвати шашум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ доир карда шуд.

Иҷлосия дар толори бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сурат гирифта, дар кори он Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло, Сардори сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд Шарифиён Маъруфҷон, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, вакилон ва дигар масъулину фаъолони ноҳия ширкат доштанд.

Дар рафти иҷлосия асосан 6 масъала аз ҷумла: Ҳисоботи Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар соли 2023, дар бораи қабули буҷети ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои соли 2024, Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба масъалаҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва буҷет, Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия доир ба ваколатҳои вакилияш аз ҳавзаи интихоботии 14 деҳаи Рогиф Ҷумаев Парвиз, дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмии алоҳида дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва тасдиқи қарорҳои қабул намудаи раиси ноҳия баррасӣ карда шудаанд.

Нахуст ҳисоботи Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар соли 2023, ки фарогирии фаъолият ва бурду бохти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар давоми соли 2023 буд, дар назди вакилон натиҷагирӣ шуда, атрофи он қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. Сипас муовини Раиси ноҳия Гулҷаҳон Вазиров ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба масъалаҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва буҷетро ироа кард. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки нақшаи ислоҳоти иқтисодӣ дар ноҳия хуб ба роҳ монда шуда, аз ҷумла «Барномаи рушди иқтисоди иҷтимоӣ ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои солҳои 2021-2025» қи бо қарори раиси ноҳия қабул шудааст, фаъолияти барнома хуб ба роҳ монда шуда, иҷроиши он дар 11-моҳи соли 2023, нисбати солҳои қабли 12,5 фисати таъмин карда шуд. Нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ дар соли ҷорӣ 104 фисад иҷро гардид.

Ҳамчунин қарздори андоз аз соли ҷори 169 ҳазору 200 сомонӣ буд бо корбарии кормандони нозироти андози ноҳияи ин қарздорӣ нисбат ба аввали соли ҷорӣ 9400 сомони кам карда шудааст гуфт Вазирова Гулҷаҳон.

Дар рафти Иҷлосия қабули буҷети давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои соли 2024 муаррифӣ карда шуд. Гуфта шуд, ки нақшаи қисми даромади буҷети давлатии ноҳия дар соли 2024, 8-миллиону 155 ҳазор сомонӣ ва нақшаи қисми хароҷоти буҷет дар соли 2024, 40 миллиону 403-ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, нақшаҳои андози иҷтимоӣ ва дигар намудҳои андоз муаррифӣ карда шуда, дар ин замина қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Дар идома масъалаҳои пешбинӣ намудаи рӯзномаи Иҷлосия тибқи муқаррарот баррасӣ карда шуданд.

Дар фарҷоми Иҷлосия намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Шарифиён Маъруфҷон суханронӣ намуда фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар давоми соли ҷориро хуб арзёбӣ карда ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани корҳои созандагиву бунёдкорӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ ва саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқаворӣ маслиҳатҳои муфид дод.

Дар охир Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло суханронӣ карда, доир ба фаъолияти ташкилоту муассисаҳо ва сохторҳои ноҳиявӣ дар давоми 11моҳи соли ҷорӣ ҳарф зада, ба масъулин доир ба иҷрои нақшаи даромад ва хароҷоти буҷети давлатии ноҳия, иҷрои корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, ҳамкории зиччӣ вакилону масъулон ҷиҳати иҷрои амру дастурҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои қарорҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, иҷрои Барномаи рушди иқтисоди иҷтимоӣ ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои солҳои 2021-2025 ва дигар масъалаҳои муҳим дастуру супоришҳои мушаххас дод.                                                                                                                         Саидвоҳиди Қосим