БЕМОРХОНАИ МАРКАЗИИ НОҲИЯ БОЗ СОҲИБИ МОШИНИ ЁРИИ ТАЪҶИЛӢ ШУД

0
26

Ба хотири беҳтару хубтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ба Беморхонаи марказии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ як мошини ёрии таъҷилии муосир бо тамоми таҷҳизоти лозимӣ дастрас гардид.

Ин мошин сохти давлати Ҷопон буда, дар дохилаш тамоми дастгоҳҳои шӯъбаи эҳёгариро доро буда, кафолати беҳтару бештари хизматрасонии тиббиро низ дорад. Мошини ёрии таъҷилӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Беморхонаи марказии ноҳия тақдим гардидааст.

Чунин дастгириҳои Вазорати тандурустӣ барои боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ буда, кори табибонро ҳам хеле осон мегардонад. Бояд гуфт, ки давоми се соли охир ин сеюмин мошини ёрии таъҷилист, ки аз ҷониби Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ба ноҳияи дурдасти Кӯҳистони Мастчоҳ дастрас карда шудаанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, аҳли табибон, сокинони ноҳия аз чунин таваҷҷӯҳ ва дастгириҳои Вазорати тандурустии мамлакат шахсан аз вазир муҳтарам Ҷамолиддин Абдуллозода барои чунин таваҷҷӯҳу дастгириҳо изҳори сипос менамоянд