«ФАРҲАНГИ СУМАНАКПАЗӢ». Ин таоми миллӣ хусусияти табобатӣ низ дорад

Санаи 10 декабр зимни иҷлосияи 20-уми Кумитаи байниҳукуматии мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО дар шаҳри Деҳлии Нав номинатсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Фарҳанги суманакпазӣ» ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид. Суманак аз дигар таомҳои наврӯзӣ чӣ фарқ дорад ва чаро он байни мардуми тоҷик ва минтақа маъмул аст? АМИТ «Ховар» ин мавзуъро шарҳ медиҳад.

Суманак дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон маъмул буда, ҳамчун рамзи сарсабзӣ ва хуррамӣ асосан дар ҷашни Наврӯз омода карда мешавад. Суманак инчунин ифодагари пайдо шудани заминдорӣ ва кишоварзӣ дар байни қабилаҳои ориёӣ буда, муносибату муҳаббати деҳқонро ба гандум, ки ризқу рӯзии одам аст, ифода менамояд. Дар зарфи гирд омода кардани суманак рамзи коиноту Замин буда, ҷовидонагии табиату инсонро тасвир месозад.

Бояд гуфт, ки табибон дар бораи хусусиятҳои табобатии суманак андешаҳои зиёд доранд. Аз ҷумла, онҳо таъкид менамоянд, ки дар таркиби суманак витаминҳои Е (ба унвони антиоксидони қавӣ ва беасаркунандаи радикалҳои озод дар бадан) ва навъҳои гуногуни витамини В мавҷуданд, ки масрафи он зимни бо каллория таъмин намудан барои ҳифзи ҷавонӣ ва саломатӣ низ тавсия мешавад. Он ҳамчунин барои таскини асабҳо, тақвияти неруи биноӣ ва пешгирӣ аз хасташавӣ мусоидат мекунад.

Ҳамчунин олимон дар таркиби майсаи гандум 18 аминокислота, витаминҳо (В1, В2, В3, В5, В6, РР, Е, F), микроэлементҳо ва моддаҳои минералӣ (фосфор, калий, магний, сулфур, калсий, хлор, натрий, манган, руҳ, молибден ва ғайра)-ро пайдо кардаанд, ки барои организм ниҳоят зарур мебошанд. Дар таркиби майсаи гандум ҳамчунин витамини С, клетчатка, гемотселлюлоза ва пектинҳо вуҷуд доранд, ки коҳиши онҳо дар организм сабаби ихтилоли фаъолияти аъзои гувориш (ҳозима) мегардад.

Бинобар ин, суманак барои муолиҷаи дисбактериоз, атеросклероз ва бемории санги талхадон аҳамияти калон дорад. Истеъмоли суманак барои рафъи фарбеҳӣ ва пешгирии диабети қанд низ муҳим аст. Дар мавриди мунтазам истифода намудани суманак иммунитет тақвият ёфта, организм ба таъсироти бемориҳо тобовар мегардад, мубодилаи моддаҳо ба низом омада, фаъолияти дилу рагҳо, силсилаи устухон, асаб, аъзои таносул ва ғадуди сипаршакл беҳтар мешавад. Он ба бемориҳои экзема ва реши меъда шифо мебахшад, босираро қавӣ ва сабзиши мӯйро барқарор менамояд, хунро тоза карда, ба ҳосил шудани гемоглобин кумак мерасонад, авитаминоз, камхунӣ ва пирии бармаҳалро пешгирӣ мекунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *