РИОЯИ ҚОНУНИ ТАНЗИМ САРФАҶУИ ДАР ҲАР ЯК ОИЛА

Идомаи баргузории мулоқоту вохӯриҳо бо аҳолӣ

Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони мастчоҳ оид ба баргузории сӯҳбату мулоқот бо аҳолӣ имрӯз санаи 02 январи соли 2026 чунин вохӯрӣ бо сокинони деҳаи Оббурдон, Ҷамоати деҳоти ба номи Иван-тоҷик баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъулин дар самти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» риояи ҳатмии қонуни танзим дар тӯю маъракаҳои баргузор гардида, пешгирии аз ҳаргуна зуҳуроти номатлуб ба хусус эктремизм ва терроризм, истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, посдории арзишҳои миллӣ, ҳифзи истиқлоли давлатӣ, ҷалби аҳоли ба корҳои ободонию созандагӣ, захираи маводи озуқаворӣ ва дигар масъалаҳои заруриро таҳлилу баррасӣ намуданд.

Чунин вохӯриву мулоқотҳо дар ҳамаи деҳоти ноҳия ба нақша гирифта шуда минбаъд низ идома меёбад «Паёми Кӯҳистон»

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *