НОМАИ ШОДБОШИИ РАИСИ НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ БОБОЗОДА ХАЙРУЛЛО БАХШИДА БА ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Ҳамдиёрони азиз

Сокинони шарафманди ноҳия

Фарорасии Иди саиди Қурбонро ба сокинони сарбаланди ноҳия самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон сиҳату саломатӣ, рӯзгори орому осуда, дастархони пурфайзу баракат, хотирҷамъию саодати зиндагӣ ва ба Ватани азизамон Тоҷикистони биҳиштосо пешрафту ободкориҳо таманно менамоям.

Мардуми шарафманди кишварамон, аз ҷумла сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар рӯзҳои мубораки Иди Қурбон суннату ойинҳои неки аҷдодӣ, аз ҷумла амалҳои хайру саховат ва бахшандагиро боз ҳам вусъат мебахшанд.

Боиси таъкид аст, ки Иди саиди Қурбон дар баробари дигар ҷашну маросими таърихӣ, миллӣ ва динии мардуми тамаддунофари мо, маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ шукӯҳи тоза касб намуда, арзишҳои қаблии худро эҳё намуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба унсурҳои неки инсондӯстонаи Иди Қурбон, ки давоми асрҳо ҳамчун анъана то замони мо расидааст барҳақ таъкид намудаанд: «Дар баробари дури ҷустан аз аъмоли носавобу номатлуб ва талқини амалҳои хайру савоб, аз аҳволи наздикон бохабар будан, махсусан аёдати беморону ниёзмандон, кӯмак ба ятимону маъюбон, ба дидори падару модарон шитофтан, дили инсонеро ба даст овардан, ятимеро навозиш кардан ва ба муҳтоҷе дасти кӯмак дароз кардан аз фазилатҳои неки инсонӣ ва таомули писандидаи мардуми мо дар ин рӯз мебошад».

Аз ин лиҳоз ба ҳамдигар дасти хайру саховат дароз кардан, дастгирии ниёзмандон, ятимону маъюбон, зиёрати оромгоҳҳо, поси хотири гузаштагон ва муҳимтар аз ҳама хайру эҳсон намудан чун беҳтарин суннатҳои Иди саиди Қурбон дар мустаҳкам гардидани дӯстӣ, меҳру муҳаббати байни инсонҳо, рушду ободии Ватан ва осоиши ҳар хонадон ниҳоят муҳим мебошад.

Бахусус дар шароити имрӯзаи буҳронҳои сиёсию маънавии ҷомеа, низоъҳои минтақавӣ ва болоравии нархи маҳсулотҳо бо истифода аз ин фарҳанги бузург ва риояи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим» мо бояд пеши роҳи ҳама гуна исрофкориву зиёдаравиро гирем ва бо истифода аз ҳикмати ободкории гузаштагон тамоми неруи худро ба таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва бунёдкориву созандагӣ равона намоем.

Боварии комил дорам, ки сокинони шарафманди ноҳия таҳти сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳлона кору фаъолият намуда, барои бо дастовардҳои шоиста пешвоз гирифтани ҷашни муқаддаси 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саъю талош меварзанд.

Дар охир бо чунин таманниёти нек бори дигар, фарорасии Иди саиди Қурбонро ба кулли сокинони ноҳия самимона шодбош гуфта, пеш аз ҳама сиҳату саломатӣ, сарбаландӣ, ризқу рӯзии фаровон, рӯзгори хурраму осуда ва саодати ҷовидонӣ орзу менамоям.

Иди саиди Қурбон муборак, ҳамдиёрони азиз!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *