Номаи шодбошии Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти молия

0
15

Муҳтарам кормандони мақомоти молия!

Ҳамасола дар кишвари азизамон Тоҷикистон санаи   7-уми декабр ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти молия таҷлил карда мешавад.  Ба ин муносибат тамоми кормандони мақомоти молия ва собиқадорони соҳаро  самимона ба иди касбиашон табрик намуда, барояшон сарбаландию сарфарозӣ,  тансиҳатию хонаободӣ, дастовардҳои назаррасу комёбиҳои беназир ва  саодати зиндагиро таманно дорам.

Пешвои миллат таъкид намудаанд,ки пешбурди сиёсати оқилона ва устувори молиявӣ дар тамоми давру замон омили асосии суботи давлат мебошад. Маҳз бо талошу дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулуҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар мақомоти  молия низ рушд намуда истодааст,ки ин дар таъмини назаррас дар иҷрои буҷет, сатҳи хуби хизматрасонӣ ва омода будани кадрҳои баланихтисосу лаёқатманди соҳаи мазкур мебошад. Дар ҳақиқат, саҳми кормандони мақомоти  молия дар танзим ва истифодаи босамару мақсадноки маблағҳои буҷети давлатӣ ва идоракунии низоми молиявӣ назаррас буда дар давоми 31 соли соҳибистиқлолии кишвар кормандони ин соҳа вазифаи хизматиашонро сарбаландона иҷро карда истодаанд. Аҳли кормандони молияи ноҳия низ баҳри иҷрои саривақтии буҷет ва истифодаи оқилонаи малағ ва омода намудаи кадрҳои лаёқатманд  ва дар пешрафти хоҷагии халқи ноҳия, баланд бардоштани сифати некуашволии мардум нақши худро гузошта истодаанд.

Сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои муътадил гардонидани вазъи молиявии кишвар ҷиҳати  афзоиши ҳаҷми истеҳсолот дар соҳаҳои иқтисодиёт ва устувории асъори миллӣ нигаронида шуда, ба беҳтар гардидани  сатҳи зиндагии сокинони мамлакат, мусоидат намуда истодааст.

Давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат ҷиҳати пешбурди фаъолияти кории кормандони мақомоти молияи мамлакат як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд, ки ин ҳамаи дастовардҳо аз самараи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ваҳдати комилу пояндаи мамлакат мебошад.

Бо истифода аз фурсати муносиб тамоми кормандони соҳаи молияро бори дигар ба ифтихори иди касбияшон шодбош гуфта, барояшон саломатӣ, бурдборӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзумандам.

Рӯзи кормандони мақомоти молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!