НОМАИ ШОДБОШИИ РАИСИ НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ БОБОЗОДА ХАЙРУЛЛО БА МУНОСИБАТИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2023

0
33

Ҳамдиёрони азиз!

Бо эҳтиром ва самимияти беандоза мардуми шарафманд ва меҳнатқарини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро ба фарорасии соли нави мелодии 2023 табрику таҳният гуфта, ба ҳар фарди ноҳия сиҳату саломатӣ, рӯзгори хушу осуда, оромию осоиштагӣ ва ба кишвари азизамон Тоҷикистон сулҳу субот, ваҳдати комил ва Истиқлолияти пояндаро таманно дорам.

Бигзор соли нави мелодӣ барои мардуми сарбаланди Кӯҳистон чун солҳои гузашта, соли бобарору пурсамар ва соли паёмади амалишавии тамоми орзую ормонҳо бошад.

Мо тоҷикон дар гузашта аз рӯи тақвим ва солшумориҳои суғдиву зардӯштӣ ва баъдан хуршедиву ҳиҷрӣ зиндагӣ мекардем ва дар давоми ду асри охир аз солшумории мелодӣ истифода бурда, мувофиқи он фаро расидани соли навро ҳамасола расман ҷашн мегирем.

Дар арафаи соли нав натиҷагири кардан аз бурду бохти соли сипаришаванда ва тарҳрезии нақшаҳо барои соли оянда барои мо ба ҳукми анъана даромадааст. Ба ин маъни агар ба роҳи паймудаи сокинони ноҳия дар соли рафтаистода назар афканем итминон ҳосил менамоем, ки соли 2022 дар маҷмӯъ соли вусъати созандагиву бунёдкорӣ, иқдому ташаббусҳои наҷиб ва густариши худшиносиву худогоҳии миллӣ буд.

Ҳар соли нав дар заминаи уфуқҳо нақшаҳои нав ва ояндабиниву дурнамоии тозаи иқтисодиву иҷтимоӣ тарҳрези мегардад.

Дар тӯли 31-соли соҳибистиқлолии кишвар, мо марҳила ба марҳила ба пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ муваффақ шуда истодаем. Дар заминаи омодагӣ ба таҷлили ҷашнҳои зикршуда, ки аҳамияти бағоят муҳими сиёсиву фарҳанги доранд, тадбиқи тадбирҳо ва чорабиниҳои зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ дар назар дошта шудаанд.

Мо дар соли 2022 якчанд ҷашнҳои бағоят муҳими сиёсӣ аз қабили 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25-умин солгарди рӯзи Ваҳдати миллӣ, Наврӯзи байналмилалӣ ва 30-юмин солгарди қабули Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олиро бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил намудем.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия тағйиротҳои кулли ба миён омаданд. Чор ҳадафе, ки дар назди Ҳукумати кишвар дар Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ гузошта шуда буд аз бумбасти коммуникатсионӣ раҳонидани кишвар, таъмини амнияти озуқаворӣ, ба даст овардани Истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат амалӣ шуда истодаанд.

Итминони комил дорем, ки ҳар фарди худогоҳ ва бо нангу номуси ноҳия ба қадри соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ, сулҳу субот ва оромии ҷомеа расида ба қадри ободонии Тоҷикистони азиз мерасад, Истиқлолият, озодии сарзамини озодро чун гавҳари бебаҳо ва неъмати азизу муқаддас эҳтиёт мекунад.

Бигзор ормонҳои волои Истиқлолият ва ҳадафҳои наҷиби созандагӣ илҳомбахши ояндаи нек ва зиндагии шоистаи мардуми мо бошанд.

Бо боварии комил гуфта метавонам, ки мардуми шарафманди ноҳия дар соли 2023 баҳри гулгулшукуфоии ватану диёри худ ва пешрафту шукуфоии зиндагии шоиста пайваста талош меварзанд.

Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи Шуморо ба фарорасии соли нави мелодии 2023 самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонаводаи сокинони ноҳия бахту иқболи нек, тандурустиву рӯзгори осуда ва ғайрати ободгариву нангу номуси ватандориро орзумандам.

Соли нави мелодӣ муборак, Ҳамдиёрони азиз!