ҲАМАРӮЗА БА СОКИНОНИ РУСТОИ ЗАРАРДИДА ХӮРОКИ ГАРМ НИЗ ДОДА МЕШАВАД

0
9

Имрӯзҳо бо мақсади бартараф намудани оқибатҳои зилзилаи харобиовар дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ тибқи супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат муҳтарам Қоҳир Расулзода Комиссияи ҷумҳуриявӣ дар ҷойи ҳодиса ба таври мунтазам кору фаъолият намуда истодааст.

Инчунин барои дастгирии ҳамаҷонибаи сокинони рустоҳои зарардида аз офати табии тибқи супоришҳои Роҳбарияти Олии мамлакат ва вазифагузориҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ҳамарӯза барои сокинон аз ҷониби масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ хӯроки гарм аз ҷумла оши «Палов» дастрас карда мешавад. Шуруъ аз 23-март чунин хӯроки гарм аз ҷониби масъулин омода ва ба сокинон дода мешавад.