Аёдати дӯстрӯякон

0
10

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҳар як иду айём ва ҷашнвораҳои миллӣ, қишри ниёзманди аҳолӣ ба хусус ятимону бепарасторон пайваста ба ғамхори фаро гирифта мешаванд.

Санаи 21-марти соли 2023 дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло, намояндаи ҳукумати ҷумҳурӣ муовини директори Агентии хоҷагии ҷангали назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Давлаталӣ, Сардори муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Суғд Ҳоҷизода Насим, бо  чанде аз ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои камбизоат мулоқот карданд.

Зимни вохӯри Раиси ноҳия ва меҳмонон дӯструяконро ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз табрик намуданд.

Гуфта шуд, ки имрӯз давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии қишри ниёзманди аҳолӣ, ба хусус ятимону бепарасторон тибқи супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ғамхори зоҳир намуда, ҷиҳати дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ҳувияту миллию меҳанпарасти тарбия намудани онҳо тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Ба дӯстрӯякон таъкид шуд, ки Шумо танҳо нестед, имрӯз барои таълиму тарбияи шумо тамоми шароитҳо муҳайё аст ва дар ин замина вазифаи шумо танҳо хубу аъло хондан мебошад.

Бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз барои ин дӯструякон тӯҳфаҳои идона аз қабили сару либос ва шириниҳои наврӯзӣ тақдим карда шуд.

«ПАЁМИ КӮҲИСТОН»