ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН: ШУМО МАРДУМИ КӮҲИСТОН ТАНҲО НЕСТЕД

0
27

Санаи  25-марти соли ҷорӣ вакилии маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Ғиёсиддин аз рустоҳои осебдидаи ҳудуди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дидан карда   бо мардум ру ба рӯ сӯҳбат намуд.

Зимни вохӯрию дидор бо мардум гуфт давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери Роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии ҳамаҷонибаи сокинон дар ҳама ҳолат ғамхори зоҳир менамояд.

Шарифзода Ғиёсиддин  дар назди ҳозирин бори дигар аз ин ҳодисаи нохуши табии ёдовари намуда иброз дошт,ки ин офати табии,ки шаби 23 март ҳудуди Тоҷикистонро такон дод ва дар натиҷа ин зилзила дар водии Рашт ва Кӯҳистони Мастчоҳ хисорот ба бор овард. Субҳи ҳамон рӯз тибқи супориши Роҳбари давлат масъулони баландпояи ҳукумати мамлакат аз ҷумла Сарвазир муҳтарам Қоҳир Расулзода ҳамроҳ бо Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба маҳалли ҳодиса расида, фавран Комиссияи ҷумҳуриявӣ ҷиҳати бартарафсозии оқибатҳои офати табии таъсис дода шуд. Инак давоми чанд рӯз аст, ки Комиссия мунтазам корбарӣ карда истодааст. Шукрона ки талафоти ҷони нест. Шумо танҳо нестед вазъият таҳти назорати бевоситаи Роҳбари давлат қарор дошта, сохторҳои марбута кор карда истодаанд, ба таҳлука ва эҳсосот дода нашавед. Комиссияи ҷумҳуриявӣ таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат ва инчунин масъулини вилоят тибқи вазифагузориҳои Раиси вилоят ҷиҳати бартарафсозии оқибатҳои зилзила ҷидду ҷаҳд доранд.

Инчунин дар ин радиф аллакай аз ҷониби дигар шаҳру навоҳии мамлакат мувофиқи имконият баҳри ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои офати табии ва барқарорсозии иншоотҳои харобгаштаи Шумо кӯмакҳои мухталиф аз қабили хӯрока ва масолеҳи сохтмонӣ дастрас шуда истодааст.