ИШТИРОКЧИИ ҶБВ ДАР АРАФАИ ИДИ АРТИШИ МИЛЛӢ АЁДАТ КАРДА ШУД

0
12

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҳар иду ҷашнвораи миллӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат пайваста ба ғамхори фаро гирифта мешаванд.     Дар арафаи 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сокини деҳаи Эсизи поён Одинаев Халифа иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватаниро дар манзили зисташ  аёдат намуданд. Ҳангоми боздид ва суҳбати самими ба Бобои Халифа, аз кору пайкор ва ҷодаи тайнамудаи ӯ дар ҷанг барои озодии ватан дар муқобили душманро намунаи ибрат барои насли наврас унвон карда, ба ӯ тӯҳфаи идонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро тақдим намуданд.

Одинаев Халифа барои чунин дастгириву ғамхориҳо, аз Роҳбарият Олии мамлакат ва тамоми масъулон изҳори сипос намуда, баҳри таъмини сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ ва давлати озоду ободи Тоҷикистон дуъои нек намуд.

Ёдовар мешавем, ки Одинаев Халифа мутаваллиди соли 1925 буда, ҳамзамон истиқоматкунаи деҳаи Эсизи поёни ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мебошад. Номбурда иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 буда, пас аз ин ҷанги ваҳшатноки хонумонсӯз ба ватан аниқтараш ба зодгоҳаш баргашта, айни замон 98-сола умр дошта солиму бардам дар Кӯҳистон дар ҳалқаи фарзандону наберагон давлати пирӣ меронад.

Саидвоҳиди Қосим