ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ

0
56

Санаи 21-марти соли 2023 дар маркази маъмурии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз чорабинии бошукӯҳи идона доир гардид. Дар чорабини Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Давлаталӣ, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ҳоҷизода Насим, масъулину фаъолон ва пиру барнои ноҳия гирди ҳам омада буданд.

Дар воқеъ Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадими ва бузурги миллати мо буда, ин ҷашн бо фалсафаи хоси худаш, ки василаи рафоқату дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмию сарҷамъи ва пайки омадани баҳори нозанину гул-гулшукуфоии табиат дониста мешавад ҳамасола дар дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла дар Тоҷикистони азизи бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлили карда мешавад. Сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ низ дар радифи дигар сокинони мамлкат ин Иди бостониро басо ҷолибу хотирмон истиқбол намуданд.

Субҳи имрӯз фазои шаҳраки Меҳрон идона ба назар мерасид. Пиру барно аз ҷамоату деҳоти ноҳия ҷамъ омада буданд. Саҳни баргузории чорабини дар назди бинои МИҲД-и ноҳия ҷолибу дидани ороста шуда буд. Сокинони ноҳия дар саҳни чорабини хони наврӯзии хешро тибқи урфу отад ва суннатҳои хоси ин иди бостони густурда буданд. Ҳамчунин дар гушае маҳсули дасти ҳунармандону кишоварзони ноҳия ба маърази тамошо гузошта шуда буд. Нахуст Раиси ноҳия ва ҳайати меҳмонон аз маҳсули дасти ҳунамандон ва маҳсулотҳои кишоварзии ба намоишгузошта шуда, инчунин аз дастурхони идонаи сокинон дидан карда ба дастранҷи ҳунамандону деҳқонон ва хони густурдаи сокинон баҳои баланд доданд.

Дар оғози чорабинии идона Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло сокинони ноҳия ва иштирокчиёнро ба муносибати Иди байналмилии Наврӯз самомона барик намуд. Зимни суханронӣ аз таърихи Наврӯз ҳамчун ҷашни бостонии миллати тоҷик ёдовар шуда, қайд кард, ки бо ташаббус ва иқдомҳои фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашни бостонии миллати мо яъне Наврӯз мақоми ҷаҳонӣ касб кард, инак беш аз даҳ сол аст, ки дар баробари мо тоҷикон дигар давлатҳо ё худ сокинони зиёди гӯшаю канори олам ин иди аҷдодии моро ҷашн мегиранд. Ин падида мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як тоҷику тоҷикистонист. Ба таъбири дигар Истиқлолиятии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон худ Наврӯзи таърихи навини мамлакати мо буда, аз баракати марҳилаи бунёдкориву созандагиҳо, баҳори шукуфоии ғунчаҳо ва айёми ҳосил мужда медиҳад гуфт Раиси ноҳия.

Сипас муовини Директори Агентии Хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Давлаталӣ ба сухан баромада Паёми табрикотии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз ироа кард. Ҳамчунин Сардори муассисаи давлатии Хоҷагии ҷангали вилояти Суғд Ҳоҷизода Насим низ табрикоти Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро бахшида ба иди Наврӯз ба самъи ҳозирин расонид.

Бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз барои фаъолияти хубу арзанда, чанде аз собиқадорон, фаъолон ва ҳунармандони ноҳия, бо сипоснома ва мукофотҳои идона қадрдонӣ карда шуданд.

Чорабинии фарҳанги имсола бахшида ба иди Наврӯз хотирмон сурат гирифт. Зеро, имсол ба хотири болида гардонидани рӯҳияи идонаи сокинони ноҳия сарояндаи шиносхтаи тоҷик Рустам Исоев ташриф оварда буд. Номбурда бо суруду таронаҳои ҷолибаш баромада карда ба чорабинии идона ҳусни нав зам намуд.

Сипас дар саҳни баргузории чорабини идона чун анъанаҳои неки Наврӯз бозиҳои варзишӣ аз қабили ресмонкашӣ ва гуштини миллии “Гӯштингирӣ” сурат гирифт. Ин мусобиқаи варзиши аз ҳарвақта дида басо ҷолиб сурат гирифта, то дербоз давом кард. Паҳлаванон аз ҷамоату деҳоти мухталифи ноҳия бо омодагии хуби варзиши ҳозиршуда, ҳунарнамоии арзанда нишон доданд. Дар фарҷоми мусобиқа ғолибон аз ҷониби Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло бо мукофотҳо аз қабили телевизор ва дигар ҳадяҳои арзанда қадрдонӣ карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола санаи 21 март дар кишварҳои мухталифи олам аз ҷумла Тоҷикистони офтобруяи мо Наврӯз ҳамчун иди бостони ва ҳамдигарфаҳмию муттаҳиди таҷлил карда мешавад. Имсол ин Иди бостони яъне Наврӯз дар Кӯҳистони Мастчоҳ нисбати солҳои қабл бо шодиву нишоти хос таҷлил карда шуд.