АЁДАТИ НИЁЗМАНДОНУ СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ ДАР АРАФАИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Дар арафаи иди саиди Қурбон бо дастуру ҳидоятҳоиинсондӯстона ва ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба қишри ниёзманди ҷомеа, собиқадорони меҳнат ва шахсони рӯзгордида бештар гардида, Пешвои миллат дар баромадҳои худ пайваста таъкид менамоянд, ки ғамхорӣ нисбат ба ятимону маъюбон, ниёзмандон ва собиқадорони меҳнат яке аз арзишҳои муҳими ҷомеаи башардӯсти буда, эҳтироми калонсолон ва қадршиносии хизматҳои онҳо қарзи инсонии ҳар як шахс ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ пайваста барои қадршиносии хизматҳои арзандаи ин қишри ҷомеа тадбирҳои мушаххас андешида дар арафаи ҳар иду айём ва санаҳои таърихӣ ин қишри ҷомеа ба ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд.

Бо ин мақсад, санаи 27 -уми майи соли 2026 дар рӯзи Иди саиди Қурбон Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода баҳри дидорбинӣ ва аёдати як қатор шахсони ниёзманд, собиқадорони меҳнат ва нафарони эҳтиёҷманд рафта, онҳоро бо фарорасии иди саиди Қурбон табрик намуд.

Зимни мулоқоту суҳбатҳо нахуст аз таваҷҷуҳу дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷомеа ёдовар шуда иброз дошт, ки сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат, махсусан ташаббусҳои инсонпарваронаи Пешвои миллат, ба беҳтар намудани шароити зиндагии мардум, дастгирии табақаҳои осебпазир ва баланд бардоштани мақому манзалати собиқадорони меҳнат равона гардида аёдати шахсони рӯзгордида ва дастгирии ниёзмандон яке аз суннатҳои неки миллӣ ба ҳисоб меравад. Зеро собиқадорони меҳнат бо заҳмати содиқонаи худ дар рушди ҷомеа саҳми арзишманд гузоштаанд, ки имрӯз хизматҳои онҳо ҳамеша қадршиносӣ мегардад. Ва дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ҳар як иқдоми хайрхоҳона боиси таҳкими меҳру муҳаббат ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни ҷомеа мегардад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ин амалҳои хайрхоҳонаро пайваста идома медиҳад.

Ҳамчун зимни аёдат ба оилаҳо ва шахсони ниёзманд кумакҳои моддӣ, маводи хӯрока ва туҳфаҳои идона аз ҷониби раиси ноҳия тақдим гардид. Аз ин иқдоми ғамхорона пирони рӯзгор ва қишри ниёзманди аҳолӣ хушҳол шуда, барои чунин таваҷҷуҳу ғамхорӣ изҳори сипосу қаноатмандӣ намуда барои дастгирӣ ва эҳтироми пайваста ба роҳбарияти давлату ҳукумат, хусусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, арзи миннатдорӣ намуда, барои пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва сулҳу оромии ҳамешагии кишвар дуои хайр карданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *