Ҳисоботи Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ дар соли 2022

0
37

 Бо мақсади баланд бардоштани вазъи иҷтимоию иқтисодии ноҳия, вусъати корҳои ободонию созандагӣ, бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-уми январи соли 2022, №311 ва вазифагузориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба роҳ мондани корҳои созандагиву бунёдкорӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешида, дар ин замина қарори Раиси ноҳия аз 28-уми феврали соли 2022, №53 ба тасвиб расонида шуд. Дар асоси он нақшаи чорабиниҳо иборат аз 115 банд омода шуда, сохтмони иншооти гуногуни хоҷагии халқи ноҳия, ки барои рушду ободӣ ва баланд бардоштани зиндагии шоистаи аҳолии ноҳия заминаи мусоидро фароҳам меоварад, таҳия ва тасдиқ шудаанд.

Дар соли 2022-юм 23 банд нақшаи чорабиниҳо пешбинӣ гардидаанд, ки иҷрои онҳо пурра ба анҷом расонида шуданд ва нисбат ба нақша 100 фисадро дарбар мегирад. Дар асоси дастуру вазифагузориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ба имрўз ҷиҳати ба кор андохтани иқтидорҳои нав дар ҳамаи соҳаҳо ва истифодаи самараноки истеҳсолот, ба роҳ мондани маҳсулоти рақобатпазир, тақвияти имкониятҳои содиротии ноҳия ва умуман дар самти иҷрои Барномаю Стратегияҳо корҳои амалӣ ба иҷро расонида шуда, ин иқдом мунтазам идома дода мешавад.

Ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 26-уми декабри соли 2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ чорабиниҳои доимиро роҳандозӣ намуда, дар такя ба дастуру вазифагузориҳои дар Паём баёнгардида фаъолиятро дар соли 2022 ба роҳ монда омад.

Бо ин мақсад қарори Раиси ноҳия аз 17-уми феврали соли 2022, №42 ва нақшаи чорабиниҳои мукаммал иборат аз 68 банд таҳия шуда, иҷрои онҳо зери назорати доимӣ қарор дода шудааст.

Бо мақсади амалӣ намудани дастуру вазифагузориҳои Пешвои муаззами миллат, ки зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2022-2026-ро «Солҳои рушди саноат» эълон намуданд, барои ноил гаштан ба ин ҳадафи миллиамон рушди саноати ватанӣ, ки ҷавҳари фаъолияти минбаъда ба ҳисоб меравад, чораҳои таъхирнопазир андешида шуда, оид ба амалӣ намудани ин иқдоми наҷибонаи Пешвои муаззами миллат бо соҳибкорону фаъолони ноҳия кор дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудааст.

Самаранокии фаъолияти мақомоти идоракунии маҳаллӣ

Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар соли 2022-юм 8 Фармон ва 9 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 71 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 68 қарор ва 9 амри Раиси вилоят инчунин 36 нақшаи чорабиниҳо ворид гардида, дар заминаи онҳо 216 қарор, 123 амри Раиси ноҳия ва 36 нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба тавсиб расонида шудаанд, ки дар асоси онҳо кор дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудааст.

Фаъолияти Маҷлиси вакилони халқи ноҳия дар асоси дастурамал ва низомномаҳои муқаррарнамуда ба роҳ монда шуда, ҳайати вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия иборат аз 30 нафар, аз он 7  нафар занон ва 4 нафар ҷавонон мебошанд.

Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия 6 адад буда, фаъолияти онҳо дар асоси моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ба роҳ монда шуда, ҷаласаҳои комиссияҳо тибқи Дастурамал  ба роҳ монда мешаванд.

Дар давраи ҳисоботӣ 4 маротиба иҷлосияҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳия баргузор гардида, дар иҷлосияҳо 25 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд. Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ барои солҳои 2021-2025 бо қарори Раиси ноҳия аз 30-юми июни соли 2020, №117 таҳия гардида, он дар иҷлосияи чорум даъвати шашуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз 30-юми декабри соли 2020, №78 тасдиқ гардидааст. Барнома аз 138 лоиҳа иборат буда, маблағи он 174666,5 ҳазор сомониро дарбар мегирад. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ба маблағи 18606,2 ҳазор сомонӣ корҳо иҷро гардидаанд, ки ин нишондиҳанда нисбати нақшаи умумӣ (174666,5 ҳазор сомонӣ) 10,7 фисад ва нисбати нақшаи солҳои 2021-2022 (79046,0 ҳазор сомонӣ) 23,5 фисад таъмин гардид. Корҳои иҷрогардида аз ҳисоби буҷет ба маблағи 14577 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ 310 ҳазор сомонӣ, бо дастгирии шарикони рушд 4032,2 ҳазор сомонӣ мебошад.

Дар ноҳия ду Ҷамоати деҳот–Лангар ва Иван-Тоҷик фаъолият доранд, ки баҳри дастгирии онҳо барои пурзўр намудани фаъолият пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида шудааст.

Баррасии муроҷиати шаҳрвандон

Дар давраи ҳисоботӣ 772 адад муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардидааст, ки аз ин шумора 741 адад хаттӣ, 27 адад шифоҳӣ, 4 адад телефонӣ мебошанд. Аз шумораи умумии муроҷиатҳо 22 адад аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 310 адад оиди қитъаи замини наздиҳавлигӣ, 80 адад оиди таъмин гардидан бо шаҳодатнома, 16 адад оиди сохтмон, 80 адад оиди ташкили хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ, 7 адад оиди ташкили хоҷагии ёрирасон, 117 адад оиди расонидани кӯмаки моддӣ, 4 адад оид ба навбат гузоштан ба сафари ҳаҷ, 136 адад оиди масъалаҳои дигар мебошанд. Аз шумораи умумии муроҷиатҳо 188 адад қонеъ гардонида шуда, 48 адад рад карда шуда, 497 адад фаҳмонида шуда ва 39 адад дар баррасӣ қарор доранд. Мавриди зикр аст, ки 48 адад муроҷиати радгардида барои гирифтани замини наздиҳавлигӣ буда, ҳангоми баррасӣ бинобар эҳтиёҷманд набуданашон рад  карда шудаанд.

Иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”

Бо мақсади иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар ноҳия аз рўи нақшаи чорабиниҳои алоҳида, ки иборат аз 72 банд мебошад, кор дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудааст. Дар ин замина дар давраи ҳисоботӣ бо хонандагони зинаи сеюми таҳсил ва омўзгорон зиёда аз 54 маротиба машваратҳо баргузор карда шуданд. Дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия маводҳои тарғиботӣ ва гӯшаҳои махсуси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” насб карда шудаанд. Оиди ин масъала дар ноҳия моҳҳои феврал, апрел ва октябр машварати корӣ бо сарварони муассисаҳои таълимӣ ва роҳбарони Ассотсиатсияи волидайну омўзгорон баргузор карда шуда, талаботи иҷрои қонун мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дода шуданд.

Ҳар моҳ дар маҳалҳои аҳолинишин аз рӯи нақшаи алоҳида доир ба аҳамияти Қонуни мазкур мулоқотҳо доир шуда истодаанд. Дар ин раванд фаъолияти 30 комиссия зери назорат қарор дода шуда, байни ноболиғон дар давраи ҳисоботӣ ҷиноят ба қайд гирифта нашудааст.

Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Дар соли 2022 дар ноҳия 205 ҷашну маросим доир гардиданд, ки ҳамаи онҳо тӯйи домодиву арусӣ мебошанд. Нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 маросими тўйи домодию арўсӣ 41 адад зиёд гардидааст. Маблағи ҳамаи чорабиниҳо 717500 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 211,9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Сабаби асосии зиёд гардидани маблағи чорабиниҳо аз 41 адад зиёд шудани ҷашну маросим аст. Ба ҳар як маросим дар давраи ҳисоботӣ ба ҳисоби миёна 3500 сомонӣ рост омадааст. Барои баргузории тӯю маърака ва маросим асосан дар ноҳия аҳолӣ аз ҳисоби забҳи чорвои хурд ва харидории гўшт истифода менамоянд. Ин иқдом боиси дастгирӣ буда, харҷи маблағҳо барои харидории гўшт ҳамасола кам гардида истодааст.

Соли 2022 корбарӣ дар байни аҳолӣ ҷиҳати пешгирии қонуншиканиҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуд. Дар ноҳия се комиссияи доимӣ ва 44 комиссияи ҷамъиятӣ оид ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” фаъолияти пурсамар дошта, дар ин давра 12 семинар-машварати дастурдиҳӣ, 50 адад рейд, 55 мулоқоту вохўрӣ доир гардидаанд.

Якҷо бо сохторҳои марбутаи ноҳия аз ҷумла, ҳифзи ҳуқуқ оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана  ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 37 маротиба дар маҳалҳои аҳолинишин вохўриҳо баргузор шуданд.

Иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

“Дар бораи хизмати давлатӣ”

Ҳамаи кадрҳои соҳаи хизмати давлатӣ тариқи озмун ва бо риояи Кодекси “Одоби хизмати давлатӣ” ба кор қабул карда мешаванд.

Риояи моддаҳои 18 ва 20-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” дар ноҳия зери назорат қарор дода шудааст. Барои баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ тадбирҳои зарурӣ дар асоси иҷрои бандҳои Қонун бурда шуда истодаанд. Дар ин давра панҷ маротиба семинар-машварати дастурдиҳӣ ва иҷрои саривақтии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” дар байни кормандон гузаронида шуда, дар ташкилоту муассисаҳо, воҳидҳои сохторӣ ва ҷамоатҳои деҳоти ноҳия санҷиши рафти ҳуҷҷатгузорӣ ва иҷрои талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ давоми моҳҳои январ, июл ва август гузаронида шуд. Инчунин, парвандаҳои хизматчиёни давлатӣ аз нав санҷида шуда, камбудиҳои онҳо бартараф карда шуд.

Айни ҳол 49 нафар хизматчиёни давлатӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ташкилоту муассисаҳо кору фаъолият доранд, ки аз он 7 нафар занон буда, 35 нафар ҷавонон мебошанд. Шумораи ҷойҳои кории холӣ (вакансия) 8 адад мебошад. Ҳамзамон, аз ҳисоби занон 3 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда ва аз ҳисоби ҷавонон 7 нафар фаъолият намуда истодаанд, ки дар ин самт минбаъд корбарӣ зери назорат қарор дода мешавад. Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия 2 маротиба озмуни ҷойҳои кории холӣ гузаронида шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ба шӯъбаи кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси ноҳия 13 нафар оиди таъмин гардидан бо ҷойи корӣ муроҷиат намуданд, ки аризаҳои онҳо аз тарафи масъулин дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” баррасӣ гардиданд.

Маълумот оид ба иҷрои даромад ва хароҷоти буҷет

Нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ дар соли 2022 (бе дарназардошти андози иҷтимоӣ) 5480,0 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои он 6568,7 ҳазор сомонӣ таъмин карда шудааст, ки ин рақам аз нақша 1088,7 ҳазор сомонӣ зиёд ё худ 119,8 фоиз таъмин гардидааст.

Нақшаи қисми хароҷоти буҷети ноҳия бошад, 31468,9 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида буд, ки иҷрои он 31293,1 ҳазор сомонӣ ё 99 фисадро дарбар мегирад. Нақшаи мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 2732,9 ҳазор сомонӣ, иҷрои он 2714,0 ҳазор сомонӣ ё худ 99 фоиз иҷро гардидааст. Дар соҳаи мудофиа нақша 108,2 ҳазор сомонӣ, иҷроиш 108,2 ҳазор сомонӣ ё 100 фоизро дарбар мегирад. Дар соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нақша 15,07 ҳазор сомонӣ, иҷроиш 15,07 ҳазор сомонӣ ё 100 фоизро ташкил медиҳад. Соҳаи маориф 21283,3 ҳазор сомонӣ, иҷроиш 21152,7 ҳазор сомонӣ, ё худ 99 фоизи нақшаро дарбар мегирад. Дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ 5398,1 ҳазор сомонӣ, иҷроиш 5396,2 ҳазор сомонӣ, ё худ 99,9 фоиз иҷро гардидааст. Суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ тибқи нақша 289,5 ҳазор сомонӣ иҷрои он 289,5 ҳазор сомонӣ ё худ 100 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ нақша 566,5 ҳазор сомонӣ иҷрои он 566,4 ҳазор сомонӣ ё худ 100 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Соҳаи фарҳанг ва варзиш нақша 664,9 ҳазор сомонӣ, иҷроиш 648,6 ё 98 фоизро дарбар мегирад. Дар соҳаи кишоварзӣ нақша 211,7 ҳазор сомонӣ  иҷроиш 203,6 ҳазор сомонӣ ё 96 фоиз аст. Дигар хароҷот тибқи нақша 198,2 ҳазор сомонӣ, иҷроиш 198,2 ё 100 фисад таъмин карда шудааст.

Ба буҷети маҳаллӣ бошад, дар давраи ҳисоботӣ 4919,3 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки он 130 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Дар ин давра ба буҷети ноҳия нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 1144,3 ҳазор сомонӣ маблағ зиёд ворид гардидааст.

Маблағи қарзи андоз дар ноҳия 178,7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба аввали соли равон 9 ҳазор сомонӣ кам гардидааст. Баҳри пардохти маблағҳои қарзи андоз дар ноҳия аз ҷониби кормандони нозироти андоз корбарӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

Нақшаи андози суғуртаи иҷтимоӣ 265,3 ҳазор сомониро ташкил дода, таъминоти он ба маблағи 285 ҳазор сомонӣ иҷро карда шуд, ки 107,4 фоизи нақшаро дарбар мегирад. Нақшаи андози иҷтимоӣ 5134 ҳазор сомониро ташкил дода, иҷрои он 5642,2 ҳазор сомонӣ таъмин гардид, ки 109,2 фоизро дарбар мегирад.

Қарздорӣ дар самти пардохти маблағҳо дар бандҳои ҳимояшавандаи қисми хароҷоти буҷет дар ноҳия вуҷуд надорад.

Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия музди миёнаи меҳнат 978,72 сомониро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 114,39 сомонӣ ё 113,2 фисад зиёд мебошад.

Таъмини беҳбуди фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ ва мусоидат ба рушди соҳибкорӣ

Дар ноҳия аз 89 нафар соҳибкор 12 нафар бо патент, 45 нафар бо шаҳодатномаҳои шартии махсус, 32 нафар бо шаҳодатномаҳои дар низоми махсусбуда фаъолият мебаранд ва аз ин шумора 12 нафарро  занон ташкил медиҳанд.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи касбият, малакаи соҳибкорон, пурра ва сифатан омода намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ, нақшаҳои тиҷоратӣ, пурзўр намудани дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ машварати васеи дастурдиҳӣ бо иштироки  соҳибкорон гузаронида шуд.

Барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ кор дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Бо дастгирӣ ва маблағгузории шарикони рушд дар ноҳия ҳамасола дар самти кишоварзӣ ва бунёди иншооти иҷтимоӣ корҳои ободониву созандагӣ ба роҳ монда мешавад, ки ин омил барои баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии зиндагии шоистаи аҳолии ноҳия заминаи мусоидро фароҳам меоварад.

Дар ноҳия ҷиҳати ҷорӣ намудани расмиёти электронӣ ва рақамӣ, баррасӣ ва пешниҳоди иҷозатномаҳо инчунин пешниҳоди ҳуҷҷатҳои иҷозатномадиҳӣ дар ниҳоду сохторҳои дахлдор кор дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда истодааст. Барои бартараф намудани омилҳои субъективӣ пайваста бо масъулони соҳа тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ мегардад.

Айни ҳол дар нозироти андози ноҳия низоми иҷозатномадиҳӣ барои фаъолияти соҳибкорӣ дар шакли электронӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ 6 нафар соҳибкор бо патент, 6 нафар соҳибкор бо шаҳодатнома, 26 адад хоҷагии деҳқонӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Дар соли 2022 аз ҳисоби бахши ноҳиявии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар ноҳия ба 157 нафар соҳибкор маблағ ҷудо гардид, ки аз ин шумора 17 нафарро занон ва 52 нафарро ҷавонон, 88 нафар дигар табақаи аҳолӣ қарзҳо барои рушди соҳибкорӣ дода шудааст. Маблағи умумии қарзӣ 2096 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 29500 сомонӣ ё 101 фисад зиёд мебошад. Раванди тамоюли маблағгузории соҳибкорон барои рушди ин соҳа зина ба зина боло рафта истодааст.

Маълумот оид ба рушди соҳаи саноат

Ҳаҷми истеҳсоли маҷмўи маҳсулоти саноатӣ дар давраи ҳисоботӣ 13418 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 146 фисад ё 4228,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Шумораи умумии корхонаҳои саноатӣ дар ноҳия 2 ададро ташкил медиҳад. Корхонаи саноатии ҶДММ “Қудрат 2010” дар таъмини ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳия саҳми назаррас дорад. ҶДММ “Қудрат 2010” дар ин давра 93550 тонна ангишт истихроҷ намудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 33550 тонна ё 1,6 баробар зиёд мебошад.

Дар ноҳия захираҳои бойи табиӣ зиёд буда, барои коркард ва ба истифода додани онҳо аз сабаби набудани маблағҳои зарурӣ имкониятҳо мавҷуд нестанд. Барои таъсиси корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ якҷо бо сармоягузорон ва соҳибкорон корбарӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ноҳия як адад коргоҳи коркарди маҳсулоти ширӣ бо дастгирии соҳибкорон сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст, ки аҳолии ноҳияро пурра бо маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин намуда истодааст. Инчунин, дар ин коргоҳ 5 нафар бону ба ҷойи кори доимӣ таъмин карда шудаанд.

Дар ноҳия 6 адад коргоҳи коркарди чўбу тахта мавҷуд аст, ки барои ба роҳ мондани корҳои сохтмонӣ ва таъмини аҳолӣ бо масолеҳҳои сохтмонӣ заминаи мусоидро фароҳам оварда истодааст. Самти фаъолияти ин коргоҳҳо асосан ба коркарди чўбу тахта нигаронида шудааст.

Дар ноҳия 4 адад коргоҳи дўзандагӣ мавҷуд мебошанд, ки дар ин ҷо дӯхти либоси мактабӣ низ ба роҳ монда шуда, бонувони ботаҷриба кору фаъолият менамоянд.

Дар соли сипаришуда дар деҳаи Падаск коргоҳи хурди истеҳсоли собун ба роҳ монда шуд, ки истеҳсоли моҳонаи он 450 донаро дарбар мегирад. Айни замон дар коргоҳ 3 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд. Инчунин, дар ин давра дар деҳаи Валиғонди ноҳия коргоҳи хурди пахтатозакунӣ ба истифода дода шуд, ки 2 нафар фаъолият доранд. Коргоҳи коркарди маҳсулоти ширӣ аз ҷумла, қурут ва гиёҳҳои шифобахш дар деҳаи Валиғонд бо 3 ҷойи корӣ фаъолият бурда истодааст. Бо дастгирии соҳибкор Суҳроб Бадалов дар деҳаи Худгифи Соя коргоҳи коркарди қуму шағал бо таъсиси 3 ҷойи нави корӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуд, ки ин коргоҳ хишти сементӣ низ истеҳсол менамояд. Инчунин, дар деҳаи Табушн бо дастгирии соҳибкори маҳаллӣ Мирзоабдулло Ҳоҷиев коргоҳи коркарди чӯбу тахта бо ду ҷойи кории нав сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Дар деҳаи Валиғонд бо дастгирии соҳибкорон як адад коргоҳи дӯзандагӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Маълумот оид ба рушди энергетика

Дар соли 2022 ҳисобгиракҳои электронии каммасраф 36 адад насб гардидааст, ки дар сарфаи нерўи барқ аҳамияти калон доранд. Пардохти маблағи ҳаққи истифодаи қувваи барқ 1082 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 90,8 ҳазор сомонӣ ё 9,2 фисад зиёд мебошад.

Яке аз мушкилоти асосии соҳа ин пайваст набудани 14 деҳаи ҳудуди Ҷамоати деҳоти Лангар ба хатти баландшиддати барқ буд, ки бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз ҷониби корхонаи  лоиҳакашии “Энергосетпроект” лоиҳа барои деҳаҳои мазкур бо маблағи 17 миллион сомонӣ омода карда шуда, барои амалӣ гардидани он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ШСХК “Барқи Тоҷик” пешниҳод карда шуд. Боиси хушнудист, ки лоиҳаи мазкур ҳамчун лоиҳаи афзалиятнок дастгирӣ ёфта, марҳилаи якуми он ба масофаи 16 километр ва бо фарогирии се деҳа аз тарафи пудратчӣ ҶДММ “Зулол-112” ба истифода дода шуд. Корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи дуюми он оғоз гардида, дар ду деҳа–Роғ ва Палдорак симчӯбҳо пурра пайваст шуда, кор дар ин самт идома дорад.

Мушкилот дар ин самт танҳо дар ду деҳаи Ҷамоати деҳоти ба номи Иван-Тоҷик–деҳаҳои Арнохун ва Сурхкат буд, ки корҳои сохтмонии хатти баландшиддати барқ оғоз гардида, зерпояҳо ва симчӯбҳо пурра насб гардиданд. Инчунин, хонаҳои истиқоматии аҳолӣ барои гирифтани барқ аз хатти баландшиддат пурра омода шуданд. Лоиҳаи иншооти сохтмонӣ аз тарафи корхонаи лоиҳакашии ҶДММ “Энергосетпроект”идома дода шуда истодааст.

Дар давраи ҳисоботӣ 8400 ҳазор кВт/соат қувваи барқ қабул гардидааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2000 ҳазор кВт/соат зиёд мебошад.

Ҳаҷми талафоти нерўи барқ дар ноҳия 37,2 фоизро дарбар мегирад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,6 фоиз зиёд мебошад.

Бо маблағгузории Олмон тариқи лоиҳаи “Рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ тавассути барқтаъминкунии деҳаҳои дурдасти кўҳистон дар Тоҷикистон” дар деҳаҳои Ярм, Самҷон, Худгифи Боло, Ланглиф нерўгоҳҳои хурд аз 30 то 70 кВт сохта шуд, ки чароғонкунӣ, хизмати алоқа ба аҳолӣ дар ин деҳаҳо батадриҷ беҳ гардид. Дар ин замина барои беҳтар намудани чароғонкунии деҳаи Падрох ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ як адад трансформатор аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия харидорӣ карда шуд. Дар деҳаҳои Пастиғав ва Падрох аз тарафи аҳолӣ кўчаҳои дохили деҳаҳо пурра чароғон шуданд. Ин иқдом дар дигар деҳаҳои ҳудуди ноҳия давом дорад.

Ҳифзи амнияти озуқаворӣ

Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1-уми январи соли 2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ тухм 645 ҳазор дона, шир 6980 тонна, гўшт 1817,9 тонна, пашм 166,3 тоннаро ташкил намуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта тухм 3 ҳазор дона, гўшт 2,6 тонна, шир 90 тонна, пашм 2,1 тонна зиёд мебошад.

Тибқи дурнамо соли 2022 дар ноҳия кишти картошка дар майдони 2851 гектар ба нақша гирифта шудааст, ки иҷрои он 102,6 фисад таъмин карда шуд. Кишоварзони ноҳия дар майдони 2927 гектар дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ кишти картошкаро ба роҳ мондаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат соли гузашта 86 гектар зиёд мебошад.  Ҳосилнокии картошка дар ноҳия хуб ба назар мерасад, ки ин аз натиҷаи ворид намудани тухмиҳои хушсифат аз ҷониби соҳибкорон, аҳолӣ ва шарикони рушд замина мегирад. Дар ин давра дар ноҳия 100651,2 тонна картошка истеҳсол карда шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5538,3 тонна зиёд мебошад.

Барои зиёд намудани майдони гармхонаҳои доимоамалкунанда ва зиёд намудани содироти маҳсулоти хушсифат дар деҳаҳои Рогиф, Дашт барои хушк намудани мева гармхонаҳои мувофиқ ва замонавӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд БРСММ соли равон 1500 бех дарахтони мевадиҳанда ва ба 61 оила алалхусус занони камбизоат ва бешуғл 150 оилаи занбӯри асал дода шудааст. Баҳри афзун намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ тибқи талаботи бозор ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ хуб гардида, иқлими ноҳия барои истеҳсоли маҳсулоти  хушсифат мувофиқ мебошад. Соли равон ҳосили интизории меваҳои донакдор хуб буда, аз боду ҳавои мусоид нақшаҳо дар ин ҷода пурра, барзиёд ва беталаф таъмин карда шуданд.

Дар ноҳия сардхонаҳои махсус барои нигоҳдории маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ мавҷуд набуда, аҳолӣ асосан аз чағораҳо (хандақҳо) истифода менамоянд. Иқлими ноҳия барои хуб нигоҳ доштани маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ мувофиқ мебошад.

Саршумори чорвои майда дар ноҳия 137825 сарро ташкил медиҳад. Чорвои калони шохдор 17709 сарро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 100 фисадро ташкил медиҳад. Саршумори паранда дар ин давра 8220 ададро ташкил намуд.

Дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд 75 тонна тухмиҳои навъи  Бигроза, Пикасо, аҳолии ноҳия бошад, зиёда аз 501 тонна тухмии нав ворид намуданд.

Барқароркунии боғҳои кўҳна дар ноҳия 38 гектарро ташкил дода, 12 гектар боғи нав бунёд карда шуд. Кишоварзони ноҳия дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 22800 бех дарахтони мевадиҳандаю ороишию сояафкан шинониданд, ки ба рушди соҳа таъсири мусбии худро бевосита мерасонад.

Бояд тазаккур дод, ки маданияти истифодабарии замин дар ноҳия куллан беҳ гардидааст. Аз гардиши кишоварзӣ берун мондани заминҳои наздиҳавлигӣ, ёрирасон, заминҳои иҷора умуман вуҷуд надорад. Соли равон дар ноҳия дар майдони 2912 гектар замин кишти картошка ба роҳ монда шуд. Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи корхонаи давлатии фаръии “БММҒ” дар ноҳия 67 адад шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дода шудааст. Дар ҷодаи дар амал татбиқ намудани дастуру вазифагузориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои хоҷагии қишлоқ амалан корбарӣ ба роҳ монда шуд. Назорати истифодаи оқилонаи замин зери таваҷҷўҳ қарор дода шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ 6 маротиба бо кишоварзон оиди рўёнидани ду ҳосил семинар- машваратҳои дастурдиҳӣ гузаронида шудааст.

Маълумот оид ба рушди соҳаи сохтмон ва меъморӣ

Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия 4998 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ сохта шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 757 метри мураббаъ зиёд мебошад. Муроҷиатҳои шаҳрвандон оиди гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҷониби масъулин саривақт баррасӣ мегарданд ва оилаҳои эҳтиёҷманд дар асоси хулосаи комиссия таъмин карда мешаванд. Ҳаҷми сармояҳои асосии иҷрошуда дар давраи ҳисоботӣ 14605,4 ҳазор сомонӣ, корҳои сохтмонию васлгирӣ 13886,7 ҳазор сомонӣ, фондҳои асосӣ 24370,3 ҳазор сомониро ташкил намуд.

Барои гузаронидани чорвои ҷамъиятию шахсӣ ба чарогоҳҳои тобистонаю зимистона дар се деҳаи ноҳия пулҳои замонавӣ сохта шудаанд.

Бо мақсади беҳтар намудани шароити корӣ дар ҷамоатҳои ноҳия пайваста аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тадбирҳои саривақтӣ андешида шуда истодааст.

Сохтмони муассисаи таълимии замонавӣ дар деҳаи Дашт аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтмони муассисаи таълимӣ дар деҳаи Палдорак аз тарафи идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сохтмони муассисаи таълимӣ дар деҳаи Валиғонд аз тарафи Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сохта шуда, бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардида, дар арафаи ҷашни 30-солагии Иҷлосияи таърихию тақдирсози 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Корҳои сохтмонии муассисаи таълимии №30, деҳаи Ярм бо ҳамкории Сафорати Ҷопон идома дошта, 90 фисади корҳои сохтмонӣ ба охир расонида шуданд. Сохтмони муассисаи таълимӣ барои 450 нафар хонанда дар як баст дар маркази ноҳия, ки фармоишгари он Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот 50 фисад иҷро гардидаанд. Деворҳои қабати дуюми муассиса ба охир расонида шуданд. Дар қабати дигари иншоот корҳои сохтмонӣ бо фаро расидани фасли гармо идома дода мешаванд. Сохтмони бинои маъмурии ҶДММ “Манзили кўҳистон” дар шаҳраки Меҳрон оғоз гардида, корҳои сохтмонии таҳкурсии бино, ошёнаи якум пурра ба анҷом расонида шуданд ва дар ошёнаи дуюми он корҳои сохтмонӣ идома доранд. Дар ин сохтмон зиёда аз 10 нафар бо ҷойи кори муваққатӣ таъмин шудаанд. Аз тарафи соҳибкор Парвиз Ҷумаев дар маркази ноҳия–шаҳраки Меҳрон сохтмони бинои хизматрасонии маишӣ идома дошта, таҳкурсии бино, ошёнаҳои якум ва дуюми он пурра ба охир расонида шуда, корҳои пардоздиҳӣ идома доранд. Бо дастгирии шарикони рушд Алянси глобалии ваксинаҳо ва иммунизатсия маркази саломатии ноҳиявӣ дар деҳаи Ревомутк ва хонаи саломатии деҳаи Деҳманора пурра аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд. Бо дастгирии ҳамин ташкилот корҳои таъмиру азнавсозии марказҳои саломатӣ дар деҳаҳои Валиғонд ва Эсиз оғоз карда мешаванд. Бо дастгирии барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар маҳаллаи Порбоғи деҳаи Мадрушкат ҷўйбор ба масофаи 700 метр пурра таъмир гардида, ҳолати обёрии 19 гектар замин беҳтар гардид. Инчунин, бо дастгирии ҳамин барнома дар деҳаҳои Пит ва Оббурдон ҷўйборҳои деҳаҳо ба масофаи 800 метр пурра таъмир гардида, ҳолати мелиоративии 88 гектар замин беҳ гардид. Дар деҳаҳои Сабағ, Пастиғав ва Роғ аз тарафи Барномаи татбиқи лоиҳаи “Инкишофи барвақтаи кўдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон” марказҳои саломатӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шудаанд ва дар рўзҳои наздик бо таҷҳизоти тиббӣ таъмин карда мешаванд. Дар деҳаи Палдорак сохтмони бунгоҳи тиббӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ дар таҳкурсии бино ва ошёнаи якум пурра ба охир расонида шуда, корҳои ороишии он идома доранд. Дар деҳаи Оббурдон сохтмони кўдакистон оғоз гардида, корҳои сохтмонии таҳкурсии бино ба охир расонида шуда, корҳои таҳхонаи он идома доранд. Дар деҳаи Пастиғав пули мошингузар дар ҳамкорӣ бо ҶДММ “Қудрат-2010” аз болои дарёи Зарафшон пурра азнавсозӣ карда шуд. Лоиҳаи сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар деҳаи Пастиғав барои 336 ҷои нишаст дар як баст пурра омода шуда, аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои сохтмонии он дар соли 2023 оғоз мегарданд. Дар деҳаи Валиғонд толори варзишии замонавӣ аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сохта шуда, дар Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Инчунин, аз тарафи соҳибкорони деҳаи Валиғонд Саидмуқаддас Аҳроров ва Қудбинисо Ашӯрова сохтмони сехи дӯзандагӣ ва сехи бандубасти маҳсулоти ширӣ аз ҷумла, қурут ва гиёҳҳои шифобахш ба охир расида, дар давоми моҳи октябр пурра мавриди истифода қарор дода шуданд. Иншооти мазкур бо ҳама таҷҳизоти замонавӣ пурра таъмин гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд. Дар натиҷаи лағжиши кўҳ дар деҳаи Дашт ду ҷӯй ба масофаи 1 километр вайрону валангор гардида, бо дастгирӣ ва маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо лӯлаҳои қутрашон 600 мм пурра азнавсозӣ гардиданд, ки ҳолати мелиоративии зиёда аз 56 гектар замин хуб гардид. Нуқтаи фурўши сӯзишворӣ дар шаҳраки Меҳрон аз тарафи соҳибкор Ҷонмаҳмад Наврўзов пурра мавриди истифода қарор дода шуд. Дар деҳаи Пит дар натиҷаи фаромадани сел дар давоми моҳи июн, ки бар асари он ҷўйборҳо, заминҳои деҳа хисорот дида буданд аз тарафи БРСММ бо лӯлаҳои қутрашон 315 мм ба масофаи 200 метр аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд. Мушкилоти сокинони деҳа дар ин ҷода ҳалли худро ёфт.

Биноҳои ёрирасони маишӣ, сартарошхонаҳо дар деҳаҳои Оббурдон, Лангар, Мадрушкат, Сабағ, Ревомутк, Пастиғав, Эсизи поён, Ғузн аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд.

Дар маркази ноҳия–шаҳраки Меҳрон ҷой барои сохтмони иншооти ёрирасон барои 4 нафар соҳибкор ҷудо гардида, ҳамаи масолеҳҳои сохтмонӣ омода гардида, бо фарорасии фасли баҳор корҳои сохтмонии иншоот оғоз мегарданд, ки ба рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия заминаи мусоидро фароҳам меорад.

Мушкилоти ҷойдошта дар ин самт набудани инфрасохтори мусоид аз қабили роҳ, набудани сарчашмаҳои маблағгузорӣ ҷиҳати бунёди коргоҳҳои истеҳсоли маводҳои сохтмонӣ мебошад.

Рушди инфрасохтор ва нақлиёт

Дар соли 2022 аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ таъмиру тармими роҳҳо дар ноҳия ба масофаи 186,9 километр ба маблағи 290,2 ҳазор сомонӣ ба роҳ монда шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 103,2 фисад ва нақшаи маблағгузорӣ 87,3 фисад таъмин гардид.

Аз тарафи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия дар соли 2022 барои таъмири ҷории роҳ маблағи 62,5 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст, ки 63,2 километр роҳҳо аз таъмир бароварда шуданд.

Аз ҳисоби буҷети маҳал дар ин давра 140 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, 50 километр роҳҳо таъмиру азнавсозӣ гардиданд.

Бо дастгирии соҳибкорон, ташкилоту корхонаҳо ва саҳми аҳолӣ 84,7 километр роҳҳо ба маблағи 164,2 ҳазор сомонӣ таъмир гардиданд.

Дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон 2 адад пули мошингузар аз таъмир бароварда шуд.

Дар ноҳия масофаи умумии роҳҳо 300 километрро ташкил дода, аз ин миқдор 151 километри он роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта буда, дар тавозуни муассисаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия мебошанд. Инчунин, 149 километр роҳҳои боқимонда дар ҳудуди хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дар тавозуни онҳо мебошанд. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва аҳолӣ пайваста роҳҳои дар ҳудуди хоҷагиҳои деҳқонӣ буда пайваста таъмир гардида, рафтуои нақлиёт мунтазам таъмин мебошад. Дар давоми соли 2022-юм роҳи байни деҳаҳои Деҳманора–Палдорак, Ғузн–Ҳадишаҳр, Тагоб– Дашт, Падаск–Мадрушкат пурра аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таъмиру тармим карда шуданд. Дар ҳамаи фаслҳои сол ҳаракати мунтазами нақлиёт дар ноҳия таъмин гардидааст. Ҳамаи кормандони муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия дар мавсими зимистони солҳои 2022-2023 бо сару либос таъмин карда шудаанд.

Дар ноҳия бо сабаби вазнин будани шароити роҳҳо нақлиёти ҷамъиятӣ вуҷуд надорад. Аҳолии ноҳия асосан аз нақлиёти шахсӣ истифода мебаранд, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ гарон мебошад.

Ҳаҷми боркашонӣ дар ин давра 133,9 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 120 фисадро ташкил намудааст.

Соҳаи алоқа ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ

Сомонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ бо суроғаи kuhiston.tj фаъол мебошад, ки сокинони ноҳия метавонанд ҳамарўза аз тозатарин дастовардҳо бархурдор бошанд. Ҳамаи ташкилоту муассисаҳо, воҳидҳои сохторӣ бо технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ таъмин мебошанд. Воҳидҳои сохтории ноҳия бо 35 адад почтаи электронӣ фаъолият карда истодаанд.

Айни ҳол Раёсати молияи ноҳия, бахши омор, нозироти андоз, ҷамоатҳои деҳоти ноҳия дар шакли электронӣ фаъолиятро ба роҳ мондаанд, ки барои беҳтар гардидани самти фаъолият мусоидат намудааст. Ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ба шакли электронии дафтари хоҷагидорӣ пурра гузаштаанд. Бо мақсади хуб ба роҳ мондани обуна ба рўзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, маҳаллӣ ва касбӣ қарори раиси ноҳия аз 8-уми августи соли 2022, №134 ба тавсиб расонида шуда, дар ин замина обуна ба рўзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ 99 фоиз, ба рўзномаю маҷаллаҳои вилоятӣ 92 фоиз таъмин гардид.

Фазои иттилоотии ноҳия ҷавобгўи талабот буда, аҳолии ноҳия аз тамошои 13 шабакаи телевизионии кишвар бархўрдор мебошанд. Аҳолии ноҳия тариқи моҳвораҳо аз тамошои шабакаҳои телевизионии шаҳри Душанбе, вилояти Суғд, вилояти Хатлон, шаҳри Кулоб, Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон низ бархўрдор мебошанд.

Дар давоми соли 2022 рўзномаи ноҳиявии “Паёми кўҳистон” 26 маротиба бо теъдоди 12 ҳазор нусха нашр карда шуд. Дар шумораи №25, аз 26-уми декабри соли 2022 матни пурраи Паёми Пешвои муаззами миллат нашр карда шуда, дастраси аҳолии ноҳия карда шудааст. Боиси қайд аст, ки тайи ду соли охир ин раванд хуб гардидааст.

Маълумот оид ба вусъати шуғли пурмаҳсул

Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат буда, сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат аз татбиқи босамар ва оқилонаи он вобаста аст. Барои роҳандозӣ намудани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати саросар соҳибкасб гардонидани аҳолӣ аз ҷумла, шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки касбу ҳунар надоранд, дар соли 2022 аз рӯи нақшаҳои таҳияшуда дар 48 маҳалли аҳолинишин корҳои амалӣ бурда шуда, барои соҳибкасб шудани аҳолӣ заминаҳои мусоид фароҳам омада истодаанд.

Шуғли асосии аҳолии ноҳия кишоварзӣ, боғдорӣ, картошкапарварӣ, занбӯрпарварӣ ва чорводорӣ мебошад. Айни замон аз ноҳия дар муҳоҷирати меҳнатӣ 820 нафар қарор дошта, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 464 нафар зиёд мебошад. Сокинони ноҳия асосан ба кишварҳои Федератсияи Россия (802 нафар) Қазоқистон (7), хориҷи дур (11) ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд. Инчунин, 41 оилаи муҳоҷирони экологие, ки дар минтақаҳои хавфноки ноҳия истиқомат доштанд, бо қарори раиси ноҳияи Зафаробод аз 16-уми июни соли 2021, №678 дар ноҳияи Зафаробод бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин карда шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ 420 нафар ба ҷойи кории нав, аз ҷумла 91 нафар дар соҳаи кишоварзӣ, 23 нафар тариқи фаъолияти соҳибкории хурду миёна, 36 нафар дар соҳаи маориф, 7 нафар дар соҳаи тандурустӣ, 263 нафар дар ташкилоту муассисаҳо ҷалб гардидаанд. Дар давоми соли 2022-юм 14 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои холии корӣ бо пешниҳоди 57 басти вазифаҳои озод гузаронида шуда, 98 нафар бо ҷои кор таъмин карда шуданд. Барои паст намудани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ дар ноҳия бо роҳи таъсиси ҷойҳои нави корӣ аз қабили ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои нав, таъсиси корҳои мавсимӣ, корхонаҳои хурд ва коргоҳҳо, инчунин бунёди иншооти нав тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида истодаанд.

Рушди соҳаи маориф

Айни ҳол дар ноҳия сохтмони 2 адад муассисаи таълимӣ бомаром идома дорад. Дар ноҳия 2 кўдакистон бо фарогирии 80 ҷойи нишаст фаъолият менамоянд.

Бо дастгирии соҳибкорон ва аҳолӣ то соли 2030-юм дар ноҳия бунёди 11 адад муассисаи томактабӣ ба нақша гирифта шудааст, ки барои бунёди онҳо корбарӣ рафта истодааст. Дар муассисаҳои таълимӣ 634 нафар омўзгор, 500 нафар дорои маълумоти олӣ, 3 нафар дорои маълумоти олии нопурра, 131 нафар дорои маълумоти миёнаи касбӣ кору фаъолият мебаранд, ки аз ин шумора 115 нафарро бонувон ташкил медиҳанд.

Оид ба амалишавии Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020, ки қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми ноябри соли 2017, №544 тасдиқ шудааст, дар ноҳия кори муайян ба ҷо оварда мешавад. Айни ҳол дар таълимгоҳҳои №№ 1,2,3,4,8,13,16,12 кабинетҳои фаннӣ мавҷуд аст.

Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми ноябри соли 2017, №544 “Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020” қарори раиси ноҳия аз 31-уми январи соли 2018, №21 “Оид ба тасдиқи Барномаи таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020” қабул гардид, ки мувофиқи он дар таълимгоҳҳои ноҳия дар ин солҳо ташкил намудани 28 кабинети фаннӣ, аз ҷумла, синфхонаҳои фанҳои физика, химия, биология, география, математика, технологияи иттилоотӣ, суруд ва мусиқӣ пешбинӣ гардидааст. Дар давраи ҳисоботӣ 61 фисади хатмкунандагони ноҳия ба маркази миллии тестӣ ҳуҷҷатҳои худро супоридаанд. Даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо иштироки 159 нафар довталаб аз рўи 7 номинатсия дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуд. Дар даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 32 нафар хонанда ғолиб дониста шуда, барои иштирок ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд ва дар даври вилоятӣ 2 нафар соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардида, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Дар давраи ҳисоботӣ 33 нафар хонанда дар олимпиадаи вилоятӣ иштирок намуда, 2 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ 1 нафар ҷои 3-юмро ишғол намуда, сазовори медали биринҷӣ гардид.

Тибқи Квотаи Президентӣ 19 нафар ба донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар дохил гардида, таҳсил намуда истодаанд. Хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар соли хониши 2022 -2023-юм 34 нафар ба муассисаҳои берун аз ҷумҳурӣ дохил шуданд.

Бо дастгирии Барномаи Озуқаи ҷаҳонӣ дар ноҳия дар давраи ҳисоботӣ дар заминаи муассисаҳои таълимӣ бунёди гармхонаҳо, харгӯшпарварӣ ва асалпарварӣ ташкил карда шуд. Аз ҷумла, бо дастгирии ин Барнома дар муассисаҳои таълимии №3, №8 бунёди гармхонаҳои хурди замонавӣ ба роҳ монда шуд, ки айни ҳол дар он кишти сабзавотҳои барвақтӣ ба роҳ монда шуда, истеҳсоли он аллакай ба роҳ монда шудааст. Дар муассисаҳои таълимии рақамҳои 1 ва 32 занбӯриасалпарварӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ муассисаҳои таълимии ноҳия бо 51 адад компютер, 4 адад принтер таъмин гардиданд.

Дар натиҷаи ҳамкории судманд бо шарикони рушд дар муассисаҳои таълимии №№2,11,14,17 системаҳои гармидиҳии офтобӣ насб карда шуд ва дар ин раванд 3 адад ошхонаҳои наздимактабӣ пурра аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд.

Бо мақсади саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраҳои тирамоҳу зимистони солҳои 2022 -2023 қарори Раиси ноҳия аз 4-уми майи соли 2022, №94 ба тавсиб расонида шуда, эҳтиёҷоти соҳаи маориф 435 тонна ангишт, 108,5 метри кубӣ ҳезуми таҳсӯз, 100 литр сӯзишвории дизелӣ, 15 метри квадратӣ шишабандӣ муайян карда шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ эҳтиёҷоти соҳа бо 435 тонна ангишт, 108,5 метри кубӣ ҳезуми таҳсӯз, 100 литр сӯзишвории дизелӣ, 15 метри квадратӣ шишабандӣ таъмин гардидааст. Дар ин самт мушкилот дар соҳа вуҷуд надорад.

Маълумот оид ба соҳаи тандурустӣ

Дар ноҳия айни замон 1 беморхонаи марказии ноҳия, 1 маркази саломатӣ, 5 маркази саломатии деҳот ва 12 бунгоҳҳои саломатии деҳот фаъолият намуда истодаанд. Айни замон дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар ноҳия 100 кати табобатӣ мавҷуд буда, аз ин шумора 40 кати муолиҷавӣ, 25 кати бачагона, 25 кат дар таваллудхонаҳо, 10 кат дар шуъбаи ҷарроҳӣ мавҷуд мебошанд. Гарчанде дар соҳаи тандурустӣ таваҷҷўҳ ва ғамхориҳо бештар ба назар мерасанд, аммо то ба ҳол норасоии мутахассисон дар соҳа мушоҳида мегардад. Айни ҳол дар ноҳия 9 нафар норасоии кормандони тиб ба назар мерасад, ки ин мушкилот сол то сол аз ҷониби донишҷўёне, ки донишгоҳҳои олии кишварро хатм намуда истодаанд, таъмин гардида истодааст.

Дар ноҳия 9 нафар беморони сил ба қайд гирифта шуда, ҳар семоҳа онҳо пурра аз ташхиси тиббӣ гузаронида мешаванд. Барои таъмини онҳо бо доруворӣ дар ин давра ба маблағи 3486 сомонӣ дорувориҳо ворид шудааст. Исҳоли хунин, вараҷа, домана ба қайд гирифта нашудааст. Бемории зардпарвини намуди “А” 28 нафар, буғумдардӣ 4 нафар ба қайд гирифта шудааст. Дар соли 2022-юм бар зидди бемориҳои сил ба ноҳия 1100 воя, гулӯзиндонак, сулфакабудак 2760 воя, фалаҷ 6100 воя, зардпарвин 2036 воя, сурхча, баногӯшак ва гулафшон 1600 воя, дарунравии кўдакон 1500 воя, шуши кўдакон 260 воя ворид шудааст. Дар ноҳия ду шуъба барои пешгирӣ ва табобати бемории сироятии коронавирус ташкил карда шуда, табибони ин шуъбаҳо бо сарулибоси махсуси муҳофизатӣ таъмин шудаанд. Ин шуъбаҳо бо дорувории зарурӣ пурра таъмин шуда, пайваста аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия масъалаи мазкур зери назорат қарор дода шудааст.

Баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми марти соли 2021, №83 «Дар бораи гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Раиси вилояти Суғд аз 8-уми апрели соли 2021, №168, қарори Раиси ноҳия аз 15-уми апрели соли 2021, №74 бо мақсади фаро гирифтани тамоми гурўҳҳои мақсадноки аҳолии ноҳия бо ваксинаи зидди сирояти нави коронавирус дар марҳилаи якум ба 15 ҳазор нафар ваксина гузаронида шуд, ки ин нишондиҳанда 100 фисадро дарбар мегирад. Дар марҳилаи дуюм ба 14753 нафар ваксина гузаронида шуд, ки нишондиҳанда 98,4 фисадро дарбар мегирад. Дар марҳилаи сеюм ба 13584 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ, хизматчиёни давлатӣ, кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони ноҳия аз тарафи маркази иммунопрофилактика гузаронида шуд, ки нишондиҳанда 89,5 фисадро дарбар гирифта, ба ҳамаи онҳо гувоҳнома дода шудааст. Дар марҳилаи чорум ба 4546 нафар, яъне дар чор марҳила ба 47887 нафар аҳолии ноҳия ваксинаи зидди беморӣ гузаронида шуд. Дар давоми соли 2022 дар ноҳия беморони гирифтори COVID-19 ба қайд гирифта нашудаанд. Барои нигоҳдории ваксинаҳо дар соли сипаришуда 20 адад яхдон–5 адад офтобӣ, 15 адад барқӣ дар ҳамкорӣ бо маркази иммунопрофилактикии ҷумҳурӣ бо дастгирии шарикони рушд ба маблағи 136255 сомонӣ харидорӣ ва ба ноҳия ворид шуданд.

Аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ барои хариди доруворӣ 16,7 ҳазор сомонӣ, барои хариди хўрока 12,1 ҳазор сомонӣ, барои хариди сўзишворӣ 10,2 ҳазор сомонӣ, барои хариди таҷҳизоти тиббӣ 13,4 сомонӣ маблағҳо пардохт гардидааст.

Инчунин, бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳа 1 адад мошинаи ёрии таъҷилӣ барои беморони бемориашон шадид бо ҳамаи таҷҳизоти эҳёгарӣ, ба маблағи 1490,0 ҳазор сомонӣ харидорӣ гардид. Инчунин, бо дастгирии Вазорат ба маблағи 1025,0 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти гуногуни тиббӣ ворид гардидааст.

Нуқтаи ёрии таъҷилӣ дар базаи беморхонаи марказӣ ҷойгир карда шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби ин нуқта 37 нафар бемори дар ҳолатҳои гуногуни беморӣ қарордоштаро ба дигар шаҳру ноҳияҳо бурдаанд. Инчунин, дар дохили ноҳия ба 48 нафар ёрии аввалини тиббӣ расонида шуд.

Давоми соли 2022 аз тарафи кормандон хатнасури 195 нафар аз оилаҳои камбизоат ройгон гузаронида шуд. Таваллуд дар ноҳия 727 нафарро ташкил дод, ки аз ин миқдор 702 нафар ё 98 фисад дар таваллудхона таваллуд шудаанд, ки нишондиҳандаи таваллуд дар беморхона нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,7 фисад зиёд мебошад. Зина ба зина шароиту хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ хуб гардида, таваллуди хонагӣ аз байн рафта истодааст. Иҷрои кат дар сохторҳои бистарикунонии ноҳия дар давраи ҳисоботӣ 958 нафарро дарбар мегирад, ки 49,3 фисад таъмин гардидааст.

Барои оилаҳои камбизоат хизматрасонӣ ройгон ба роҳ монда шудааст. Ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ҳамеша дар мадди назари Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад. Дар ноҳия 707 оилаи камбизоат аз қайди бахши ҳифзи иҷтимоӣ тариқи барнома гузашта, аз кӯмаки моддӣ бархўрдор мебошанд. Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои оилаҳои камбизоат, нафақахўрон, ятимону маъюбон, шахсони бесаробон ба маблағи 202964 ҳазор сомонӣ кўмаки яквақтаи моддӣ расонида  шудааст. Баҳри иҷрои дастуру вазифагузориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар санаи 23-юми декабри соли 2022 ироа гардид, барои дастгирии табақаи эҳтиёҷманди аҳолӣ кўмаки яквақтаи моддӣ ба 727 оилаи камбизоат ба маблағи 436200 сомонӣ ворид гардида, пурра дастраси аҳолӣ карда шуда истодааст. Бахшида ба Соли нави мелодӣ аз тарафи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисми низомии 0229 воқеъ дар деҳаи Мадрушкати ноҳия ба маблағи 21 ҳазор сомонӣ, ба мактаб-интернати ноҳия низ ба маблағи 21 ҳазор сомонӣ кўмаки яквақтаи моддӣ расонида шуд. Инчунин, аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар қисми низомӣ ва мактаб-интернати ноҳия ба маблағи зиёда аз 5 ҳазор сомонӣ дастархони идона ороста шуд. Дар арафаи Соли нави мелодӣ ба зиёда аз 200 нафар камбизоатон, бепарасторон, ятимону барҷомондагон тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуд.

Дар ноҳия 1 маркази иҷтимоӣ, ташкилоти ҷамъиятии “Хайрияи озод”, “Умедбахш” барои кўдакони имконияташон маҳдуд ва шахсони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта фаъолият менамояд. Ин ташкилот ба 30 нафар хизмат мерасонад. Фаъолияти ташкилоти мазкур дар асоси барномаҳои давлатии қабулгардида аз қабили Барномаи миллии тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал, стандартҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар 5 самт фаъолияташ пешбинӣ шудааст, кор дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар ноҳия ба 31 оилае, ки кўдакони то сесола доранд, ба маблағи 38000 сомонӣ, ба ду нафар маъюби то 18-сола 1500 сомонӣ, ба 68 оилае, ки кўдакони то 7-сола доранд, ба маблағи 34 ҳазор сомонӣ кӯмаки моддии яквақта дода шудааст. Дар давоми соли 2022 ба суратҳисоби оилаҳои камбизоат 365728 сомонӣ ворид гардида, хароҷот шудааст.

Бо мақсади саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраҳои тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 эҳтиёҷоти соҳаи тандурустӣ 110 тонна ангишт, 35 метри кубӣ ҳезуми таҳсӯз, 15 метри квадратӣ шишабандӣ муайян шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ эҳтиёҷоти соҳа бо 110 тонна ангишт, 35 метри кубӣ ҳезуми таҳсӯз, 15 метри квадратӣ шишабандӣ таъмин гардидааст.

Маълумот оид ба вазъи соҳаи фарҳанг

Дар ноҳия 2 клуби деҳот, 1 китобхонаи бачагона, 1 китобхонаи системаи марказонидашуда ва 14 филиали он, 1 қасри фарҳанг, 1 осорхона амал мекунанд. Айни замон дар ҳамаи китобхонаҳои ноҳия 49104 адад китоби бадеӣ мавҷуд мебошанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 40 адад зиёд мебошад ва китобдиҳӣ бошад, 93741 ададро ташкил медиҳад, шумораи истифодабарандагон бошад, 12556 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 371 адад зиёд мебошад. Аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба маблағи 15347 сомонӣ китобҳои тозанашр ба миқдори 371 адад ворид карда шуда, ба китобхонаҳои ноҳия дастрас шуданд. Дар ноҳия зиёда аз 62 адад ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ мавҷуд буда, аз ин шумора қалъаи Ҳисораки деҳаи Падаск аз қайди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шудааст. Дар давоми 4 соли охир дар ноҳия 6 адад муассисаи фарҳангӣ сохта, ба истифода дода шудаанд. Дар ин давра аз тарафи кормандони бахши фарҳанги ноҳия ва аҳли санъату ҳунари ноҳия зиёда аз 410 чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ бо иштироки 4265 нафар тамошобинон баргузор гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14 чорабинӣ ва 140 иштирокчӣ зиёд мебошад.

Дар даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон–Ватани азизи ман”, ки санаи 7-уми июни соли 2022 баргузор гардид, аз рўи 2 номинатсия, 2 жанр ва синнусолӣ аз 12 то 17-сола ва 18 то 40-сола бо иштироки зиёда аз 35 довталабон баргузор гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 нафар зиёд мебошад. Дар натиҷаи баргузории озмун 4 нафар ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтаанд, ки ин шумора нисбат ба соли гузашта 2 нафар зиёд мебошад.

Дар ноҳия айни ҳол мактабҳои мусиқии бачагона амал намекунанд. Чорабиниҳои фарҳангӣ ва ҷашнҳои бузурги таърихиву миллиамон бо омодагиҳои ҳамаҷониба дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ таҷлил гардиданд. Аз ҷумла, ҷашнҳои Сада, Рўзи Артиши миллӣ дар қисми низомии 0229, Рўзи Модар дар маркази ноҳия–шаҳраки Меҳрон, Иди байналмилалии Наврўз, ҷашни барои миллатамон муқаддасу боарзиш 25-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ дар маркази ноҳия, 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, таҷлили ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорабиниҳои Соли нави мелодӣ бо иштироки доираи васеи аҳолӣ аз рўи барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ таҷлил карда шуданд.

Ҷиҳати саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраҳои тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 эҳтиёҷоти соҳаи фарҳанг 15 тонна ангишт, 8 метри кубӣ ҳезуми таҳсӯз, 6 метри квадратӣ шишабандӣ муайян карда шудааст.

Таъмини аҳолӣ бо оби тоза, беҳдошт ва дастрасӣ ба хизматрасониҳои коммуналӣ

Дар ноҳия 27013 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад, ки аз ин шумора 23278 нафар ё 86,2 фисади аҳолӣ бо оби тозаи нўшокӣ таъмин мебошанд. Таъминоти Ҷамоати деҳоти Лангар 83,1 фисад, Ҷамоати деҳоти Иван-Тоҷик 88,5 фисадро дарбар мегирад. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,3 фисад зиёд гардидааст. Кор дар ин самт дар давоми солҳои минбаъда зери назорати доимии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дода мешавад. Айни замон 13,8 фисади аҳолии ноҳия бо оби тозаи нўшокӣ таъмин нестанд, ки ин масъала зери таваҷҷўҳи доимӣ қарор дорад.

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми ноябри соли 2012, №26 «Дар бораи тартиби ошкор кардан ва ба ҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб» дар ноҳия корҳои зарурӣ ба сомон расонида шуданд. Аз ин рў, баҳри дар амал татбиқ намудани ин қарор нақшаи чорабиниҳои мукаммал тартиб дода шуда, Ситоди доимоамалкунанда ташкил карда шуд. Ситод пеш аз ҳама оиди баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ба масъалаҳои муомилот бо партовҳои бесоҳиб ва ошкор кардани он баҳри пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва кам кардани ҳаҷми ҳосилшавии партовҳо ва мукаммал намудани механизми баҳисобгирии онҳо мунтазам корбарӣ менамояд.

Дар давраи ҳисоботӣ бо дастгирии шарикони рушд ва аҳолии ноҳия 22800 бех дарахтони ороишӣ, сояафкан, мевадиҳанда ва  ҳамешасабз шинонида шуданд. Инчунин, барои кабудизоркунии маркази ноҳия ва атрофи ташкилоту муассисаҳо аз рўи нақшаи алоҳида  кор дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуд.

Мушкилот дар ин самт кам ҷудо гардидани маблағгузорӣ барои кашидани хатҳои нави оби нўшокӣ мебошад.

Таъмини устувори экологӣ ва рушди устувор

Дар 19 деҳаи ҳудуди ноҳия 382 оила дар минтақаҳои хавфнок ба қайд гирифта шудаанд, ки аз тарафи хадамоти муҳоҷират дар ноҳия 33 оила дар минтақаҳои Сайҳун ва Зафаробод аз деҳаҳои Ҳадишаҳр, Ғузн ва Худгифи Соя бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин шудаанд.

Дар маркази ноҳия ва ҷамоатҳои деҳот нуқтаҳои қабул ва безараргардонии лампаҳои каммасрафи симобдор ташкил карда шудааст, ки дар ин давра 820 адад лампаи каммасраф ҷамъоварӣ шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия ярмаркаи фурўши ниҳолҳо бо дастгирии хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия ташкил карда шуд. Ярмаркаи фурӯши ниҳолҳо дар маркази ҷамоатҳо низ ташкил карда шуд, ки барои дастрасии аҳолӣ аҳамияти калон бахшид.

Дар соли 2022 тибқи талаботи қонунгузории ҳифзи муҳити зист ва Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бахш назоратро оид ба таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нўшокӣ, истифодаи оқилона ва тоза нигоҳдории манбаъҳои обӣ як қатор корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ба сомон расонида шуд. Дар ин давра 10 маротиба «Аксияи тозагии соҳил» дар ҳудуди ноҳия гузаронида шуд.

Доир ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами наботот» аз 17-уми майи соли 2004, №31 дар маҳалҳо оиди буриши ғайриқонунии дарахтон, захираҳои моҳӣ, шикор, ҷамъоварии шираву тухми растаниҳо ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот 23 маротиба корҳои фаҳмонидадиҳӣ бурда шуд.

Маълумот оид ба соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш

Шумораи ҷавонон дар ноҳия 7311 нафар мебошанд, ки аз ин 3536  нафарро хонандагон ташкил медиҳанд.

Вохўрӣ ва мулоқотҳо миёни ҷавонон дар ин давра 43 маротиба гузаронида шудааст, ки теъдоди фарогирифташудагон 8300 нафар мебошанд. Инчунин, чорабиниҳои фарҳангӣ-ватандўстӣ 8 маротиба бо фарогирии 7200 нафар ҷавонон гузаронида шудааст.

Майдончаҳои варзишӣ 30 ва толорҳои варзишӣ 6 ададро ташкил медиҳанд. Солҳои 2018-2021 дар ноҳия 2 адад майдонча ва 1 толори варзишӣ, дар соли 2022 боз 1 адад толори варзишӣ дар деҳаи Валиғонд сохта, мавриди истифода қарор дода шуд. Тибқи дастури Пешвои муаззами миллат то соли 2030 бунёди 11 майдонча ва 8 толори варзишӣ дар деҳаҳое, ки аз 100 хоҷагӣ зиёд доранд, ба нақша гирифта шудааст. Айни ҳол ҷиҳати бунёди онҳо тибқи нақшаи алоҳида корбарӣ рафта истодааст. Дар ин замина дар соли 2022-юм 1 адад толори варзишӣ дар деҳаи Валиғонд сохта, ба истифода дода шуд.

Муассисаи давлатии мактаби варзишӣ дар ноҳия фаъолияти худро аз рўи 7 намуди варзиш ба роҳ мондааст, ки дар ин маҳфилҳо зиёда аз 340 нафар ба тамрин фаро гирифта шудаанд. Барои бунёди майдонча ва толорҳои варзишӣ бо ҷалби соҳибкорон ва аҳолӣ корбарӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда мешавад.

Дар давраҳои даъвати баҳорӣ ва тирамоҳӣ аз ҳисоби ҷавонони бонангу номус ва ихтиёриён нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Кувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз муҳлат таъмин карда шуд.

Маълумот оид ба рушди сайёҳӣ

Дар ноҳия 10 адад иншооти хизматрасонии сайёҳӣ, инчунин 49 адад ёдгории таърихию фарҳангӣ мавҷуд аст, ки ҳамаи онҳо ба рушди соҳаи сайёҳии ноҳия заминаҳои мусоидро фароҳам меоваранд.

Соли 2022-юм ба ноҳия 242 нафар сайёҳ ворид гардидаанд, ки аз он 120 нафар экологӣ, 47 нафар таърихию фарҳангӣ ва 75 нафари дигар ба дигар соҳаҳо марбут мебошанд. Дар давраи ҳисоботӣ ба ноҳия 22 нафар сайёҳи хориҷӣ ворид гардиданд, ки аз таъриху фарҳанги ноҳия ошноӣ пайдо намуданд.

Барои ба ҳисоботи оморӣ ворид намудани сайёҳони ба ҳудуди ноҳия воридшаванда кор дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

Маълумот оид ба масъалаҳои баробарии гендерӣ

Аҳолии ноҳия 27013 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 13357 нафар ё 49,4 фисадро занҳо ташкил медиҳанд. Аз инҳо 6 нафар дар хизмати давлатӣ, 115 нафар дар соҳаи маориф, 48 нафар дар сохтори КАТС-и ноҳия, 7 нафар мудирони китобхонаҳо мебошанд. Инчунин, 7 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, 4 нафар вакилони ҷамоатҳо ва 10 нафари дигар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд.

Дар ин давра бахши кор бо занон ва оила аз рўи «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023», «Барномаи давлатии тарбия интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои лаёқатманд аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022», “Татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар барномаҳо корбарӣ намуда, 28 маротиба вохўриву мулоқотҳо ва мизҳои мудаввар баргузор намудааст.

Ҳамасола барои дастгирии занону бонувони ҳунарманд Грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси вилояти Суғд ҷудо карда мешаванд, ки ин раванд баҳри таъмини занону духтарони бекор бо ҷойи кор мусоидат менамояд. Дар давраи ҳисоботӣ 5 нафар зани ба самти соҳибкорӣ таваҷҷўҳнамуда барои барои гирифтани маблағҳои Грантӣ пешниҳоди сохторҳои болоӣ гардида буданд. Ду нафар соҳиби Гранти Президентӣ, 3 нафар гирандаи Гранти Раиси вилояти Суғд гардиданд. Ин омил барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, бо ҷойи кор таъмин гардидани занони бешуғл заминаи мусоидро фароҳам овард. Бо дастгирии шарикони рушд БРСММ ба 30 оилаи камбизоат аз ҳисоби бонувон ба миқдори 150 оилаи занбӯри асал ройгон дода шуд.

Соҳаи хизматрасониҳои пулакӣ

Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ 222,1 ҳазор сомониро ташкил намуд. Хизматрасонии тиббӣ 75,8 ҳазор сомонӣ, хизматрасонии маишӣ 28,2 ҳазор сомонӣ, хизматрасонии ҳуқуқӣ 39,3 ҳазор сомонӣ, хизматрасонии бонкӣ 67 ҳазор сомонӣ, дигар хизматрасониҳо 11,8 ҳазор сомонӣ иҷро гардидаанд.

Пешгирии ҳолатҳои ҷинояткорӣ ва коррупсия

Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия 26 адад ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 адад кам мебошад.

Дар ҳамкорӣ бо сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва таъсиси 38 гурўҳи корӣ аз ҳисоби фаъолону зиёиён зиёда аз 156 маротиба дар деҳаҳои калони аҳолинишин корҳои фаҳмондадиҳӣ оиди пешгирии ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии амалҳои коррупсионӣ, гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва дигар амалҳои номатлуб, ки боиси ҳар гуна хатарҳои нохуш мегарданд, гузаронида шуд. Инчунин, вобаста ба баланд бардоштани рӯҳияи ҷавонон ба корҳои ободониву созандагӣ, илмомўзӣ, худшиносии миллӣ пайваста дар рӯзномаи ноҳиявӣ–“Паёми кўҳистон” мақолаҳои рўзмарра мунтазам ба нашр расонида мешаванд, ки ин омил дар раванди ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон такони ҷиддӣ медиҳад. Дар давоми соли 2022 дар ноҳия шомилшавии ҷавонон ва дигар қишри ҷомеа ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоии барои миллати мо бегона ба қайд гирифта нашудааст.

Аз тарафи шуъбаи минтақавии Агентии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон дар давоми моҳҳои сентябр ва ноябр бо фаъолон, зиёиён ва аҳли заҳмати ноҳия ҷаласаи васеи пешгирии амалҳои коррупсионӣ баргузор гардид.

Баҳри ҳифзу гиромидошти арзишҳои миллӣ, истиқлоли меҳани азизу маҳбуб, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, оромию осоиштагӣ, рушду тараққиёт, баланд бардоштани сатҳи зиндагии шоистаи аҳолӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ, сокинони ноҳия бо ифтихори баланди ватандорӣ бо роҳҳои таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, зиёд намудани ҳаҷми даромади аҳолӣ, иқдомҳои созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сафарҳои кориашон ба шаҳру ноҳияҳои кишвар таъкид намудаанд, чораҳои судманд, саривақтӣ, зарурӣ ва амалиро мунтазам ба иҷро мерасонанд.