КӮДАКОН МЕВАИ УМРИ ИНСОН
— номаи шодбошии раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон
Кӯдакони хушбахту хуштолеъи Ватан,
Фарорасии Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро ба Шумо кӯдакону наврасон табрику муборакбод гуфта, бароятон даврони босаодати наврасӣ, осмони соф, оромию осудагӣ ва хандаи беғубори тифлиро таманно дорам
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таълиму тарбияи кӯдакону наврасон ва барои онҳо муҳайё намудани шароити мувофиқ таъкид кардаанд: «Падару модарон, масъулони таълиму тарбия, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ барои аз мактаб дур намондани фарзандон саъю талош намоянд, ба илму донишандӯзӣ ва касбу ҳунаромӯзии наврасону ҷавонон диққати махсус диҳанд. Ҳамзамон бо ин, ҳамкориро бо мактаб тақвият бахшанд ва барои таълими фарзандон тамоми шароити заруриро муҳайё намоянд».
Бояд қайд намуд, ки аввалин маротиба дар конгренсияи байналхалқии демократии федератсияи бонувон соли 1949, 1- уми июн, ҳамчун иди байналхалқии ҳифзи кӯдакон эълон гардид, ки минбаъд ин санаро дар кишварҳои мухталиф бахусус дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бо тарзу усули гуногун ҷашн мегиранд.
Санаи 1 — уми июн шодиву фараҳи кӯдаконро ҳадду канор нест, зеро дар ин рӯзҳои наздик онҳо ба таътили тобистона мебароянд ва дар муддати 3 моҳ ба бозиҳои варзишӣ машғул мешаванд.
Барои ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон дар кишвари мо чораҳои судманд амалӣ шуда, барои беҳдошти ҳаёти кӯдакони ятиму бепарастор таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мегардад. Ҳар сол дар арафаи ҷашнҳои таърихӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои ятимони кулл ёрии яквақтаи моддӣ расонида мешавад.
Арзишҳои бойи фарҳангию таърихии миллати тоҷик дар тули ҳазорсолаҳо аз ҷониби аҷдодони мо офарида шудаанд пояи устувори боэътимодест, ки ба ташаккули ҳаёт ва таълиму тарбияи кӯдакон мусоидат мекунад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои таҳти ғамхории доимӣ фаро гирифтан ва фароҳам овардани тамоми шароитҳои зарурии вобаста ба омӯзишу парвариши кӯдакони синни то мактабӣ ва мактабӣ ва ҳамчунин дар оянда идома ёфтани таҳсили онҳо дар муассисаҳои миёна ва Олии кишвар таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд.
Азнавсозӣ, таъмиру тармим ва сохтмони муассисаҳои мактабӣ ва то мактабӣ дар ноҳия баёнгари он аст, ки насли ояндасоз ҳамеша мавриди ғамхории давлату ҳукумат қарор доранд.
Дар партави сиёсати инсондӯстонаи Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари азизамон ба тарбияи кӯдак ва ташаккули тарзи ҳаёти солими насли наврас, таълиму тарбияи онҳо аҳамияти махсус дода мешавад, зеро рушди минбаъдаи ҷомеа маҳз ба тарбияи дурусти кӯдакону наврасон вобаста мебошад.
Бо ин маънӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки кӯдакон ояндаи осудаву ободии ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангӯлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад.
Ҳадаф аз таҷлили ин ҷашн пеш аз ҳама, ҷалби аҳли башар баҳри ҳалли муаммоҳои кӯдакон, ғамхори нисбати онҳо, муҳайё намудани шароити мувофиқи зиндагӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ва таълиму тарбия мебошад.
Арзишҳои бойи фарҳангию таърихии миллати тоҷик дар тули ҳазорсолаҳо аз ҷониби аҷдодони мо офарида шудаанд пояи устувори боэътимодест, ки ба ташаккули ҳаёт ва таълиму тарбияи кӯдакон мусоидат мекунад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак” падару модарон ва аҳли ҷомеаро вазифадор намудааст, ки бобати фароҳам овардани шароити арзанда барои ташаккули ақлию зеҳнӣ ва ҷисмонии кӯдакон бештар масъулиятшинос бошанд ва кӯдаконро дар рӯҳияи дустории Ватан тарбия намоянд.
Бори дигар фарзандону дӯстони хурдсолро дар ин Рӯзи муборак табрик намуда, таманнои онро дорам, ки ҳамеша хушбахту сарбаланд бошанд, ҳамчун шахсони бо нангу номус, бофарҳангу бо адаб ва арзандаи миллат ба воя расанд.
Бигзор ҳамеша дар лаби кӯдакон ханда ҳувайдо, чеҳраҳои онҳо дурахшон ва дилашон саршор аз меҳру саодати зиндагӣ бошад.
Ид муборак, фарзандони азиз!

