АЗ КОНИБОДОМ БА КӮҲИСТОН КӮМАКИ МОЛӢ РАСИД

0
33

Имрӯз 29-марти соли 2023 аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ба зарардидагони зилзила дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ кӯмакҳои молӣ аз қабили масолеҳи сохтмонӣ аз ҷумла семент оварда шуд. Ин иқдоми хайрхоҳона пас аз рух додани зилзилаи харобиовар, ки ҳанӯз санаи 23- марти соли равон рух дод, рӯи даст гирифта шудааст. Мардуми Кӯҳистони Мастчоҳ ин иқдоми хайрхоҳонаи мардуми шаҳри Конибодомро ниҳояти дӯстӣ ва арзи эҳтиром самимият маънидод карда, бобати чунин ёрии моддӣ изҳори сипос менамоянд.

Бояд қайд кард, ки бар асари зилзила дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аниқтараш чанде аз деҳаҳои ҳудуди ҷамоати деҳоти Лангар осеб дида дар натиҷа қисме аз хонаҳо, иншоотҳои ёрирасон, оғилхонаҳо хароб гаштанд.

Бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат муҳтарам Қоҳир Расулзода Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис ёфта, ҷиҳати бартарафсозии оқибатҳои зилзила кор ба таври бояду шояд шурӯъ шуд. Дар ин рӯзҳои мушкил дигар шаҳру навоҳии мамлакат низ бе батараф набуда то имрӯз мунтазам ёрии худро расониданд.

Аз ҷумла нахустин шуда ноҳия Айнӣ кумаки молии хешро аз қабили хӯрока дастрас кард. Сипас ноҳияи Масчоҳ, шаҳри Панҷакент, шаҳри Истаравшан, шаҳри Конибодом ва ноҳияи Шаҳристон кӯмакҳои худро аз қабили маводи хӯрока, масолеҳи гуногуни сохтмонӣ барои зарардидагони офати табии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ расониданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва сокинону бошандагони ноҳия ба хусус зарардидагони зилзила, ба кулли ҳамватанон ҳамдиёрон ва бошандагони шаҳру навоҳии вилоят, ки дар ин рӯзҳои мушкил ёрии хешро расониданд бо эҳтиром ва самимияти хос изҳори сипос менамоянд.