Паём- роҳнамо барои ояндаи дурахшони Ватан

0
139

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 23-декабри соли 2022 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, барои ҳар як сокини кишвар дастури  роҳнамо  баҳри амали гаштани иқдомҳои неку созанда роҳандозӣ гардида,  ҳамасола сокинони  кишвар  Паёми ироагардидаро сармашқи кори худ,  дар амалӣ гаштани корҳои ободонӣ қарор медиҳанд. Сокинони ноҳияи  Кӯҳистони Мастчоҳ низ дар қатори  дигар шаҳрвандони кишвар Паёми навбатиро барои худ дастури созанда қарор дода баҳри иҷрои дастуру супоришҳои дар паём дарҷгардида содиқонаву софдилона кӯшиш мекунанд.

Бо мақсади шарҳу тавзеи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  ки санаи 23-декабри соли 2022 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, дар ҳар як деҳаҳои ноҳия маҳфилу мулоқотҳо баргузор гардида истодааст. Аз ҷумла санаи 03 феврал чунин мулоқот бо иштироки гурӯҳи корӣ аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо сокинони деҳаи Оббурдон, Ҷамоати “Иван- тоҷик” баргузор гардид.

Дар вохурӣ нахуст Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Аҳмадзода Ҳотам мӯҳтавои Паёми Президентро ба ҳозирин расонида иброз дошт, ки ҳамасола Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои аҳолии кишвар як дастури роҳнамо буда,  амали гаштани дастуру супоришҳои дар Паём дарҷгардида аз ҳар як шаҳрванди кишвар ақлу заковат ва меҳнати содиқонаро талаб мекунад. Ва бояд ҳар яки мо барои беҳбудии ватану меҳани худ софдилона кор барем, Зеро ҳамасола бо ироа гардидани  Паём сатҳи некаҳволии зиндагии сокинони кишвар рӯ ба беҳбудӣ меояд. Ин ҳам дар мисоли ҳамасола зиёд гардидани музди маоши кормандони буҷавӣ, нафақа, ступендия ва дигар масъалаҳои беҳбудии зиндагии мардум мебошад. Ва Паёми имсола бошад чун ҳамасола бо як анъанаи неку ҳамдигарфаҳмӣ ва дар фазои сулҳу субот ироа шуд, ки ин Паём бо муҳтавои хосу муждаи некаш аз ҷониби сокинони Тоҷикистон бо як хушнуди пазируфта шуд. Аз ҷумла имсол дар баробари дигар нуқтаҳо ва муждаҳо аз ҷониби Пешвои миллат ҷиҳати дастгирии қишри ниёзманди аҳолӣ ё худ аҳолии камбизоат 285-млн сомонӣ ҷудо карда шуд, ки аз ҷониби бахши ҳифзи иҷтимои дар саросари мамлакат ба оилаҳои камбизоат кумаки яквақтаина бо миқдори 600-сомонӣ дастрас карда мешавад. Имрӯзҳо тибқи супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин кӯмакпулӣ дар саросари мамлакат ба қишри ниёзманди аҳолӣ дастрас шуда истодааст. Дар вохурӣ  оиди дигар паҳлуҳо ва нуқтаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар карда шуд  Пас аз баромади Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, Комиссарияти ҳарбии ноҳия Саидализода Фозил оиди омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва даъвати баҳоронаи  ҷавонони соли таваллудашон 1996-2005 сухан ронда  аз  ҳозирин даъват ба амал овард, ки фарзандони худро дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намуда баҳри иҷрои рисолати қарзи шаҳрвандии ҷавонон онҳоро ба  сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон омода намоянд. Зеро имрӯз сокинони кишвар дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ дошта тамоми шароитҳои хуб  барои хизмати сарбозон дар қисмҳои низомӣ омода карда шудаст. Бояд ҳар як ҷавон ба қадри ин неъматҳо расида аз даъвати ҳарбӣ саркаши накарда қарзи шаҳрвандии худро ба ҷой орад. Номбурда ҳамчунин  иброз дошт, ки  Дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд  таҳти № 489 аз 27 декабри соли 2022 ва қарори раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ таҳти №5 аз 03 январи соли  2023 “Дар бораи гузаронидани омӯзиши пешаки барои даъвати баҳории соли 2023, шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1996-2005 ба хизмати ҳарбӣ” ва “Дар бораи қайди ибтидоии ҳарбӣ гузаштани шаҳрвандони соли таваллудашон 2007”дар ноҳия корҳои фаҳмондадиҳи гузаронида шуда истодааст. Бояд волидайн ва роҳбарони кумитаи маҳал дар якҷоягӣ кор баранду аз аввалинҳо шуда чун анъанаи неки гузашта нақшаи даъватро иҷро намоянд.

Дар идомаи вохурӣ муовини раиси ноҳия Гулҷаҳон Вазирова оиди нақшаву корҳои созандагӣ дар ноҳия баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни 35 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои ҷонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана  ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ронда аз ҳозирин даъват ба амал овард,ки баҳри иҷрои қонунҳои амалкунанда бояд ҳар як шаҳрванд кушиш ба харҷ дода фарзандони худро бо роҳи дуруст тарбият намояд. Ва имрӯзҳо, ки бархе аз шабакаҳои иҷтимоӣ бо фитнаву дасисаҳои бофтаи худ ҷавононро ба доми фиреб гирифтор карда онҳоро ба ҳар гуна гуруҳҳои ифротгаро шомил карда истодаанд, бояд падару модарон дар ин самт ба фарзандони худ назорати ҷиддӣ бурда нагузоранд,ки  ҷавонон шомили кирдорҳои бад шуда барои волидайн ва миллату давлати худ боғ биёранд. Ҳамчунин дар идомаи суханрониаш мавсуф оиди оқибатҳои бади   ҷудошавии оилаҳои ҷавон, ҷалби духтарон ба зинаи сеюми таҳсил ва пешгирии дигар амалҳои номатлуб сухан ронда аз ҳозирин даъват ба амал овард,ки баҳри рух надодани ҳамаи амалҳои ғайриқонуни бояд дар якҷоягӣ кор бурда шавад.

Дар охир Абдуҷалил Қозиев, раиси ҷамоати деҳоти  ба номи Иван-тоҷик аз ғамхориву дастгириҳои ҳукумати мамлакат, шахсан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ намуда иброз дошт, ки бо дастгирву ташаббусҳои пайвастаи Пешвои миллат тамоми  гушаву канори мамлакат аз деҳаҳо то шаҳрҳо ободу зебо гашата барои зиндагии шоистаи мардум тамоми шароит муҳаё шудааст. Ба қадри ҳамаи ин ободиҳо расида софдилона хизмат намоем ва фарзандонамонро бо дониши хуб тарбия намуда барои соҳибкасб гардидани онҳо кушиш намуда онҳоро аз шомил шудан ба гуруҳҳои ифротӣ боз дошта ба ҳар гуна таълимотҳои ғайрирасмӣ роҳ надиҳем. Ва дастҷамъона пеши роҳи ҳар гуна қонуншиканиро гирифта дар ободонии кишвари азизамон саҳмгузор бошем.

Ёдовар мешавем, ки баргузории чунин мулоқотҳо тибқи нақшаи тасдиқнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ баҳри амали гаштани дастуру супоришҳои дар паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида буд , дар тамоми деҳаҳои ноҳия баргузор мегардад.